САФАРЕ БАРОИ ОБОДӢ ВА РАФЪИ КАМБУДУ МУШКИЛОТ
Дар ҳадисҳои Расули акрам ( с ) адолати подшоҳ ва манфаати сафар башорат дода шудааст, ки ин яке аз сифатҳои Пешвои миллат мебошад.
Ба тамоми мардуми олам, аз он ҷумла ба сокинони Тоҷикистон маълум аст, ки дар амалӣ кардани сиёсати оқилона ва халқпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарҳои доимии Роҳбари давлат ба манотиқи кишвар дар мадди аввал меистад, ки ҳар сол қариб дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар бо мардум суҳбату мулоқот намуда, аз аҳволи мардуми оддӣ бохабар мешаванд ва бо шарофатии ин сафарҳо ҳамон шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо обод мешаванд.
Ҳафтаи гузашта сафари кории Ҷаноби Олӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сурат гирифт.
Чунонки аз намоишҳои телевизион оид ба ин сафар мушоҳида кардем, дар ноҳияи Мурғоб барф меборид, чархболҳо аз дохили кӯҳу дара, шамоли сахти хавфноку барфи зиёд паровоз мекард, аммо Ҷаноби Олӣ ба ин мушкилиҳои боду ҳавои номусоид нигоҳ накарда, аз ноҳияи Ванч то ноҳияи Мурғоб ба назди халқ рафта, бо мардум суҳбату мулоқот намуданд, ки ин адолати халқпарварона ва махсус аломати меҳру муҳаббати Роҳбари давлат нисбат ба халқи Бадахшон аст.
Пешвои миллат дар давоми сафар аз иншоотҳои ҳаётан муҳим, ки бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумхурӣ дар шаҳру ноҳияҳои ин Вилоят сохта шудааст, дидан намуда, бо қалби саршор аз хурсандӣ дар назди халқ сухан мекарданд,ҳамчун падари меҳрубон ва Пешвои миллат мардумро насиҳат мекарданд, аз дастовардҳои вилоят бо муҳаббат сухан мекарданд. Албатта дар давоми суханронии худ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва бемасъулиятии баъзе масъулон ҳақиқати ҳолро мегуфтанд, ки ин ҳам адолат буд. Афсӯс, баъзе васоити ахбор ин дилсӯзии Ҷаноби Олиро аз рӯи ғараз бо шарҳу тавзеҳи нодуруст талқин карданд, ки ин аз рӯи инсоф нест.
Бо таваҷҷуҳ ба баъзе рӯзноманигорони дурӯғнигор ва гурӯҳҳои манфиатҷӯ гуфтаниам, ки дини мо аз мо тақозо дорад, ки мо касе ки набошем, дар куҷое кор накунем, бояд ҳақиқатро гӯем, ки роҳбари давлат, Ҷаноби Олӣ шабу рӯз барои сарбаландии миллат заҳмат мекашанд ва барои ободии кишвар ба вилоятҳо сафар мекунанд, аз ҷумла сафарашон ба вилояти Бадахшон як сафари мубораке буд, ки мо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва васоити ахбори умум бохабар мешудем,мушоҳида мекардем ва дасти дуо бардошта дар ҳаққи халқу мамлакат ва Пешвои миллат дуои хайр мекардем.
ҲОҶӢ ҲУСАЙН МӮСОЗОДА,
сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ш. Хуҷанд.
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар