Асосӣ Мақолаҳо САНАДИ РАҲНАМО БАРОИ ПЕШРАФТИ КИШВАР

САНАДИ РАҲНАМО БАРОИ ПЕШРАФТИ КИШВАР

САНАДИ РАҲНАМО БАРОИ  ПЕШРАФТИ КИШВАР
2018-12-28
2553

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи фараҳбахш ва муҳимтарин анҷоми соли 2018 ба ҳисоб мерафт. Табиист, ки ин санад ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои рушди ҳама соҳаҳои зиндагии ҷомеаи Тоҷикистон дастури асосӣ ба шумор меравад.

Ба андешаи мо, ин санади муҳимми сиёсиву иҷтимоӣ роҳу усулҳои рушд ва тараққиёти ҳама паҳлуҳои сиёсати хориҷӣ ва дохилии кишварро фаро гирифт ва бисёре аз нуктаҳои он барои рушди миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати иқтисод ва иҷтимоиёти Тоҷикистон дахл доштанд. Таҳлили васеъ ва мукаммали соҳаҳои тандурустӣ, амният, маориф ва илм, технологияи нав, ташкили ҷойҳои нави кор, осуда нигоҳ доштани фазои маънавият ва эътиқодоти мардуми мамлакат ва ғайраҳо аз масъалаҳое буданд, ки ба зиндагии рўзмарраи мардум дахл мекарданд. Як силсила барномаҳо ва стратегияҳо дар соҳаҳои обу энергетика, илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳамаҷониба таҳлил ва барои пиёда кардани онҳо дастурҳо пешниҳод шуданд.

Аз назари Сарвари давлат, соли 2018 бо далел хотирмон буд, ки моҳи марти ин сол дар Рўзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз шуд.

Дигар воқеаи ниҳоят масарратбахш ҳамин буд, ки агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор даромад ва ин падида боиси он шуд, ки масъалаи бағоят мураккаби иқтисодиёти ҷумҳурӣ – бо барқ таъмин шудани аҳолии мамлакат ва имкони ба кор даровардани корхонаҳои нави саноатӣ ҳал гардад. Бояд гуфт, ки ин амал гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

ҷиҳати дигари муҳимми ин Паём ҳамин буд, ки муносибатҳои чандин сол боз душворҳалли миёни Тоҷикистону Ўзбекистон бо интихоб шудани Президенти нави ин кишвар хеле беҳтар гардида, тавассути боз шудани роҳ ҳамакнун вазъи иқтисодиёти мамлакати мо хеле беҳбудӣ хоҳад ёфт. Сарвари давлати Тоҷикистон арз карданд, ки ҳадафи чоруми миллӣ – ба кишвари индустриалӣ мубаддал кардани Тоҷикистон оғоз шудааст, ки ин мақсад тавассути афзоиши ҳиссаи саноат дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ имконпазир мешавад. Яъне роҳи нави интихобшуда - саноатикунонии босуръати Тоҷикистон ба шумор меравад, ки роҳи беҳтарини рушди бемайлони мамлакат ва некуаҳволии аҳолии кишвар мебошад.

Пешвои миллат баён доштанд, ки дар зарфи як сол, ки ба соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳ зиёд буд, аммо имкон надорад, ки ҳама масоили ин соҳаҳо ба пуррагӣ дар як сол ҳал шаванд. Аз ин сабаб, зимни ироаи Паём Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд.

Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Меҳргон ва Сада дар тўли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Таклифи Президенти кишвар оид ба ворид намудани ин ҷашнҳо ва инчунин мусиқии «Фалак», ёдгории таърихии «ҳулбук» ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО иқдоми дигари фараҳбахш ба шумор мерафт.

Таклифи дигари Сарвари давлат оид ба манъ карда шудани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар давоми солҳи 2019-2020 имкон фароҳам меорад, ки соҳаи соҳибкорӣ рушд карда, беҳбудиҳои нав дар ободонии малакат сурат гирад.  

Дар маҷмўъ, Паёми Пешвои миллат ба он равона шуда буд, ки дар маҷмўъ сатҳи шоистаи зиндагии сокинони кишвар боз ҳам боло рафта, рушди кишвар босуръат идома ёбад.

Саидмукаррам  Абдуқодирзода

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар