ОШӮБ ДАР МАҲБАСИ ХУҶАНД. ЧАРО ОН ДАР АРАФАИ БАИСТИФОДАДИҲИИ НБО “РОҒУН” ИТТИФОҚ АФТОД?
Аъзоён ва пайравони ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ дар аввали моҳи ноябри соли 2018 дар зиндони шаҳри Хуҷанд ошӯбе барпо карданд. Ин ҳодиса ба арафаи ба истифода додани агрегати якуми неругоҳи барқи обии Роғун ва Рӯзи Президент рост омада буд.
Душмани миллат то ҳадди имкон талош карданд, макр ва найранги худро ба кор бурданд, то ба иззату обрӯи кишвари мо латма зананд. Аммо чун нақшаву нияташон бад буд, он ба зудӣ барбод рафт. Мисли он ки Худованд дар ояти 54-уми сураи Оли Имрон таъкид кардааст.
Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст, мушкилоти терроризму экстремизм аст, ки чандин давлатҳоро ба хок яксон карда, бузургу кӯчакро ба ҳалокат расонда, муҷиби аз хонаҳову кошонаҳои худ берун мондани мардум гаштааст.
Яке аз чунин ташкилотҳои террористию экстремистӣ ҲНИ мебошад, ки дар соли 2015 бо роҳи ошӯби ҳарбӣ табаддулоти давлатӣ кардан мехост. Бояд гуфт, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИ аз ибтидои фаъолияташон дар талоши ба даст овардани ҳокимият бо роҳи табаддулоту зӯроварӣ буданд.
Ҳанӯз аз солҳои 70 – уми асри гузашта, ба эътибори иқрори худи масъулини ин ҳизби манъшуда, наҳзатиён мавзӯи сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба кишвари сирф динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд.
Дарвоқеъ, ҳизби террористию экстремистии наҳзат аз оғози фаъолиятҳои сиёсии хеш танҳо бо шиорпардозиҳои умумӣ тарафдорони хешро ба сарнагун сохтани сохтори дунявии мавҷуда, ки ба пешравии илму техника ва тараққиёти ҷомеа мусоидат менамояд, даъват менамуданд.
Пӯшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси ҷаҳон барои мавҷудияти кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод намуда, садди роҳи рушди босуботи ҷомеа мегарданд.
Ҳамин аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар, аз ҷумла таъкид намуданд “терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд”.
Ҳақиқат ин аст, ки роҳбарону пайравони ТЭТ ҲНИ ва хоҷагони носипоси онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ин ҳадафи нопоки худро аз даст доданӣ нестанд.
Боиси хушбахтист, ки аҳли илму адаби кишвар, олимону донишмандон, ҷавонон, андешаву назари хешро ҳам аз нигоҳи масоили илмӣ ва ҳам аз нигоҳи таҷрибаву рӯзгор ва фаҳмидаҳои хеш оид ба фаъолияти хоинонаи аъзоён ва пайравони ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ нашр намуда, дар маҷаллаву рўзномаҳои даврӣ, шабакаҳои иҷтимоию сомонаҳои интернетӣ паҳн карда истодаанд.
Ҷавонон, бояд дар такя бо сиёсати созандаву маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар, ки ҷиҳати мубориза алайҳи терроризму экстремизм мавқеи оштинопазир доранд, амал карда, ваҳдату ягонагии сартосариро муҳофизат кунанд.
Мардуми тоҷик, аз ҷумла ҷавонони созанда дар ҷиҳати нигоҳдоштани сулҳу субот, нақши бориз метавонанд дошта бошанд.
Бунёд ва ҳифзи оилаи солим, таълиму тарбияти дурусти кӯдакон, масъулиятнокӣ дар ҳифзи муқаддасоти ватан - марзу бум, амният, зиракии сиёсӣ ва монанди ин ҷиҳати мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа масъулияти ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
С. Қосимов,
кормандони Донишкадаи исломии Тоҷикистон
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар