Асосӣ Мақолаҳо Мусоидат барои ободии Бадахшон вазифаи имонии ҳар як сокини сарбаланди он аст

Мусоидат барои ободии Бадахшон вазифаи имонии ҳар як сокини сарбаланди он аст

Мусоидат барои ободии Бадахшон вазифаи имонии ҳар як сокини сарбаланди он аст
2018-10-16
2474

Мо бо забон, бо дил ва бо амал ҳар лаҳза шукр менамоем, ки ин қадар пешравиҳо, баракату эҳсонро Худованд бароямон арзонӣ дошта истодааст. Шукрона, ки имрӯз аз Роҳбари Давлат то масъулини дигар кӯшиш доранд, ки зиндагонии мардум боз ҳам беҳтару хубтар гардад. Имрӯз шукр мекунем, ки бо иқдомҳои пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як Ватани тинҷу обод дорем, ки мардумонаш серу пур ва осудаҳолона зиндагӣ доранд...

Онҳое андеша доранд, ки касе соҳибвазифа ҳаст, анҷом додани корҳои ободиву бунёдкорӣ ҳаққи ҳамонҳост, албата чунин суханон комилан ғалатанд. Ҳатто нафаре, ки бо амал хизмат карда наметавонад, бояд ба забон дуогӯ бошад ва дар дил гумонҳои некро гузаронад, албатта ин аз гӯшаи имону имондорӣ ва пешравиҳову бунёдкориҳост!

Яке аз ташаббусҳои неке, ки ахиран Пешвои миллати мо ба он иқдом намуданд, ин таъмини ҳамаҷонибаи тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун дар ВМКБ мебошад. Аммо ин тасмим аз сӯи чанд балвогари наҳзативу ба ном мухолифин ба таври комилан дигар инъикос мешавад. Онҳо ҷонибдоранд, ки аз ин тасмими мауомоти Тоҷикистон фитнаангезӣ карда, кишвари ороми моро дубора ба гирдоби бесарусомонӣ кашанд. Мо, ки шаҳди ҷанги шаҳрвандиро чашидаем, пай бурдаем, ки хоҷагони хориҷӣ чӣ гуна тавассути як гурӯҳ камхирадон моро ба чи аҳвол оварда расонида буданд. Худованд ҳеҷ гоҳ он рӯзҳои сияҳро ба болоямон наорад.

Мо набояд барои худ, балки барои дигарон биандешем. Дар ҳадиси худ Паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Мусулмони асил онест, ки ғами дигаронро хӯрад, аз мушкилоти худаш дида, мушкилоти дигаронро сахттар эҳсос намояд».

Он интиқоди шадиде, ки Роҳбари давлат аз мақомоти Бадахшон ба хотири таъмин набудани суботи ҷамъиятӣ карданд, ин ғамхорӣ барои худи мардуми Бадахшон буд. Аз тамоми бародарони бадахшонӣ, ки дар ростои онҳо гумони нек доранд ва эҳтиром мегузоранд, инчунин ба халифаҳо ва нафароне, ки сухани онҳоро дар ин минтақа таъсир мерасонад, гуфтаниям, ки дар ҳар дину оин новобаста аз ҳар равияе, ки ба дини ислом вобастагӣ дорад, ё на, хайрхоҳӣ, ободонӣ, ободкунӣ, дӯстдорӣ, меҳру муҳаббат дар мадди аввал меистад. Аз ин рӯ, камбудиҳое, ки дар рафтору кирдори баъзе аз ҷавонон аст, он бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ бартараф карда шаванд. Лиҳозо, аз ҳамаи халифаҳо, аҳли зиё даъват ба амал меорам, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори ҳамешагии худ қарор дода, ба азму иродаи қавӣ мулкро ободу зебо намоем.

Бинобар ин, аз ҳамаи халифаҳои Бадахшон хоҳиш дорам, аз гуфтаҳои Қуръону ҳадис дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд. Сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро дастгирӣ ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ ҳидоят намоянд. Нагузоранд, ки бегонагон низоми сиёсии моро халалдор кунанд.

Агар солҳои пешинро бо имрӯз муқоиса намоем, мебинем, ки дар Бадахшон чӣ заҳмату меҳнати зиёде ба сомон расонида шудааст, чӣ қадар биноҳои наву замонавӣ қомат афрохтаанд. Биёед ба қадри ин заҳмату талошҳои Пешвои миллатамон бирасем. Зеро Тоҷикистон хонаи ҳар кадоми мову шумост, ҳифзу ҳимоя, ободию дӯстдориаш ҳам қарз асту ҳам фарз. Аз кулли диндорон, халифаҳои бадахшӣ, бахусус, аҳли зиё даъват менамоям, ки баҳри амну субот дар Бадахшон саҳми арзандаи худро гузоранд. На ин ки мардуми Бадахшон, балки тамоми минтақаҳои Тоҷикистон бояд тинҷу обод ва мардумонашон дар зери ливои сулҳ ва ҳамбастагӣ осудаҳолона умр ба сар баранд.

Ҳоҷӣ Саидҳомид НИЁЗОВ

имомхатиби масҷиди ҷомеи

ба номи Имом Бухории н. Мастчоҳ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:44
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар