ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ОЗОДИИ ВИҶДОН ДАР ТОҶИКИСТОН
Озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ аз зумраи озодиҳои асосии инсон маҳсуб ёфта, дар масири пуршебу фарози таърих дар муқобили манфиатҳои мухталифи гуруҳӣ бо муборизаю қурбониҳои беназир эътироф гардидаанд. Ҳамон тавре, ки таърих ва тамаддунҳои муосирро бе мавҷудияти ҳуқуқу озодиҳои инсон тасаввур кардан мумкин нест, айнан ҳамон тавр давлатҳои демократӣ ва ҳуқуқиро бидуни эътироф ва кафолати озодии виҷдон шинохтан ғайриимкон аст.
Дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ маҳдуд буда, имконияти озодона анҷом додани маросими динӣ вуҷуд надошт. Баъд аз эълони истиқлолияти давлатӣ маҳз бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фурсати таърихии эҳёи давлатдорӣ, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ фаро расид, ки дар ин роҳ яке аз муҳимтарин масъалаи эҳёи давлатдории миллӣ ин таъмини озодиҳои динӣ гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инро дарк намуда, ба маврид қайд карданд, ки: “Маҳз истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки арзишҳои милливу динии худро эҳё намуда, ҳуқуқу озодиҳои шахсии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодии виҷдонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф кунем ва кафолат диҳем.”
Гузаштагони барӯманди миллати тоҷик ҳанӯз дар аҳди бостон эълон доштаанд, ки озодии эътиқод кафили ҳамзистии осоиштаи халқу миллатҳо буда, нишонаи беназири фарҳанги олӣ мебошад. Моҳияти ин консепсия маротибаи аввал дар Эъломияи Куруш Кабир ҳамчун нахустин санади меъёрӣ роҷеъ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон дарҷ гардида буд, ки дар озодии ҳамаи халқҳо дар парастишу эътиқодашон ифода меёфт.
Бо гузашти солҳо маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат меъёрҳои дар аҳди бостон муқаррарнамудаи гузаштагони моро вобаста ба таъмини озодии виҷдон ба ҳайси нишондиҳандаи рушди тамаддуни волои инсонӣ эътироф намуда, роҳи дунявиятро чун арзиши пурқимат ва ҳамчун омили пойдории сулҳу субот дар ҷомеа барои мардум эҳдо намуд. Чунончӣ, худи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар изҳороти худ ҳанӯз аз 31 декабри соли 1992 қайд намуда буданд: “Мо чандин маротиба гуфтаем ва боз такроран мегӯем, ки тарафдори сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошем ва ин усули пешакардаи мо мутобиқ ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад.” Мақсаду мароми Пешвои миллат ифодагари орзуи деринаи аксарияти аҳолии ҷумҳурӣ буда, роҳро барои дар сатҳи конститутсионӣ эътироф намудани озодиҳои динии шаҳрвандон боз намуд. Ғояи давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҳадафи стратегии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон гардид, дертар дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос шуд. Нуктаи муҳим ва марказии ин озодӣ эътирофи ҳаққи инсонҳо ба ҳамин арзишҳо буда, ҳукми ихтиёр ва ҷонибдорӣ кори шахсии ҳар фард аст.
Раванди демократикунонии ҷомеа боис гашт, ки шаҳрвандон озодона ба дин рӯй оварда, барои пайравии амалӣ аз таълимоти динӣ ва анҷоми маросими динӣ имкони васеъ пайдо намоянд. Айни ҳол, дар кишвар ҳудуди 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ озодона фаъолият доранд. Иқдомҳои муҳимми Сарвари давлат, аз қабили таъсиси Донишкадаи исломӣ ва Маркази исломшиносӣ, эълони соли бузургдошти Имоми Аъзам, ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ҷорӣ шудани фанни таълимии “Таърихи дин” ва монанди инҳо далели равшани таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои дин ва арзишҳои динӣ мебошад. Бо ибтикори Пешвои миллат бунёди сохтмони бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон оғоз гардида, сохтмони масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ ба итмом расида истодааст.
Дар ин раванд, бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маводи сарчашмавӣ ва илмии исломӣ дар ҷумҳурӣ шумораи зиёди китобу рисолаҳои динӣ, аз ҷумла Тарҷумаи Қуръони Карим, «Тафсири Табарӣ», «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Кимиёи саодат» ва «Эҳёи улуми дин»-и Муҳаммади Ғаззолӣ, «Маснавии маънавӣ» ва ғайраҳо, ки саршори ғояҳои инсондӯстона ва ақидаи беолоиши динӣ буданд, тарҷума ва нашр карда шудаанд. Дар ин росто ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмин намудани ҳар як хонадон ақаллан бо як китоби Қуръони Карим бо тарҷума ба забони тоҷикӣ қобили тазаккури хосса мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагӣ аз халқи тоҷик дар саҳнаи ҷаҳонӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба маҳкум намудани экстремизму терроризм ва ба таълимоти дини ислом нисбат надоштани ин падидаҳои манфур ба таври возеҳ баён доштанд. Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дурандешона масъалаҳои ҳимояи исломро дар арсаи байналмилалӣ таҳлил намуда, аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар минбарҳои бонуфузи аврупоиву олами исломӣ борҳо таъкид намуданд, ки: “Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист - террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад”. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба рӯйхати 500 мусулмони бонуфузтарини олам шомил мешаванд.
Дар хусуси ташаббусу иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи дин ва дастовардҳои замони истиқлолият дар ин самт бисёр гуфта гузаштаанд ва таҳлилҳои судманде низ мавҷуданд, ки дар доираи ин чанд сатрҳо наметавон ҳамаи онҳоро баён намуд.
Дар ростои ҳамаи ин дастовардҳои замони истиқлолият дар соҳаи дин, моро зарур аст, ки дар партави ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, пеш аз ҳама шукронаи неъмати бузурги тинҷиву оромии Ватанамонро намуда, эҳтироми арзишҳои миллиамонро баҳри пойдории сулҳу субот ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони Тоҷикистони азизамон ба ҷо орем.
Азму иродаи мустаҳкам ва нияти неку хиради азалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон собит менамояд, ки мо-тоҷикон баҳри рушду нумӯи Ватани азизамон ва таъмини ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистӣ шароити мусоид фароҳам сохта тавонем. Бо мурури замон, дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии самимонаи мардуми кишвар аз Президенти худ муяссар шуд, ки дар Тоҷикистон фазои сулҳу осоиш танинандоз гардад, нақшаву ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат марҳила ба марҳила амалӣ шаванд, ки бунёди сохтмони аср – неругоҳи Роғун дар сархатти ин ҳадафҳо қарор дорад.
Бахтиёр Юнусзода,
мудири бахши ҳуқуқи Кумитаи
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар