Асосӣ Мақолаҳо Бар гӯши ҷаҳон расонидем, ки миллати созандаем!

Бар гӯши ҷаҳон расонидем, ки миллати созандаем!

Бар гӯши ҷаҳон расонидем, ки миллати созандаем!
2018-11-28
2618

РАВШАНӢ ГИРАД ҶАҲОН, АЗ  ДИЛИ ГАРМИ ПЕШВО.
ХУШБАХТИҲОВУ АМОН ОРАД ҲУЗУРИ ПЕШВО.

Ҳодисаву воқеоти ҳар давраи таърихӣ вобаста ба муҳимияти худ ҳамеша дар зеҳну хотираи мардум ва таърих боқӣ мемонанд.
Яке аз чунин рӯзи воқеан таърихӣ ва фаромушнашаванда барои миллати мо ин рӯзи 16 -ноябр соли 2018 – рӯзи ба кор даровардани аввалин агрегати Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” мебошад, ки тамоми мардуми кишвар дар интизораш буданд. Ин рӯз рӯзест, ки дар таърихи миллати тоҷик бо хатҳои заррин сабт мешавад. Бунёду ифтитоҳи ин иншооти муҳими аср бо хидмаҳою корнамоиҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат сахт тавъам аст. Зеро маҳз иродаи қавӣ ва азми устувори Пешвои маҳбуби мо буд, ки мо ба ин рӯзҳои нек расидем.

Имрӯзҳо хушҳолии мардуми кишварро ҳаду каноре нест, зеро миллат   ва Ватани маҳбубамонро дар арсаи ҷаҳонӣ бори дигар Пешвои Миллат ҳамчун миллати созандаву бунёдкор муаррифӣ мекунанд. Бунёди “Роғун” ба гӯши ҷаҳониён мерасонад, ки ин миллат миллати созанда аст. Аз ин рӯ, мо мардуми кишвар бояд пеш аз ҳама қадри сулҳу ваҳдат, оромиву тинҷиро бидонем, зеро ҳама ин рӯйдодҳову дастовардҳо аз неъмати оромӣ ва тинҷӣ сарчашма мегиранд.

Умед мебандем, ки Тоҷикистони азизамон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат дар оянда ба фатҳи қуллаҳои баланди мақсуд ва дар ин замина пешрафту тараққиёти аз ин ҳам бештари Ватани маҳбуб ноил хоҳад гашт.

Шамшод Муҳиддинов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ш.Хисор

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар