Муъмин аз як сўрохӣ ду бор газида намешавад
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Имрўзҳо мардуму миллати мо дар фазои озоди истиқлолият зиндагӣ доранд, аммо гурўҳҳое ҳастанд, ки мехоҳанд ин фазоро ноором гардонанд. Вақте мову шумо ба сафҳаи таърих назар мекунем, мебинем, ки ана ҳамин гурўҳу гурўҳбозиҳо дар байни мардум тафриқа эҷод мекунанд. Худованд мефармояд:
«Шумо аз зумраи он касоне набошед, ки динашонро пора-пора кардаанд ва ҳар гурўҳе ба он фахр мекунанд, ки ин дастовард комёбии мо аст».
Пайғамбари Худо (с) дар ҳадисе мефармоянд:
«Уммати ман дар гумроҳӣ ҷамъ намешаванд, пас ҳар гоҳе ихтилофро бубинед, бар шумо пайравӣ аз саводи аъзам лозим аст».
Аз ин ояту ҳадис бармеояд, ки ҳама тарафдори ваҳдату сарҷамъӣ бошем. Рўзгороне, ки солҳои охири асри XX ба сари миллати тоҷик омада буд, дарси ибрате бояд бошад. Он солҳо ин гуна гурўҳбозиҳо ба авҷи аъло расида буд ва ҳатто ҳизберо бо номи Ислом ташкил доданд, дар ҳоле ки 90 %-и мардуми мо мусулмонанд. Аммо ин ҳизб бо тариқи тақия (пинҳонкорӣ) мехостанд дар кишвари мо мазҳаберо пиёда созанд. ҳоло он ки вақте як гурўҳ аз номи миллату мардум раҳнамо мешавад, бояд ҳамаро ба назар гирад. Ин кор охируламр моро ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Баъд аз гуфтушунидҳои зиёд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 санади истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро бо мухолифин имзо гузоштанд. Аммо ҳоло ҳам баъзе аз таассубгарон намехоҳанд, ки мардуми мо дар фазои амнияту субот зиндагӣ намоянд. Бо вуҷуди ин ҳама гузаштҳо ин гурўҳҳо мехоҳанд, ки он ҳодисаҳои солҳои 90-умро бо тариқи дигар тарҳрезӣ намоянд. Фаромўш кардаанд, ки Пайғамбари Худо дар ҳадисе мефармояд: «Муъмин аз як сўрохӣ ду бор газида намешавад».
Мардум Сарвари худро интихоб кардааст ва пайравиро аз дини мубини Ислом ва мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат - мазҳаби Имоми Аъзам дар баробари дигар динҳое, ки дар ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд, қабул кардаанд. Шоире хуб мефармояд:
Давлат ҳама з-иттифоқ хезад,
Бедавлатӣ аз нифоқ хезад.
Маҳмудов Иброҳим
сархатиби масҷиди марказии
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар