Тантанаи адолат дар амри озодии виҷдон
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» баробари ду қонуни миллӣ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» , « Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» даҳсолаи охир дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ хизмати гаронмояеро ба ҷо овард.
Маҳз бо татбиқи ҳамин қонун бисёр масоили печида вобаста ба муносибат ба дин роҳи ҳалли худро ёфт. Дар кишваре мисли Тоҷикистон, ки аксарияти мардумаш пайравӣ як дин ва як мазҳаб мебошанд ва Конститутсия озодии ҳар шаҳрвандро нисбати пайравӣ ба ин ё он дин мустақилона кафолат додаст, дар чаҳорчӯбаи қонун танзим намудани муносибатҳои динӣ зарурияти воқеӣ дорад.
Тӯли даҳсоли амал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» барои шаҳрвандон имконият фароҳам овард, ки аз ҳуқуқ ва озодии худ пурра бархӯрдор бошанд.
Дар бораи дастоварди соҳибистиқлолӣ дар раванди озодии виҷдон дар мисоли давлате чун Тоҷикистон метавон мисолҳои фаровон овард. Ин вазифаи олимон, коршиносон ва ходимони дин аст.
Банда мехостам аз дастоварҳои дар чаҳорчӯбаи қонун фароҳамоварда дар мисоли ноҳияи дурдаст ва кӯҳистони Тоҷикобод чанд нуктае иброз дорам.
Пеш аз ҳама фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ки печида ва номуназзам буд, ба маҷрои муътадид ворид гардид. Ҳоло дар ноҳияе, ки зиёдтар аз 46 ҳазор аҳолӣ дорад , 1 масҷиди ҷомеи марказӣ , 2 масҷиди ҷомеъ, 16- масҷиди паҷвақта дар маҷмуъ 19 иттиҳодияҳои динӣ ба қайд гирифта шуда , фаъолият доранд. Ҳам дар сатҳи мамлакат ва ҳам дар сатҳи ноҳияи Тоҷикобод дар иртиботи афзоиши теъдоди ҳоҷиён – зоирони хонаи Худо метавонем аз озодии виҷдон ва тантанаи адолат беибо андеша ронем. Оид ба теъдоди зоирони ҳаҷ дар давраи Шӯравӣ пурсиши зиёд гузаронида бошем ҳам, ба зӯр мардум 2-3 нафарро номбар карданд, ки ҳамчун шаҳрванди ноҳия он даврон ба зиёрати Ҳаҷ мушараф шудаанд.
Дар солҳои амали қонун ҷиҳати қонеъ намудани мардум барои тоату ибодати озод корҳои мушаххас ба субут расонида шуд. Бо мусоидати ҳокимияти маҳал дар ҳамдастӣ бо соҳибкорони маҳал ва ҳашарҳои дастаҷамъона биноҳои муҳташами масҷидҳои ҷомеъ дар шаҳраки Тоҷикобод, деҳаҳои Нӯшори поён ва Одилобод сохта шуданд, ки ҳар кадом имконияти ғунҷоиши аз 800 то 1400 нафар намозгузорро доранд. Дар деҳаҳои Сари пул, Ширинчашма, Шарқиён ва дигар деҳаҳо биноҳои хуштарҳи масҷидҳои панҷвақта сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. Тӯли даҳсоли охир зиёда аз 30 –нафар ҷавонон Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзамро хатм намуда, қисмати бештари онҳо ба сифати омӯзгор, ходими дин анҷоми вазифа доранд.
Бо мақсади боло бурдани дониши ҳуқуқӣ ва огоҳии комили мусулмонон бо сиёсати давлат дар соҳаи дин корҳои амалӣ ба ҷо оварда мешаванд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дастури амалии ҳар як ходими дин ва шаҳрванди қаторӣ мебошад.
Бештар аз 200 адад китоби Қуръони маҷид бо тарҷума ва хатти кирилӣ дастраси мардум гардонида шуд.
Дар ин радиф китоб ва дастурҳои аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» « Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Одоби намозгузорӣ дар масҷид», « Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳамаи ҷамоатҳои деҳот дастрас гардиданд. Теъдоди обуначиён ба маҷаллаи «Дин ва ҷомеа» ҳамасола меафзояд.
Мардуми ноҳия аз он ифтихор доранд, ки Мавлавӣ Ҳикматулло Фатҳуллоҳ, ки аз машоихи донишвар ва обӯруманди тоҷик эътироф гардидааст, ҳамдиёрамон мебошад. Домулло Ҳикматулло муалифи 14-рисолаи таълиму тарбиявӣ ва пандуахлоқӣ буда , исломро бо тозагии он (ончи дар аҳодиси пайғамбарамон Муҳаммад (с) омадааст) дастгирӣ мекунад ва халқро ба накукорӣдаъват менамояд. Домулло талошҳои ҳизбгароӣ ва тундгароиро дар ислом рад мекунад.
Ҳамаи дастовардҳо дар соҳаи дин бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қонуни амалкунандаи соҳа ба даст омадааст.Мардуми ноҳияи Тоҷикобод аз тантанаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ шукргузор буда, аз ҳуқуқу озодиҳои хеш дар амри озодии виҷдон огоҳона истифода мекунанд.
Х. Миршоев,
мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИМҲД ноҳияи Тоҷикобод
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар