Қадри амният ва сулҳу салоҳ дар кишвар
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Ҳар кишваре, ки амнияту субот дорад, соҳиби обрў ва эътибори тамоми мардуми олам аст. Мо дар ҷаҳони имрўз мебинем, ки аз тамоми гўшаву канори олам мардуми бесубот ва ё гирифтори хатар ба кишвари амну ором кўч мебанданд. Кишваре, ки амнияту оромӣ надорад ва ҳамеша мардумаш дар ваҳму ҳарос умр ба сар мебарад, чунин тарзи зиндагӣ боиси сар задани ҳар гуна бемориҳои табобатнашаванда мегардад. Офият ва тандурустӣ ду неъмати беҳамтоанд, ки мутаассифона бисёриҳо ба қадри ин неъмати бузург намерасанд. Паёмбар (с) дар дуояшон ҳамеша афву офиятро аз Худованд талаб мекарданд. Ҳар ватане, ки амният надорад, дар чашми аҳли олам беарзиш аст. Амнияти саодати ватан ва некбахтии мардум он аст. Ҳар фарди солимфикр бояд барои амният ва суботи ҷомеа ва кишвари худ ҳиссагузор бошад. Вазифаи имонӣ ва инсонии ҳар фарди намозгузор аст, ки паси намозҳои панҷвақтаи худ дуо кунад, то ки ватану мардуми кишвар ва хонаводааш ҳамеша дар тинҷию амонӣ ва сулҳу субот зиндагӣ дошта бошанд. Масалан мардуми кишварамон, ки солҳои ҷанги таҳмилиро аз сар гузарониданд, ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунанд, ки ҷанг даҳшат дорад ва амният чӣ неъматест. Худованд инсонро офарид, то болои замин зиндагӣ кунад, вале фасод наангезад, зеро Худованд фасодро дўст намедорад.
Имрўз алҳамду лиллоҳ кишвари мо яке аз кишварҳои боамну субот аст, ки мардум бо хотири ҷамъ ба кор мебароянд ва аз кор бармегарданд, касе ё нафаре ба онҳо зўроварӣ намекунад. Дилхоҳ инсон вақте дар кўчаҳо ва гулгаштҳо сайру гашт ва назора мекунад, бо чашми сар мебинад, ки ҳама пиру ҷавон ва марду зан бо чеҳраи хандон ва хотири болида қадам мезананд. Ин ҳолат болои шодии ҳар инсони миллатдўст ва ватанпарвар шодии дигаре зам мекунад. Баъзе афрод ё гурўҳҳо амну суботи ҷомеаи моро нодида гирифта санги маломат мепартоянд, лекин «касе дидаи бино надорад, офтобро чӣ гуноҳ» гуфтаанд бузургон.
Хомўшов Ҷамолиддин
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар