Роғун-неруи тавонои миллату давлат
НБО Роғун - таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, нури саодат дар ҳар хонадон, шуълаи умеду орзуи ҳар сокини сарзамин аст.
НБО Роғун - ягонагию муттаҳидии халқ бо давлат, нангу номуси миллат, эҳсоси худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ, ба зинаҳои олии тараққиёт расидани мамлакат, болоравии нуфузи кишвар дар сатҳи байналмилалист.
НБО Роғун - арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлат, таъмини зиндагии шоистаи мардум, муҳаббату садоқат ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистони азизро бештар аз ҷон дар қалб парвардан аст.
НБО Роғун - рамзи ҷасорату матонати миллат баҳри ба ҳадафҳои неку созанда расидан, дурахши иқболи миллат, дар китоби зарварақи таърихи кишвар кушода шудани боз як сафҳаи нави тиллоист.
Суханони ҷасоратбахшу рӯҳнавози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Мо аз дили кӯҳ бо нохунҳоямон роҳ кушода Роғун месозем!” роҳнамоии миллат баҳри шукуфоии орзуҳои деринтизор, баҳри ояндаи рӯзгори тиллоии мардуми меҳнатқарину сарбаланди Тоҷикистон, рушди иқтисодиёти кишвар шурӯъ аз имрӯз барои садсолаҳо мебошад. Мо Роғун бунёд карда, на фақат худамонро аз мушкилоти норасоии барқ раҳо мебахшем, балки ба мардуми минтақа ва хориҷ аз он барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза интиқол медиҳем. Ин кафолати воридоти маблағ ва аз ин ҳисоб ғанигардонии хазинаи кишвар, болоравии сатҳи рӯзгори мардум, таъмини ҷойҳои нави корӣ, эътимоду боварии сокинони мамлакат ба фардои неки зиндагии шоиста мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускор ва қаҳрамони оғози сохтмони азнавбарқарорсозии НБО Роғун мебошад. Ба ёд орем, ки соли 2010 Президенти мамлакат аз соҳибкорон ва ҳар фарди ватандӯсти кишвар саҳмгузор будан дар бунёди Роғунро даъват намуда буд ва ё чӣ тавр Муроҷиатномаи дилсӯзонаи Пешвои миллат аз 13 январи соли 2017 бобати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи барқи истифодашуда аз ҷониби мардуми кишвар, минҷумла сокинони ноҳияи Дӯстӣ, бо як рӯҳбаландии бузург пазируфта ва дастгирии ҳаматарафа ёфта буд. Ин гувоҳи эътимоду боварии бепоёни мардуми кишвар ба Сарвари хирадпешаи худ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки мавқеи ҷуғрофии сохташавии НБО Роғун ҳанӯз соли 1931, замони шӯравӣ, муайян гардида, сохтмони он соли 1976 оғоз ёфта буд. Мутаассифона, ин иншооти муҳташам бо ҳар гуна сабабҳо пурра сохта нашуда, нимкола монд. Дар даврони истиқлолият маҳз андешаҳои дурпарвоз ва хиради волои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки НБО Роғун “иншооти бузурги аср” эълон шуда, азнавсозиаш шурӯъ ёбад. НБО Роғун тибқи лоиҳа аз 6 агрегат бо сарбанди баландиаш 335 метр таркиб меёбад, ки тавоноии онҳо дар маҷмӯъ 3600 мегаватт қувваи барқро ташкил медиҳанд. Сарбанди НБО Роғун бо чунин баландӣ ва бо чунин садди заминӣ (гилӣ ва сангӣ) дар ҷаҳон беназир ва дар Осиёи Марказӣ азимтарин неругоҳ хоҳад шуд. Ба ин васила кишвари мо ба калонтарин бозори неруи барқи Осиёи Марказӣ табдил ёфта, моро ояндаи дурахшон дар пеш мегардад. Ба истифода додани агрегати якуми ин иншооти аср бо иқтидори 600 мегаватт қувваи барқ воқеаи бузурги таърихиест, барои давлату миллат, ки мо аз он ифтихори бузург дорем.
Нидоҳои хоинонаю ватанфурӯшонаи бархе аз душманони миллат, дар мисоли роҳбарону пайравони ТЭТ ҲНИ пеши роҳи ободкориҳои моро ҳаргиз гирифта наметавонанд. Ҳарчанд мекӯшанд, ки пеши роҳи созандагию бунёдкориҳои кишвари азизи моро гиранд, наметавонанд, зеро мо ба пеш меравем, ба сӯйи фардои нек ва бо роҳбарии Пешвои муаззами миллатамон.
Наҳзатаҳои хоин! Имрӯз Шумо тавассути пуштибонии хоҷагони хориҷии зархарид аз дур истода ба комёбиҳои ватани мо бо ҳасаду ҳасрат нигоҳ дореду номардона дар ҳаққи зодгоҳи худатон суханҳои ношояму таҳкиромез мезанед. Вой бар ҳоли Шумо ватандорони беватани хоину лаин.
Бале, ин соатҳо мо бо ифтихору хисси баланди ватандорӣ ҳамовози шоири ширинкалони тоҷик Гулназар Келдӣ ҳастему гуфтанием:
Зи оташхонаи Зардушт бархез,
Ба рӯҳи поки Деваштич омез,
Таҷассум кун фари Сомониёнро
Такаллум кун каломи ҷовидонро.
Аё Роғун, мунаввар бош,
Шабохун зан, музаффар бош!
Ин аст, нидои ватанпарваронаи мо бар зидди хоинони миллату наҳзатиҳои ватанфурӯше, ки дур аз ватан ҳастанду ба ин хурсадиҳои мо шарик нестанд:
Худоё душманонро кӯр кун аз оби софи мо,
Фурӯғи дидаву дилҳои ёрон мешавад Роғун.
Саидаҳмад Ҳасанов Бознашр аз Сомонаи Кумитаи дин
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар