Побанди хурофот набошем!
Дар таърихи чандҳазорсолаи башарият ҳамроҳи ақидаи поки инсонӣ маҷмӯъи ақидаҳои беаслу ботил, хилофи мантиқу шариат ба вуҷуд омада, мардуми авомро гумроҳ кардаанд, ки ин падидаи номатлубро хурофот меноманд.
Хурофот ин расму одатҳои зараровар, андешаҳои авомфиребона,тақлиди кӯркӯрона ва решааш ҷаҳлу нодонӣ аст.
Новобаста аз он ки мо дар асри 21-ум қарор дорем, ва ин қарн қарни рушди илму технология навин аст, мутаассифона, ҳанӯз ҳам хурофотпарастӣ дар байни мардуми мо зиёд аст. Касоне, ки ба хурофот боварӣ доранд, аз зарарҳову оқибатҳои он бехабар ҳастанд ва дар як замон баъзеи ин умури ботилро аз таълимоти шариати ислом мешуморанд.
Дар ҳоле ки хурофотпарастӣ аз нигоҳи таълимоти дини ислом маҳкум карда мешавад, зеро ҳар феълу атворе, ки хилофи ақл бошаду пояи илмӣ надошта бошад, мавриди мазаммат қарор мегирад ва бовар кардан ба ҳилаву найранг, тақлиди кӯркӯрона ба ақидаи динии мардум таъсири манфии худро мерасонад.
Хурофот ва хурофотпарастӣ дар диёри мо дар байни мардум кам нест, монанди наъли аспро ба дару дарвоза задан, аз пеши мошин гурба гузарад, ба тарсу ваҳм афтодан, хуни гӯсфандро ба тани бемор молидан, ба сеҳру соҳирӣ машғул шудан ва дар моҳи “Сафар” тӯй накардан, ҳамаи ин фаолияту урфу одатҳои зараровар пояи илмӣ надорад ва сабаби хаёлҳои ботил мебошад.
Аз дидгоҳи Қуръони карим ва ҳадисҳои шариф назар афканем, дар ин сарчашмаҳои муътабар ба ақлоният, тафаккур,эътиқоду иътимод даъват карда мешавад.
Ҳоло вақти он аст, ба дарки нуктае бирасем, ки воқеан рӯй овардан ба хурофот мардумро ба ҷаҳолат мебарад. Имрӯз олимон,шоирону нависандагон,ходимони дин, дар умум аҳли зиёи кишвар бояд бар зидди хурофот мубориза барем.
ХОҶӢ ҲУСАЙН МӮСОЗОДА -Сархатиби масҷиди марказии Шайх Маслиҳатдини ш. Хуҷанд
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар