ҶОРӢ НАМУДАНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР БАДАХШОН ТАСМИМИ САРИВАҚТИСТ
Тақозо кардани Пешвои миллат аз мақомоти дахлдор, ки ҳарчи зудтар бояд тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҷорӣ карда шавад, саривақтӣ мебошад. Дар ин тақозои Пешвои миллат аз мақомоти дахлдор ягон навъ “ҷанг алайҳи мардуми Бадахшон”, ки баъзан бо хусумат ва ба хотири иғвоангезӣ дар матбуот талаққӣ мешавад, пешбинӣ нашудааст. Зеро Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҷузъи ҷудонашавандаи Тоҷикистон буда, ҳуқуқу озодиҳои сокинони ин гӯшаи Ватан бо ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандон баробар арзёбӣ гардидааст. Балки дар ин тасмими роҳбарияти давлат гирифтани пеши роҳи ҷинояткориҳо мақсад қарор дода шудааст. Зеро соли гузашта дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон садҳо яроқу аслиҳаи оташфишон аз ҷинояткорони маҳаллӣ рӯёнида шуд, ки худ гувоҳи ҳанӯз ба тартиб наомадани вазъи иҷтимоъӣ дар ҳудуди ин вилоят мебошад. Гузашта аз ин, вилояти мазкур бо сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки солҳои охир задухӯрдҳои мусаллаҳона фазои онро ноором сохтааст, зиёда аз 800 км ҳамҷаворӣ дорад, ки хоҳ нохоҳ вазъи он зери таъсири вазъи кивари ҳамсоя қарор мегирад.
Бояд ёдовар шуд, ки банда ду ҳафта қабл бо сафари корӣ дар ин вилоят қарор доштам. Бо шарофати истиқлолият ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат дар ин минтақа як қатор иншоотҳои маишиву саноатӣ қомат афрохтааст ва роҳҳои мошингард таъмиру азнавсозӣ гардидаанд, ки ин ҳама аз ғамхориҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба мардуми Бадахшон мебошад. Аз ин хотир, мардуми шарифи Бадахшонро мебояд ба ҳар гуна овозаву дасисаҳои бадкорон дода нашуда, шукронаи ин неъматҳои илоҳиро ба ҷо оранд ва дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ шуда, барои боз ҳам ободу зебо гаштани диёрашон ва пойдории амну субот дар минтақа камари ҳиммат банданд.
Беҳрӯз Сатторов,
имомхатиби масҷиди ҷомеи марказии ш. Душанбе
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар