Чаро тэт ҳни бояд аз номи ислом сухан накунад?
Дар ҳақиқат баъди вафоти Паямбари акрам (с) дини мубини ислом ба чанд мазҳаб, равия, фирқа ва гурўҳҳо тақсим шуд. Яке аз сабабҳои тақсим шудани дин бо истифода аз ноогоҳии мардум аз таълимоти аслӣ, ин ба даст овардани ҳокимият буд. Аслан дин новобаста аз рангу пўсту, маҳалли зисту забон, ба тамоми башарият тааллуқ дорад ва ба ҳеҷ гуна ҳизбҳои сиёсӣ эҳтиёҷ надорад. Дин ибодат аст, дин илм аст, дин шариат аст, дин фарҳанг аст, дин ин насиҳат аст.
ТЭТ ХНИ беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон амал кард. Соли 1992 ҷанги таҳмилӣ ва шаҳрвандӣ Тоҷикистонро фаро гирифт. ТЭТ ХНИТ асосгузори ин ҷанги таҳмилӣ ва шаҳрвандӣ буд ва бо ишораю сохтани “давлати исломӣ” валекин бо мақсаду нияти зиддиисломӣ, аз ноогоҳии ақидаю дониши динии мардум истифода бурда вориди майдон гашт ва мардумро ба ду гурўҳи мухолиф ҷудо кард. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ, яъне таҳмил намудани мазҳаби бегонаи вайрон ва бунёди давлати исломӣ ба ин даргириҳою ҷанги шаҳрвандӣ равған рехтанд. Аҳли тамоми ҷаҳон, хоссатан халқи бо нангу номуси тоҷик шоҳиди он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани сулҳу амонӣ дар кишварамон аз ҳама воситаҳою имкониятҳо истифода мебурданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки бо тамоми ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, фақат барои ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ ва хотима додани ин ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ тайёр аст, ҳамкорӣ кунад ва дар гирди мизи маслиҳатӣ нишинад. Барои ҳамин, ҳатто бо хатари ҷони худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд маротиба ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон сафар карданд. Ниҳоят ба монеаҳои сунъӣ нигоҳ накарда, бо душвориҳои сахт бо талоши бевоситаи Президенти кишвар 27 июни 1997 дар шаҳри Москва моҷарои байни тоҷикон анҷом ёфт. Дар ин рўзи пурфайзи таърихӣ созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва ҷанги бародаркушӣ хотима ёфт. Чи хеле ки мегўянд “Офтобро бо доман пўшида намешавад”. Аз оғози ҷанги таҳмилӣ то имрўз бо шиорҳои авобфиребе чун “барқарории шариати исломӣ” ТЭТ ҲНИ худро нишон доданӣ мешавад. Лекин ҳама ҷиноятҳою хиёнатҳои он ошкор ва баръало гашт ва дар охир чи қадар нияту қасди нопоку чеҳраи касиф доштанашро нишон дод, яъне аз куштору табаддуллоти давлатӣ сар карда, то ба куштори меҳмонону сайёҳон, ҳама ин амалу фаъолияти хоинонаи ТЭТ ҲНИ мебошад.
Чунонки огаҳӣ дорем, рўзҳои 16-18 октябри соли 2018 дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср Конференсияи Дабирхонаи муфтиёти ҷаҳон таҳти унвони “Таҷдиди фатво аз нигоҳи илми назариявӣ ва амалӣ” баргузор гардид. Дар ҳошияи конференсияи мазкур ҳайати расмии 73 кишвари ҷаҳон бо шумули донишмандони соҳа, пажўҳишгарон, сарони муфтиҳо, вазирони Кумитаи дин, сафирони фавқулода ва мухтори муқими Миср ҳама хушбахтона бо як овоз ТЭТ ҲНИТ-ро яке аз дастпарвардаҳои “Ихвон-ул-муслимин” ва ташкилоти террористӣ ва маблағгузори онро душмани инсонияту бошарият эълон намуданд ва нисбати ин ҳизб фатво содир карданд. Бинобар ин, минбаъд дигар Кабириву ҳаммаслакон ва хоҷагони хориҷиаш наметавонанд аз номи дини ислом баромад кунанд, чунки тамоми аҳли башарият онҳоро ҳамчун ташкилоти хунхор шиност, эътироф кард ва фатвои исломӣ содир намуд.
Юсуф Баротов,
имомхати масҷиди ҷомеи “Ихлос”-и шаҳри Хуҷанд
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар