Ҷавонони Бадахшон набояд фирефта шаванд
Роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад.
Ин дастоварди нодир ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва диниву фарҳангии кишварамон нақши бузург дорад.
Имрӯз сулҳу ваҳдат ва оромиву осоиштагӣ дар кишвари азизи мо бебозгашт мебошад. Ба ин нукта ҳамеша Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбату мулоқотҳои хеш таъкид месозанд.
Аммо мутассифона, қувваҳои бадхоҳи миллат ин ҳама дастовардҳо ва суботи ҷумҳуриро чун кӯршапараке, ки офтобро дида наметавонад, дидан намехоҳанд.
Аз ҷумла, ташкилоти террористии ҲНИ баъди хиёнатҳояш ба мардуми тоҷик ва фирори роҳбаронаш ба Аврупо дар он ҷо бо гурӯҳакҳое, ки танҳо манфиатҳои шахсиашон аз ҳама арзишҳо боло аст, гӯё паймон баста, гурӯҳи нави террористии ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро таъсис дода, имрӯз аз дур сӯи хонаи падари хеш, яъне Тоҷикистон ноҷавонмардона санги маломат мепартоянд. Саркардаҳои ТЭТ ҲНИ, ки тӯли фаъолияти худ аз номи дини мубини ислом суистифода намуда, манфиатҳои шахсии худ ва хоҷагонашонро амалӣ менамуданд, ташкилоти худро либоси нав пӯшонида, бо истифода аз ибораҳои демократия, озодӣ, ҳуқуқ ва ғайра боз мехоҳанд дар кишвари азизи мо мақсадҳои нопоки худро пиёда созанд. Аз ҷумла, ин хоинони ватану миллат вазъи Бадахшонро ба назари нотавонбини худ ваҳим ҷилва дода, мардуми сарбаланди Бадахшонро мехоҳанд гумроҳ созанд.
Пӯшида нест, ки то сафари охири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ дар ин ҷо гурӯҳҳои ҷинояткор фазои носолими қонунвайронкуниро ҷорӣ намуда буданд.
Дар суханронии худ дар ҳошияи ин сафар Пешвои миллат ба масъалаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки амнияти шаҳрвандон ҳар чӣ зудтар таъмин карда шуда, пеши роҳи ҷинояткорӣ гирифта шавад.
Мутаассифона, ин таъкиди Пешвои муаззами миллат аз ҷониби душманони миллат ғаразнок маънидод карда шуда, пайравони ТЭТ ҲНИ ва баъзе ҷинояткорон дар сомонаҳои интернетӣ мардумро мехоҳанд ба гумроҳӣ баранд.
Новобаста аз таъкидҳои мақомоти қудратӣ мутаассифона ҳанӯз ҳам дида мешавад, ки бархе аз ҷавнони бадахшонӣ ба найрангҳои роҳбарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ дода шуда, ба кори ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ халал ворид месозанд. Дуруст аст, ки он чи қувваҳои бадхоҳ мехостанд, яъне норомии Бадахшон, амалӣ нашуд. Бинобар ин ин нохалафон роҳи иѓвоангезиро пеш гирифта, имрӯзҳо тавассути сомонаҳои электронии дурӯғпардози худ мехоҳанд сафедро сиёҳу сиёҳро сафед нишон диҳанд. Аз ин дидгоҳ, бояд мардуми Бадахшон, махсусан ҷавонон бояд зираку ҳушёр бошанд, то бозичаи дасти чанд гурӯҳи нохалаф нагарданд.
Мансур Назаров,
сармутахассиси Кумита
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар