АЗ МУКОФОТИ АМАЛ ҒОФИЛ МАШАВ...
Аз мукофоти амал ғофил машав,
Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав.
Бо шунидани хабари марги наҳзатие берун аз хоки Ватан ин мисраъҳо ба ёдам омад. Марги Қаландар Садруддинзода, яке аз муассисони ТЭТ ҲНИ бояд намунае барои насли ҷавон бошад, ки ҳамакнун дур аз ёру диёр аз дунё даргузашт.
Фитна аз қатл сахттар аст. Ин наҳзатии ифротӣ аз давроне, ки ин ҳизб яъне (ХНИТ) таъсис ёфт, фақат ва фақат аз паи ҷустуҷӯи фитна буд.
Накуномон баъд аз марг аз худ номи нек боқӣ гузоштанд, вале наҳзатиён фақат фитнаву иғво ба фарзандонашон мерос гузоштанд.
Имрӯз ҷасади Қаландар Садруддинзода интизори писар аст, вале писари аз обдони падар обхӯрда парвои падар надорад. Ҳақ ба ҷониби шоир аст, ки гуфтааст:
Хайфи умре, ки ҳама дар паи ғафлат гузарад,
Ба гирифтории дунёву ба ғафлат гузарад.
Асрориддин Ҳалимов
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар