Мавлуди Паёмбар (с) рухдоди саодатофарин аст
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ҳамду санои номаҳдуд Худованди маъбудро шоиста аст, ки бо фазлу карами худ тариқи ҳидоятро ба мо муяссар гардонид ва дуруду саломи номаъдуд бар Расули акрам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва тамоми хонадону ёронаш бод.
Чаҳордаҳ қарн пеш дар ин моҳи пурфайзу бобаракат азизтарин бандаи Аллоҳ таъоло, охирин ва бузургтарин Паёмбар - Ҳазрати Муҳаммад (с) чун офтоби саодат ба дунё омад ва замину замонро бо нури вуҷудаш мунаввар гардонд. Бо қудуми мубораки ў ба арсаи вуҷуд абрҳои зулмату залолат аз осмони дунё рахт баст ва офтоби нуру ҳидоят дурахшидан гирифт, ба ҷои зулму ситам ҳаққу адолат, ба ҷои кинаву душманӣ меҳру муҳаббати инсонӣ омад.
Ситорае бидурахшиду моҳи маҷлис шуд,
Дили рамидаи моро анису мўнис шуд.
Паёмбари гиромӣ (с) ба инсоният роҳи хушбахт шуданро дар дунё ва охират нишон дод. Рафтори ҳасанаро пеш аз ҳама худаш анҷом дода, намунаи беҳтарин шуд. Дар сояи имоне, ки Ӯ дар дилҳо ҷой дод, ухуввату бародарӣ, раҳму шафқат, инсофу адолат ва тамоми хислатҳои шоистаи инсонӣ ба вуҷуд омад. Он Ҳазрат (с) раҳмате барои оламиён ҳастанд, ки инсониятро ба сўи саодат ва растагорӣ роҳнамоӣ кардаанд. Дили Паёмбарамон (с) пур аз меҳру муҳаббат нисбати инсонҳо буд. Он қадар меҳрубон буд, ки ҳатто гурусна ҳам мемонд, ҳар чизи дар дасташ бударо ба бечорагон медод. Ӯ на фақат ба инсонҳо, балки нисбати дигар ҳайвонҳо ҳам шафқату марҳамат нишон медод. Як гурбаи ташнаро бо дастони худаш об медод ва бо ҳайвонҳо хуб рафтор карданро тавсия медод.
Ў хеле хоксор буд. Байни одамони сарватманд ва фақир фарқ намегузошт, ҳатто агар як хидматгор даъват мекард, мерафт. Бо бечорагон ва камбағалон якҷоя нишаста хўрок мехўрд, ба хонаи фақиртарин одамон рафта аҳволпурсӣ мекард. Беморонро зиёрат карда барои сиҳҳат шуданашон дуо мекард. Вақте ки ба маҷлис мерафт, ҷоеро, ки холӣ меёфт, дар ҳамон ҷо менишаст, пойҳояшро тарафи дигарон дароз намекард.
Паёмбари гиромӣ муаллими башарият аст ва бо нахустин ваҳйи осмонӣ инсонҳоро ба омўзиши илму дониш фаро хонд, то ки баҳри ободию шукуфоӣ ва рушду такомули оламу одам саъйу талош намоянд.
Расули акрам (с) дорои хулқи олӣ буданд ва аз ин сабаб Худованд ўро дар каломи худ васф карда мефармояд:
“Ҳаройина, ту дорои хулқе воло ҳастӣ”. (Сураи “Нун”, ояти 4)
Ў ба ҳеҷ кас сухани бад нагуфтааст, рафтори бад накардааст ва дар умраш ҳеҷ касро озор надодааст. Анас (р) даҳ сол дар хизмати Паёмбарамон (с) буд ва мегуфт: "Рўзе нашудааст, ки Паёмбарамон ба ман ҳатто «уф» гуфта бошад. Барои кори кардаам «Чаро ин корро кардӣ?” ва барои кори накардаам «Чаро ин корро накардӣ?» гўён озор надодааст».
Паёмбарамон рўйи зебо ва сухани ширин дошт. Ҳангоми суҳбати дигарон онҳоро гўш мекард, суханашонро намебурид. Айби дигаронро дида ба рўяшон намезад.
Зиндагии Паёмбарамон (с) сода ва покиза буд. Баданашро ҳамеша тоза нигоҳ медошт ва ба тоза будани либосҳояш хеле диққат медод. Барои тоза кардани дандонҳояш аз мисвок истифода мебурд. Ба асҳобаш дастур медод, ки ба масҷид тозаю озода биёянд.
Расули Худо (с) намунаи олии инсони комил буданд, ки Худованд пайравӣ аз рафтору ахлоқи ўро ба пайравонаш воҷиб қарор додааст, чунонки мефармояд:
«Ба дурустӣ ки барои шумо – барои касе, ки (савоби) Худо ва рўзи охирро умед дорад ва Худоро бисёр ёд мекунад, дар [кори] Пайғамбари Худо иқтидои писандидае ҳаст». (Сураи «Аҳзоб», ояти 21)
Дар ин моҳи мавлуди набавӣ аз Худованди меҳрубон масъалат дорем, ки ҳамагонро ба пайравӣ аз ахлоқи ҳамида ва хисоли зебои Паёмбари гиромӣ (с) муваффақ ва саодати дорайнро бонасиб гардонад.
Мутахассиси Раёсати фатвои МИҶТ:
Ҳомидов Абдулвоҳид
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар