“...Агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст”
Дар тӯли 27 соли истиқлолият кишварамон рӯз то рӯз ободу зебо гардида истодааст ва бо шарофияти волоияти қонун ва татбиқи он сафи ҷиноят ва ҷинояткорї кам гашта мардум дар як фазои амну ором зиндагии осуда доранд.
Сардори давлатамон ҳамеша барои осудаҳолии мардуми кишвар шабонарӯз заҳмат мекашанд.
Дурст аст, ки ҳар ҷое тартиботи ҷамъиятӣ таъмин набошад, дар он минтақа рушди устувори дигар бахшҳо таъмин буда наметавонад. Аз расонаҳои хабарӣ огоҳем, ки Пешвои миллатамон дар доираи сафари кории худ ба ВМКБ аз ба таври кофӣ таъмин набудани тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун дар ин гӯшаи Ватани азизамон изҳори нигаронӣ намдуданд. Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо сокинони ВМКБ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қатъиян талаб карданд, ки ба ҷинояткорї ва хусусан паҳнгардидани маводи мухаддир дар ҳудуди вилоят хотима дода шавад. Дар асл ин як ғамхории гавбатии Пешвои миллат аст, ки супориш доданд, то пеши роҳи ин заҳри қотил гирифта шавад. Бояд ин ғамхориро тамоми мардуми Бадахшон ба инобат гирифта, барои пешгирии ҷинояту ҷинояткорон камари ҳиммат банданд. Аз ҳама муҳим, дар ин роҳи пурмасъулият бетараф набошанд. Чунончи Шайх Саъдӣ мегӯяд:
Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст.
Мақоле машҳур аст, ки бетарафӣ бешарафист. Имрӯзҳо мо шаҳвандони кишвар бояд дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Ҳукумат равона мегардад, қабул намуда, ҳамеша пойбанди қонун бошем. Зеро тамоми дастуру супоришҳо ва қонунҳо ба манфиъати халқ равона карда шудаанд.
Мо ходимони динии ноҳияи Рашт амалҳои ҷинояткоронаи гурӯҳҳое, ки ба фурӯши маводи мухаддир даст доранд, қатъиян маҳкум менамоем ва дар амалишавии ҳадафу супоришҳои Пешвои миллат ҳамеша дуогӯ мебошем.
Абдуҷалил Нозимов,
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар