Фитнаангезии муздурону ғуломони хоҷагони хориҷӣ
Дар шароити феълии раванди ҷаҳонишавӣ, ки баъзан аз сабаби буҳронҳои амиқи идеологӣ истиқлолияти иддае аз кишварҳо зери хатар қарор дорад, ҳар як фарди ҷомеаи моро зарур аст, ки ҳамеша бо соҳибватан будан ифтихор намояд ва ин ифтихорро бо кору амали худ дар роҳи бунёди фардои ободу дурахшони Ватан собит созад. Дар ҷаҳони муосир мо шоҳиди он ҳастем, ки иғвогарону туҳмагарону чилдурӯғон барои хизмат кардан ба хоҷагони хориҷии худ аз миллату ватану падару модари худ гузаштаанд. Чашмони онҳо ба ҷуз манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шахсии худ чизи дигареро намебинад.
Имрӯзҳо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди он ҳастем, ки иддае аз миллатфурӯшон ба иғвоангезӣ миёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул ҳастанд. Махсусан, чунин дасисаангезиҳо аз ҷониби Алим Шерзамонову ӯ барин ватанфурӯшони миллатбезор дар робита ба тасмими таъмини волоияти қонун дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бештар ба чашм мехӯрад. Онҳо бо ин амали худ мехоҳанд фитнаҳои гуногунро миёни аҳолӣ барпо намоянд. Аммо мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоссатан халқи Бадахшон хуб нақшаи душманони миллатро дарк кардаанд ва намегузоранд, шахсе ё гурӯҳе аз номи Бадахшони сарбаланд суиистифода кунад.
Пешвои миллат дар суханрониҳои худ зимни сафари корӣ ба ВМКБ иброз доштан, ки даврони истиқлолият арзишҳои зиёдеро барои мардуми манотиқи гуногуни кишвар, махсусан Бадахшон ба бор овардааст. Аз тарафи дигар баромади Пешвои миллат собит сохт, ҳанӯз дар баъзе ҳолатҳо дар ҷомеаи Бадахшон волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба таври зарурӣ таъмин нест, ки ин вазъ ислоҳи саривақтиро тақозо мекунад.
Пешвои миллат Бадахшонро бори дигар “Дарвозаи тиллоии Ҷумҳурии Тоҷикистон” номидаанд. Ин сухан маънои онро дорад, ки мардуми ВМКБ ҳамеша дар зери сарпарастию ғамхории давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Имрӯзҳо мо ба воситаи васоити ахбори омма шоҳиди он ҳастем, ки мардуми ВМКБ аз сафари кории Пешвои миллат хушҳолу хушнуд гаштанд. Зеро дар ҳошияи ин сафари худ Пешвои миллат як қатор иншоотҳои замонавӣ ва манфиатовар барои аҳолии ин вилоятро ифтитоҳ намуданд.
Қайд кардан зарур, аст, ки шахсоне, ки аз таърих огоҳ ҳастанд, хуб медонанд, ки аз қадимулайём то ин ҷониб мардуми ВМКБ бо мардуми дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар сулҳу суботу меҳру муҳаббату осоиштагӣ зиндаги намуда, ин меҳру муҳаббат ва робитаи қавӣ рӯз то рӯз тақвият ёфта, ҳеҷ вақт ва ҳеҷ гоҳ аз байн нахоҳад рафт. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки душманони миллат ба мақсад нахоҳанд расид. Имрӯз баъзе аз ватанфурӯшон ҳар гунка суханҳои беасосро дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи мардуми ин вилоят паҳн карда истодаанд, ки дар ниҳоят мақсади онҳо ба ҳамагон маълум аст.
Ҳар як соҳибақлро зарур аст, ки аз ҳодисаҳои таърихӣ дарси ибрат биомӯзад ва фирефтаи суханҳои муздурону ғуломони хоҷагони беруна нагардад. Зеро фирефтаи сухани онҳо шудан барои ҳар як фарди Ҷумҳурии Тоҷикистон зарарҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва моддию маънавӣ дорад. Таъкиди бамавриди Пешвои миллатро зарур аст, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳамеша дар ёд дошта бошанд ва ҳеҷ гоҳ онро фаромуш насозанд. Чунончи Пешвои миллати мо борҳои таъкид доштаанд, ки «Ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надодиҳед». Зеро шахсони ҷоҳил ҳамеша барои худ ва барои дигарон ба ҷуз мушкилот чизи дигаре наметавонанд эҷод намоянд.
Аз тарафи дигар ба ҳамагон маълум аст, ки танҳо бо ҳифзи сулҳу субот ва амнияти кишвари азизамон мо метавонем ба ҳадафҳои гуногунҷанбаи худ бирасем. Танҳо дар асоси сулҳу осоиштагӣ мо метавонем соҳиби зиндагонии шоиста гардем. Бешак имрӯза ҳодисаҳое, ки дар баъзан кишварҳои арабӣ рух додааст, метавонад барои ҳар як соҳибхираду соҳибмаърифат дарси ибрат бошад. Мо-тоҷикистониён низ бо такя ба осори бузургони миллат ҳар гуна фитнаву дурӯғу ҷангу ҷидолро маҳкум карда, онро мавриди мазаммат қарор медиҳем.
Муслиҳиддин Хоҷамиров,
мутахассиси пешбари Кумита
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар