Асосӣ Мақолаҳо Бо диди инсоф бояд нигарист

Бо диди инсоф бояд нигарист

Бо диди инсоф бояд нигарист
2018-12-14
2647

Дар ҳақиқат агар мо ба чашми инсоф назар кунем, кишвари мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои хеле бузург ва ҳаётан муҳим ноил гардидааст, ки мисоли воқеъии онро дар ба кор даромадани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дидан мумкин аст.

Аз ин гузашта, солҳои охир соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетикаю кишоварзӣ ва маорифу фарҳанги кишвари мо пешрафт намуда, симои кишвари мо - Тоҷикистони азиз ранги тозае ба худ касб намудааст.

Албатта маҷмуъаи ин ҳама пешрафтҳоро мо дар заминаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ки яке аз ташаббусҳои наҷибонаи Сарвари давлат маҳсуб мегардад, тасаввур мекунем.

Эълон шудани соли 2018 њамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва омадани ҳазорон сайёҳи хориҷӣ ва ошноӣ пайдо кардани онњо аз урфу анъанаҳои мардуми Тоҷикистон, ин њамаро гувоҳи бевоситаи матлаби дар боло зикршуда донистан мумкин аст.

Маҳз ҳамин пешрафту дастовардҳо ва тараққиву бунёдкориҳои Пешвои миллат аст, ки душманони миллат, хусусан фаъолону намояндагони фирории ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом тавассути шабакаҳои интернетӣ иғво андохта, ҷиҳати бадном сохтани роҳбарияти давлат ва коста намудани нуфузи тоҷикистониён дар шаҳрҳои калони Аврупо, хусусан Олмон гирдиҳамоӣ ташкил намуда, худро дар назди хоҷагони аврупоии худ паноҳбарандаи сиёсии ҳақиқӣ нишон медиҳанд. Кӯр бод он чашме, ки аз рӯи инсоф назар накунад!

Сатторов Беҳрӯз

Имомхатиби масҷиди ҷомеи марказии ш. Душанбе

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар