Хато бояд дарси ибрат гардад
Яке аз хусусиятҳои мусалмони воқеъӣ аз ин қарор аст, ки ҳар гоҳ дар зиндагӣ ҷинояте кунад ва ё аз ӯ кӯтоиҳе сар занад, онро эътироф намуда, дар паи ислоҳи он камар мебандад ва агар онро ислоҳ карда натавонад, ҳамеша ангушти надомат газида, тавбаи насӯҳ (қатъӣ) мекунад. Худованд низ меҳрубон аст ва тавбакунандагонро дӯст медорад.
Аммо касе, ки ҳадафи офариниши худро намедонад, ҳеҷ гоҳ дар фикри ислоҳи худ шуда наметавонад ва агар аз ӯ ҷинояте содир шавад, онро дар зиндагӣ дарси ибрат қарор намедиҳад. Замин ҳам аз чунин нафарҳо холӣ нест.
Бешак, аз он ҷумла Кабирӣ ва дигар аъзои ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом мебошанд, ки имрӯз дар калонтарин кишварҳои Аврупо, хусусан кишвари Олмон тоҷиконро ба гирдиҳамоиву роҳпаймоии бемаънӣ даъват мекунанд. Албатта тасмими онҳо масъала ва падидаи имрӯз нест. Зеро кинаву адоват аллакай сиришти онҳо гардидааст ва онҳо ҳеҷ гоҳ сиришти худро дигаргун карда наметавонад.
Ҷои нигаронӣ он аст, ки баъзе созмону ташкилотҳо бо дарназардошти манофеи худ даст аз ҷонибдории онҳо ва маблағгузорӣ намебардоранд.
Бинобар ин, барои хунсо кардани ҳадафҳои палиди онҳо аз ҳама ҷаонони тоҷик, ки дар кишварҳои Аврупо зиндагӣ мекунанд, даъват ба амал меоварем, ки ба суханони намояндагони ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом, хусусан Кабирӣ гӯш фаро надиҳанд ва дар пиёда намудани нақшаҳои шуми онҳо ҳамроҳ нашаванд.
Беҳрӯз Сатторов, Имомхатиби масҷиди ҷомеи марказии ш. Душанбе
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар