Бетарафӣ бешарафӣ аст
Рӯзи 15 сентябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари худ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мулоқот бо мардум дар шаҳри Хорӯғ дилсузона барои тартиботи ҷамьиятӣ, амнияти мардуми вилоят сухан карда, дастуру супоришҳои одилона доданд, то мушкилоти ҷойдошта ҳарчи зудтар бартараф гардад. Аз ҷумла талаб намуданд, ки нафароне, ки дар даст силоҳи ғайриқонунӣ доранд, бо ихтиёри худ супоранд, дар байни мардум гурӯҳҳои ҷинояткор амал накунанд, ба мақомотҳо барои таьмини амнияти вилоят супоришҳо доданд. Албатта ин суханони падаронаи Ҷаноби Олӣ ба манфаати тамоми сокинони вилояти Бадахшон, аз ҷумла ходимони дин, яъне халифаҳо буд.
Афсӯс, аз рӯи изҳороти Ситоди ташкил шуда маълум шуд, ки то ҳол гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ вуҷуд доранд, масъалаи яроқу маводи мухаддир то интиҳо ҳалли худро наёфтааст. Ҳатто иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМБК дар суханронии худ бо ширкаткунандагони Ситоди амниятӣ 16 октябр ин камбудиҳоро рӯирост бо овардани номи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ном ба ном баён намудааст ва дар суханрониаш дуруст қайд карда аст, ки: "Ҳоло солҳои ҷанги шаҳрвандӣ нест, ки ду-се автоматбадаст ҳамаро тарсонаду мардуми бегуноҳро ба моҷаро кашад ва беҷазо монад".
Дар хақиқат вақте ки дар минтақа гурӯҳи ҷинояткор бошад, мардуми ин диёр ором намемонад. Дар дасти шахсони алоҳида силоҳи ғайриқонунӣ бошад, хавфу хатари зиёд дорад. Вақте ки маводи мухаддир ривоҷ меёбад, ба ҳаёти мардум таҳдид мекунад.
Аммо сад афсӯс, ки баъзе нафарон имрӯз ба ҷои ватанро обод кардан, дар пайи вайронӣ мекӯшанд,монеи ҷамъи силоҳ мешаванд, ё аз хориҷи кишвар истода монанди хоини ватан Алим Шерзамонов ҳамроҳи ҳизби хиёнаткори Наҳзат, ки имрӯз табдили ном кардааст, худро ғамхори мардуми Бадахшон нишон дода фитнаангезӣ мекунанд. Дар соҳаи дину мазҳаб он дастовардҳое, ки дар Тоҷикистон аст, нодида мегиранд.
Дар ин ҷода узви Шӯрои имомати Исмоилия дар ВМКБ Парвонаи Фаррухзод дуруст гуфтааст: "Ягона давлате, ки пайравони мазҳаби Исмоилия расму русуми худро оромона анҷом медиҳанд, ин Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Аз ин рӯ ҳамчун намояндаи мазҳабӣ бар гарданамон фарз аст, ки шукрона ба ҷо орем".
Дар ҳақиқат аз нигоҳи дини мубини ислом шукри неъмати истиқлол ва пеши роҳи ҷинояту ҷинояткорро гирифтан воҷиб мебошад, ҳар касе агар бетарафӣ кунад, гунаҳкори азим мешавад,зеро бетарафӣ бешарафӣ аст.
Имрӯз халифаҳои муҳтарам бояд дар пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, аз дасти афрод гирифтани яроқу аслиҳа ва пешгирӣ кардани гардиши маводи мухаддир фаъол бошанд, аз нигоҳи арзишҳои миллӣ ва таълимоти дини ислом ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят кунанд, дар ҳаққи халқу мамлакат дуо кунанд.
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода,
сархатиби масҷиди ҷомеи марказии Шайх Маслиҳатдини ш. Хуҷанд
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар