Ҳунарҳои мардумӣ – бахши муҳими анъанаҳои миллӣ ва масъалаи танзими ҳуқуқии онҳо
Низоми анъанаҳо ва ҷашну маросимҳои миллии тоҷикон ба ғайр аз анъанаҳои хусусияти байналмилалӣ-умумимусулмонӣ доштаи динӣ, инчунин, анъанаҳо ва ҷашну маросимҳои зиёди этникӣ-фарҳангиро дар бар мегирад, ки онҳо дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти моддӣ-ва маънавӣ татбиқ меёбанд. Як қисми ин мероси фарҳангӣ дар даврони зардуштӣ, қисми дувумашон дар давраи исломӣ, саввумиҳо – дар замони шӯравӣ пайдо шуда, хазинаи фарҳанги миллии моро ғановат бахшидаанд. Онҳоро аз лиҳози мансубият ё даврабандии таърихӣ ба ду қисмати асосӣ ҷудо кардан мумкин аст: а) анъанаву маросимҳои тоисломӣ; б) анъанаву маросимҳои исломӣ. Аз нуқтаи назари мансубият ба ин ё он соҳаи ҳаёти ҷомеа бошад, соири анъанаву маросимҳои милливу динии тоисломӣ ва исломии тоҷиконро ба чунин қисматҳои асосӣ ҷудо кардан мумкин аст: -анъанаву маросимҳои марбути ибодат ва диёнат; – анъанаҳои марбут ба соҳаи давлатдорӣ ва ҳуқуқ; – анъанаву маросимҳои оилавӣ-маишӣ; анъанаҳои иҷтимоӣ, меҳнатӣ – хоҷагидорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ. Таҳлили раванди таърихии рушди ҳар кадоми ин гурӯҳҳои анъанаҳо ва мазмуни таркибии онҳо чи дар масири таърих ва чи дар замони муосир нишон медиҳад, ки онҳо дар баробари навъи мустақили меъёрҳои иҷтимоӣ будан, вобаста аз шароити давру замони муайян, метавонанд табиати ҳукуқӣ ба худ касб намуда, бо ин роҳ ба низоми ҳуқуқӣ таъсир ва нуфузи худро расонанд. Чунин хусусият алалхусус хоси анъанаву маросимҳои марбути ибодат ва диёнат, соҳаи давлатдорӣ ва ҳуқуқ, инчунин анъанаву маросимҳои оилавӣ-маишӣ мебошад. Аз доираи худ баромадани урфу одат ва ананаҳо, яъне хусусияти ифротӣ ва хурофотӣ гирифтани онҳо ба вазъи ҳаёти моддӣ ва маънавии ҷомеа ҳамеша таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ҳамин, барои пешгирии ин қабил таъсири манфии анъанаҳо ба вазъи зиндагии аҳли ҷомеа, ҳар як давлати муосири миллӣ дар пеши худ вазифаи танзим намудан ва ба меъёри муайяни ҳуқуқӣ даровардани онҳоро мегузорад. Аз миёни гурӯҳхои дар боло зикршудаи анъанаҳои милливу динии тоҷикон, дар гузашта аз ҳама бештар баъзе анъанаву маросимҳои марбути ибодат ва диёнат ва маросимҳои оилавӣ-маишӣ бо унсурҳои ифротӣ ва хурофотӣ омезиш ёфта буданд ва чунин вазъи онҳо боиси ба ҳаёти моддиву маънавии аҳли ҷомеа таъсири манфӣ расонидан онҳо мешуд. Аз ин рӯ, пас аз истиқлолияти давлатиро касб намудани Тоҷикистон, масъалаи танзими ин гурӯҳҳои анъанаҳои милливу динӣ ба яке аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат табдил ёфт. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумхурии Тоҷикистон” маҳз барои иҷрои ҳамин вазифаи муҳими иҷтимоӣ-фарҳангӣ қабул гардида буд. Қонуни мазкур фишори хароҷоти ниҳоят сангини ҷашну маросимҳои миллиро барои мардуми камбизоат коҳиш дода, ба онҳо имконият дод, ки ҷашну маросимҳои суннатии худро бо харҷи камтар баргузор кунанд. Қонуни мазкур як зумра ҷашну маросим ва анъанаҳои бемаъниро, ки аслан барои фарҳанги милливу динии мо бегона буда, дар раванди ҷаҳонишавӣ ба таври сунъӣ ба фарҳанги миллии мо ворид гаштаанд, аз байн бурд ва маросимҳои соф миллиро дар худ нигоҳ дошт. Он на танҳо боиси беҳтар шудани рӯзгори мардум, балки боиси рушди ҳаёти маънавӣ ва ахлоқии мардуми ҷумҳурӣ низ гардидааст. Аммо, тавре, ки қаблан зикр гардид, низоми анъанаҳои миллии тоҷикон ба ғайр аз ҷашну маросимҳое, ки онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумхурии Тоҷикистон” танзим намудааст, инчунин, гурӯҳхои дигари анъанаҳои иҷтимоӣ, азҷумла ҳунарҳои мардумӣ ва маросими марбут ба онҳоро низ дар бар мегирад. Дар ҳақиқат, ҳунарҳои мардумӣ қисми муҳимтарини анъанаҳои фарҳангии ҳар як халқу миллат ба шумор мераванд, ки дар гузашта дар тӯли садсолаҳову ҳазорсолаҳо дар рушди ҳаёти моддиву маънавии ҳар як халқу миллат нақши калидиро иҷро мекарданд. Бояд эътироф кард, ки дар даврони шӯравӣ, дар баробари саноатикунонии соҳаҳои меҳнат, дар рохи инкишофи хунархои мардумӣ мушкилоти зиёде ба вуҷуд омад ва ҳатто бархе аз онхо қариб аз байн рафтанд. Бинобар ин, вазифаи дигаре муҳиме, ки ҳукумат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пас аз 10 соли татбиқи муваффақонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумхурии Тоҷикистон” ба иҷрои он иқдом намуд, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ буд. Бо иқдоми навбатии Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Дар доираи татбики ин иқдоми неку созандаи сарвари давлат ва Пешвои миллат оид ба эхё ва рушди ҳунархои мардумӣ, танҳо дар соли 2018 дар шахру нохияхои гуногуни Точикистон даҳҳо мактаби ҳунармандон ташкил карда шуда, маъракаи эҳё, омӯзиш ва такмилу татбиқи ҳунарҳои анъанавии мардумӣ тибқи усули анъанавии миллии “устод-шогирд” оғоз ёфт. Дар оғзи соли равон сарвари давлат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як иқдоми дигареро аз худ нишон дода, солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Дар партави ин иқдоми нек раванди эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ суръати тоза ба худ гирифт. Гуфтан мумкин аст, ки ин иқдомҳои неки сарвари давлат барои танзими ҳуқуқии ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун қисми муҳими анъанаҳои неку созандаи миллӣ мусоидат намуда, барои ҷомеа пайомадҳои неки моддиву маънавӣ ба дунбол доранд. Ҷиҳати муваффақона дар амал татбиқ намудани ин иқдомҳои сарвари давлат ва такмили заминаҳои ҳуқуқиву иҷтимоии рушди ҳунарҳои мардумӣ, таҳқиқи таърихи ҳунарҳои мардумӣ ва таснифу тавсифи соҳавии онҳо, муайян кардани сарчашмаҳои таърихии пайдоиш, танзим ва рушди онҳо, инчунин, таҳқиқи ҷанбаҳои динӣ ва фалсафии масъалаи рушди ҳунарҳои мардумӣ хеле зарур ва муфид мебошад. Дар таҳқиқи ин масъалаҳои муҳим муассисаҳои дахлдори илмиву таҳқиқотӣ, азҷумла, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пажӯҳиши анъанаҳои миллӣ яке аз самтҳои асосии фаолияти он мебошад, накши муҳимеро иҷро карда метавонанд.
Зиёвиддин Шоев – сардори шуъбаи пажуҳиши анъанаҳо, ҷашну маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар