Бадхоҳони миллат ҳеҷ вақт ба нияти шуми худ намерасанд
Агар мо ба воқеоту ҳаводиси ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушоҳада назар афканем, маълум мешавад, ки чӣ тавр ин ё он ҳодисаҳои нобаҳангоми ҷаҳон ва дохили кишвар аз дасти як гурӯҳи ғаразнок ба вуҷуд омада, ба сари мардум мусибатҳои зиёд ба бор меорад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ТЭТ ҲНИ дар солҳои 1992-1996 чӣ мусибатҳоеро ба сари миллати тоҷик овард, роҳбарони ин ҳизби хиёнаткор Ватан, миллат ва мазҳаби худро фурӯхтанд, як қисм мардумро гумроҳ карданд, дар охир ҳатто ба табаддулоти давлатӣ бо роҳбарии Ҳоҷӣ Ҳалим даст заданд ва имрӯз чанд нафаре аз намояндагони ин ҳизби хиёнаткор, ки дар зиндондонҳои кишвар бо ҷурми ҷиноятҳои кардаашон паси панҷара нишастаанд, аз корҳои пеш кардаашон ибрат нагирифта, боз дар дохили ҳабсхонаи №3 шаҳри Хуҷанд ба ошӯб даст заданд, ки ба навиштаи матбуот дар натиҷа талафотҳои ҷонӣ низ ба қайд гирифта шудааст.
Бовар дорам, ки дар ин кор ба онҳо роҳбаронашон ва хоҷагони хориҷиашон мусоидат намуданд. Маҳз онҳо ин фоҷиаи хунинро барангехта, мехостанд, ки бо ин восита ба рӯйдоди муҳими сиёсию иқтисодии Тоҷикистон – 16 ноябри соли равон, ки ба оғоз гардидани аввалин агрегати – НБО «Роғун» рост омада буд, рахна ворид намоянд. Вале, хушбахтона онҳо ба ин нияти шуми худ муваффақ нашуданд ва, Худо хоҳад, ҳеҷ вақт дигар дар кишвари азизамон ниятҳои нопоки худро амалӣ карда наметавонанд.
Албатта муваффақиятҳое, ки солҳои охир дар кишвари азизамон Тоҷикистон ба амал омада истодааст, неруҳои бадхоҳонаи террористию экстремистиро, ки ТТЭ ҲНИ ва дигар гурӯҳҳоро намояндагӣ мекунанд, ором намегузорад.
Аммо умед дорем, ки ин балвою ошӯбҳои онҳо нерӯи иттиҳоди мардуми заҳматкаши тоҷикро ҳеҷ вақт шикаста ва парешон намекунад ва мардум дигар фирефтаи бадкорон намешаванд, чунки мардуми Тоҷикистон кӣ ва чӣ будани ин ватанфурӯшон ва мазҳабфурӯшонро хуб медонанд, ба суханҳову ваъдаҳои фитнаангези онҳо бовар намекунанд.
Дар охир гуфтаниам, ки ҳар қувва ё нафаре, ки ин ташкилоти террористиро дастгирӣ мекунад ва роҳбарони онро бо маблағ таъмин мекунаду ба зидди Ватани худ, миллати худ ва мазҳаби худ ҳамчун хиёнаткор равона мекунад, бояд бидонад, ки умри бадиву зишткорӣ кӯтоҳ аст.
Маҳмуд Сангалиев,
Сармутахассиси Раёсати фатво
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар