Асосӣ Мақолаҳо Ниқоби дигаре дар рӯи наҳзати хиёнаткор

Ниқоби дигаре дар рӯи наҳзати хиёнаткор

Ниқоби дигаре дар рӯи наҳзати хиёнаткор
2018-10-12
2533

Пас аз соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ шаҳрвандон ба ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ ихтиёриву хайриихтиёрӣ шомил мешуданд. Дар асл ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ мебоист ба манфиати халқ, давлату миллат хизмат мекарданд. Махсусан, ҳизби ҳамакнун экстремистию террористии наҳзати ислом. Сардорони ин ҳизби экстремистию террористӣ, ки худро “хизматгори халқи Худо ва дини Худо” меномиданд,  дере нагузашта, ҳадаф ва мақсади рўйпўши онҳо дар асл намоён шуд. Намояндагони ин ҳизби террористӣ ба ҷиноятҳое даст заданд, ки оқибат ба нафрати халқи Худо гирифтор шуданд. Ҳатто аъзоёни фаъоли ин ҳизб, кўшиш карданд, ки сохти конститутсионии давлатро сарнагун созанд.

Пуштибониву маблағгузорӣ ва ҳимоятҳои пайвастаи хоҷагони хориҷиашон ҳам онҳоро дар назари халқи бузурги тоҷик маҳбуб карда натавонист. Чунки офтобро бо доман пўшида намешавад. Ҳама хиёнату душмани халқу миллат будани ин ҳизби хиёнаткорро баъди қатли шахсиятҳои маъруфи кишвар, олимону донишмандон, ходимони давлатию ҷамъиятӣ, докторону профессорон бевосита эҳсос кард.

Маълум аст, ки ТЭТ ҲНИ барои ба мақсади нопоки худ расидан тамоми усулу воситаҳои тундгароӣ ва терроризмро истифода бурда, фарзандони беҳтарини миллати тоҷикро ба қатл расонид. Яке аз охирин ҷинояти нобахшидании ин ташкилоти террористӣ ин ба куштори сайёҳони хориҷӣ даст задани онҳо мебошад.

Аммо мутаассифона на ҳамаи кишварҳою созмонҳои байналмилал дар шинохти ифроту террор назар ягона доранд. Мисоли ин ба анҷумани навбатии САҲА роҳ ёфтан ва ба ном гурўҳи мухолиф ва “эътилоф”таъсис додани ТЭТ ҲНИ мебошад. Маълум аст, ки бо истифода аз “Паймони миллии Тоҷикистон” боз ҳамин шахсиятҳои ватанфурўш мехоҳанд, мардуми шарифи Тоҷикистонро гумроҳ созанд. Хоинони давлату миллат гарчанде ниқоби дигар бар рўй карда бошанд, ҳамон душманону хиёнаткорон боқӣ мемонанд. Хиёнаткорӣ, ифротгароӣ, беандешагии онҳо, амалҳои террористии онҳо дар назари одамон ба хубӣ маълум аст.

Бинобар ин, амалҳои хоинонаи онҳоро тамоми мардуми тоҷик маҳкум намуда, дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид шуда нагузорем, ки ин душманони миллат ватани азизу гулгулшукуфои моро ноором кунанд, зеро пешрафту тараққиёт, ояндаи неки фарзандон аз осмони софу беғубор, фазои амну офият иборат аст.

Юсуфҷон Баротов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи “Ихлос”-и шаҳри Хуҷанд

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:44
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар