Ҷавонони Бадахшон бояд аз ҳамсояи худ ибрат гиранд
Ҳар чизе дар зиндагӣ шукрона мехоҳад, аммо неъмати бузургтарине, ки бақои зиндагии мову шумо ба он вобаста мебошад, неъмати тинҷию сулҳу субот аст. Бинобар ин, ҷавонон, ки нерӯи созанда ва бунёдгузори ҷомеа мебошанд, бояд ин неъмати гаронбаҳоро, ки тинҷию амният ном дорад, нигаҳбонӣ кунанд, бетараф набошанд ва ин масъулиятро танҳо ба уҳдаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ вогузор накунанд. Чунки ҳимоят аз марзу бум ва маҳалли хеш ва ҳифзи амнияти он вазифаи динӣ ва ҷонии ҳар бандаи муъмин ва бономус мебошад. Меҳри ватандӯстиро мо аз Пайғамбари Худо (с) омӯхтаем, вақте ки фармон шуд, то Пайғамбари Худо (с) ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат кунанд, он Ҳазрат (с) барои тарк кардани ватанаш (Макка) ашк мерехтанд ва қадамҳои худро оҳиста-оҳиста ба сӯи Мадина мегузоштанд, то ин ки ба Ҷуҳфа (мавзеъе миёни Макка ва Мадина) расиданд, чашмони муборакашон пур аз об шуд ва ин ҷумларо аз меҳри ватанаш ба забон овард: «Эй ватани ман, ба зудӣ ба сӯи ту бозхоҳам гашт». Ин ҷо буд, ки ба Пайғамбари Худо (с) ваҳй нозил шуд ва Худованд ба ҳабиби худ ваъдаи бозгашт ба ватанашро эълон кард. Чунончи дар сураи «Қасас», ки аз охирин сураҳои маккӣ мебошад, ба ҳамин қисса ишора шудааст:
«Ҳамон касе, ки Қуръонро бар ту фарз кард, туро ба ҷойгоҳ ва зодгоҳат бозмегардонад»(Сураи Қасас, ояти 85).
Бинобар ин, ҷавонони азиз, мову шумо бояд ба қадри Ватан ва ин гавҳари амну суботе, ки Худованд ба кишвари Тоҷикистон ва мардуми Бадахшон додааст, бирасем ва ҳамеша дуогӯ бошем, ки Худованд ин неъматро аз мо нагирад. Шумо хуб огоҳӣ доред, ки дар давлати ҳамсоя Афғонистон солҳои зиёд аст, ки нооромиҳо давом доранд ва ҷавонон ба ҷои таълиму тарбия танҳо ба нашъмандию оворагардӣ ва авбошӣ машғуланд. Бо чашми ақл бояд дид, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар муддати начандон зиёд барои ҷавонони ин минтақа донишгоҳҳову дабистонҳои бо тамоми шароити муосир бунёд карда ва ба ихтиёри ҷавони Бадахшон додааст, то ҷавонони ин митақаи кӯҳсор дар диёри худ ба таълиму касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, барои Ватану диёри худ хизмат кунанд.
Бояд донист, ки баъзе кишварҳо аз неъмати амният ва сулҳу субот маҳруманд. Пас бояд тамоми ҷавонони Бадахшон аз як гиребон сар бароварда, бо ниҳодҳои қудратии ин минтақа аз ҳамаи дороии ин диёр ва аз муқаддасоти он ҳифозат кунанд ва ин неъмати тинҷиро шукргузор бошанд. Мутаассифона, бархе аз нафарон ба қадри ин неъмати гаронбаҳо намерасанд ва мехоҳанд, ки дар диёри тинҷу ороми Бадахшон, ки рӯ ба ободию тараққиёт дорад, доимо нотинҷию авбошӣ ҳукумфармо бошад, то ин ки онҳо аз ин вазъият барои худ фоидае баранд. Бародарон! Мо хуб медонем ва шумо ҳам хуб огоҳӣ доред, ки дар пушти ин нооромиҳо ва ошубҳо ҳазорҳо хабосат пинҳон шудааст. Инҳо ҳамон нафароне, ҳастанд, ки мехоҳанд диёри орому осоиштаи Бадахшонро ба вартаи нобудӣ кашанд ва садҳо мардуми бегуноҳро аз байн баранд ва ҷавонони бадахшониро гирифтор ба нашъамандию ҷинояткорӣ кунанд.
Ман ба ҷавонони ин диёри кӯҳистон муроҷиат карда мегӯям, ки ин неъмати тинҷию амониро қадр кунанд ва нагузоранд, ки нохалафе барои расидан ба манфиатҳои ғаразноки худ дар байни ҷавонон фитнае эҷод кунад.
Беҳрӯз Сатторов
корманди Маркази исломии Тоҷикистон
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар