Паёми ҳидоят
Мо - мардуми кишвар ҳамеша шукргузорем, ки дар Ватани азизамон оромиву субот, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо буда, бо роҳбарӣ, дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осуда умр ба сар мебарем.
Мо, ходимони дини вилояти Хатлон, баробари омӯзиши муҳтавои Паёми Пешвои миллат тасмим гирифтем, ҷиҳати иҷрои нуктаҳои он, бахусус дар самти болоравии мақоми занон дар ҷомеа, саҳми худро гузорем. Мақому мартабаи зан - модарро Қуръони кариму ҳадисҳои набавӣ бо пуштибонӣ зикр караанд. Аз ҷониби Парвардигор омадааст: «Бо занон ба ваҷҳи писандида зиндагӣ кунед». Ё худ дар бештари ҳадисҳои ҳикматбори Расули Худо омадааст: «Бо занҳои худ лутф намуда, ҳамеша ғамхору меҳрубон бошед». Илова бар ин, дар мавриди тарбияи маънавии насли наврасу ҷавон тадбирҳои заруриро меандешем.
Пешвои миллатамон бо изҳори фараҳмандӣ дар Паёмашон таъкид доштанд: «Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд». Дар зимни он, изҳори нигаронӣ карданд, ки ҳанӯз ҳам сатҳи донишу маънавиёти насли наврас то як андоза мувофиқи матлаб нест. Бо назардошти боло бурдани сатҳи донишу маънавиёти насли наврас моро лозим аст, ки бо баргузории суҳбату вохӯриҳои судбахш ба ин раванд мусоидат намоем. Чунки имрӯзу ояндаи дурахшони давлатро танҳо фарзандоне метавонанд шукуфон созанд, ки соҳиби ақлу хирад ва бо тафаккури созандаву дурандешонаи хеш аз касбу ҳунарҳои замони муосир бархӯрдор бошанд. Паёмбарамон фармудаанд: «Талаб кунед илмро аз гаҳвора то гӯр».
Албатта, соҳибистиқлолии ҳар як кишвар нишони сарбаландӣ аст. Шукргузорем, ки миллати мо аз ин неъмати бебаҳо баҳравар буда, ҳамагон сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишварро дар сатҳи хотирмон пазироӣ менамоем. Ба ин мазмун низ Расули Худо гуфтаанд: «Ду неъматест, ки инсоният ҳамеша бехабар мемонад: яке амният, дигаре тандурустӣ».
Бо мақсади иҷрои ин иқдоми наҷибона, дар партави дастуру маслиҳатҳои Президенти мамлакатамон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди иншооти ниёзи мардум ба нақша гирифта шудааст. Дар ин росто низ, мақоми ходимони дин ба неки арзёбӣ хоҳад гардид.
Ҳар лаҳза мо - ходимони дин мардумро ба ватандорӣ, хештаншиносӣ, созандагиву бунёдкорӣ даъват намуда, кӯшиш менамоем, ки ҳисси ватандориро боз ҳам боло бардорем.
Албатта, бо баргузории мулоқоти судманди маърифатӣ, рӯ овардан ба иқдому ташаббусҳои созанда метавонем зиндагии хешро беҳбуд бахшида, Ватани соҳибистиқлоламонро боз ҳам ободу зеботар гардонем, ки ин умедвориҳо аз Паёми Пешвои миллат бармеоянд.
Усмоналӣ НУРОВ, муовини раиси Шӯрои
уламои Маркази исломии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон,
сархатиби шаҳри Бохтар
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар