Хиёнаткор ҳомии ҷинояткор
Чанд рӯз қабл вақте аз шабакаҳои иҷтимоӣ бохабар шудам, ки як чанд хоини ватан ба назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Берлин қадами номуборакашонро монда гирдиҳамоӣ кардаанд, ҳамон замон симои номубораки наҳзатиёни солњои 1992-1993 пеши назарам омад, ки ин ватанфурӯшон боз чӣ мехоҳанд? Як бор гирдиҳамоиҳо ташкил карда мардумро гумроҳ карданд, бо дастгирии хоҷагонашон аз номи дин сўиистифода карда фитна андохта хуни мардумро рехтанд, имрӯз дар Аврупо шарм надошта барои маблағҳои ҳароми гирифтаашонро ҳалол кардан ва дар назди хочагонашон ҳисобот додан, дар хаққи Тоҷикистон носазо мегӯянд.
Гирдиҳамоӣ ва носазогӯии онҳоро мардуми Тоҷикистон имрӯз хуб медонад, ки он муғризона буда, аз рӯи ҳасад мебошад, зеро Тоҷикистон имрӯз тинҷу ором ва мардумаш сарҷамъ буда таҳти рохбарии Пешвои миллат рӯз то рӯз обод мешавад.
Мардуми Тоҷикистон имрӯз боз як бори дигар фаҳмид, ки ТЭТ ҲНИ худаш ҷинояткор буд ва имрӯз ҷинояткоронеро, ки бо ҷурмњои мухталиф маҳбасӣ мебошанд, дастгирӣ мекунад ва бо ин кирдори худ зидди таълимоти Ислом кор мекунад.
Мо ходимони дини вилояти Суғд ин фитнаангезиро иғвои навбатии хиёнаткорон мешуморем ва гирдиҳамоиҳои бемаънӣ ва бемантиқи ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум намуда, ба мардуми Аврупо мегӯем: Мо ходимони дин имрӯз дар ҳайрат ҳастем, ки Иттиҳоди Аврупо бар зидди ифротгароӣ мебошаду баъзе ташкилотҳои шумо дидаву дониста ташкилотҳои террористӣ мисли ТЭТ ҲНИ-ро дастгирӣ мекунанд ва дар пеши чашми шумо, дар ватани шумо гирдиҳамоӣ мекунанд, ин хиёнаткорон ҷинояткоронеро, ки бо ҷурми одамкушӣ ва ифротгароӣ маҳбасӣ шудаанд, ҳимоя мекунанд ва дар ҳаққи Тоҷикистоне, ки бо шумо дӯст аст ва имрӯз ободу мардумаш осоишта аст, онҳо носазо мегӯянд, шумо чизе намегӯед? Барои ҳамин ҳам аз аҳли Аврупо талаб менамоем, ки ин ҷинояткоронро ба ватанашон (агарчи онҳо бе ватан ва хоини миллат ҳастанд) истирдод намоед, то ки ба хиёнатҳои худ дар назди халқу миллат ҷавоб диҳанд ва сафоратхонаҳои оромро ноором накунанд.
Хоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода
сархатиби вилояти Суғд, (аъзои Шўрои уламо)
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар