Асосӣ Мақолаҳо Файзулло Баротзода: «Дар анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва динию мазҳабии мо дар моҳи шарифи Рамазон болобарии нарх тамоман вуҷуд надошт»

Файзулло Баротзода: «Дар анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва динию мазҳабии мо дар моҳи шарифи Рамазон болобарии нарх тамоман вуҷуд надошт»

Файзулло Баротзода: «Дар анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва динию мазҳабии мо дар моҳи шарифи Рамазон болобарии нарх тамоман вуҷуд надошт»
2019-05-21
3103

Дар доираи арҷгузорӣ ба арзишҳои волои фарҳанги миллӣ ва муқаддасоти динию эътиқодӣ Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон мардуми шарифи мамлакатро табрик намуда, иброз доштанд, ки яке аз воҷиботи моҳи Рамазон- ин парҳезгорӣ ва накӯкорӣ, худдорӣ аз аъмоли зишт, аёдати падару модар, беморону ранҷурон буда, ҳамчунин ҳикматҳои ин моҳи шариф ғолибияти ақл бар нафс, шукронаи неъмат, заҳмат кашидан дар роҳи офаридани неъматҳои моддӣ мебошад.

Дар такя ба гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва баланд гардидани нархи баъзе маҳсулот дар бозорҳои мамлакат дар моҳи Рамазон мулоҳизаҳои директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло БАРОТЗОДАро манзури хонандагон мегардонем:

-Дар сиёсати фарҳангсолории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танзими анъана ва ҷашну маросими миллию динӣ ҳамеша ҷойгоҳи махсус дошт ва ҳоло ҳам дорад. Ҷавҳари мантиқии ин сиёсат иборат аз он аст, ки тамоми шаҳрвандони кишвар дар фарҳанги рафтор, пешбурди роҳи зиндагӣ ва иҷрои муқаррароти динию мазҳабӣ ба урфу одат ва суннатҳои мардумии тоҷикон бартарият диҳанд, аз тақлиди кӯркӯрона, худнамоӣ, исрофкорӣ ва ноогоҳона пайравӣ кардан ба меъёрҳои фарҳангию эътиқодии дигарон дурӣ биҷӯянд.

Эҳёи дастовардҳои арзандаи ниёгони пурифтихор ва пазируфтани навгониҳо дар фазои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони азизу маҳбуб бояд дар доираи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, адлу инсоф, ақлу мантиқ ва идроку ҳушёрӣ ба вуқӯъ пайвандад. Зеро шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ, зарурати таъмини рушди устувори иқтисодиёти Ватан, ҳифзи фазои оромӣ ва ваҳдати миллӣ тақозо менамояд, ки мо дар маҷмӯи гуфтору рафтору кирдорамон некӯ нигоҳ доштани андоза ва мувозинати арзишҳои дунявию эътиқодиро холисона риоя кунем.

Хусусиятҳои фарҳанги тоҷиктаборон дар масъалаи ҳаёти динӣ аз он иборат аст, ки олимону фақеҳони ҳавзаҳои илмӣ дар қаламрави давлати Сомониён тамоми анъанаҳои миллию фарҳангии худро бо муқаррароти рукнҳои дини ислом дар асоси таълимоти мовароуннаҳрии мазҳаби ҳанафӣ мӯшикофона мутобиқ намуданд. Ҳамин буд, ки фарҳанги рӯзадорӣ бо баргузории маросими марбут ба иди Фитр ҳамчун ҷузъи таркибии анъанаҳои умумимиллии тоҷикон ҷойгоҳи муносиб пайдо кард ва дар таҳкими ахлоқу маънавиёти ҷомеа таъсиргузор гардид. Аслан фазилатҳои наҷиби ин моҳ пойдевори динӣ дошта, ба зарурати ҳамкорию ҳамбастагӣ дар ҷомеа, тарбияи баланди ахлоқии насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ ва тақвою шикастанафсӣ, дастгирию ғамхорӣ нисбат ба ятимону маъюбон ва шахсони бепарастору оилаҳои камбизоат такя менамояд ва онро вазифаи ҳар шахси тақводору тавонманд муқаррар кардааст. Бовару эътиқоди мардумӣ маҳз дар ваҳдати гуфтору кирдор, ботину зоҳир ва бовару имон ифода меёбад, ки ҷамъбасти ҷавонмардонаи он бо дастгирии фитодагон ва ниёзмандон татбиқи амалӣ пайдо мекунад. Ҳамаи мусулмонон, аз ҷумла ниёгони мо бар ин бовар буданд, ки дар тӯли моҳи сиёму қиёму қироати Қуръон болидарӯҳӣ, аз ҳарвақта бештар шудани корҳои хайру саховат, дастгирии эҳтиёҷмандон ва ғамхорию меҳрубонии раияту сарварон дучанд мегардад. Ҳамин ҷиҳати масъала, яъне хайру эҳсон кардан ва инсондӯстӣ бо анъанаҳои тоисломии миллию фарҳангии тоҷиктаборон омезиши барҷаста пайдо кард ва дар матни дини нав тасдиқ намуд, ки рисолати бузурги парҳезкорӣ, тақводорӣ ва худоҷӯӣ, пеш аз ҳама, дар дасти ёрӣ расонидан ба ниёзмандон аз мавқеи баланди башардӯстӣ зоҳир мегардад. Чунин рафтори мусулмонони тоҷиктабор ҳатто дар он шароити асримиёнагӣ заминаҳои устуворе барои расидан ба баробарии иҷтимоӣ омода карда тавонист, силаи раҳм ва изҳори тараҳҳум дар байни ҳамдигарро тақвият бахшид.

Дар табрикоти имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон чунин таъкид гардидааст: «Яъне рӯзадорӣ дар табиати одамон, пеш аз ҳама, пок нигоҳ доштани дилу забон, зоҳиру ботин, бо муомилаи неку меҳрубонӣ ба ҷо овардани иззати инсон ва раҳму шафқатро бедор месозад. Мардуми мусулмони мо дар ин моҳи муборак ба аёдати падару модарон ва беморону камбизоатҳо мераванд, ба ятимону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманд кумак мерасонанд, то ки бо чунин аъмоли хайрхоҳона соҳиби савоби бештар гарданд».

Воқеан ба хотири гиромидошти боварҳо ва дарёфти хушнудии Худои Офаридгор ҳамаи мусулмонон, бахусус шахсони тавонманд олиҳимматӣ зоҳир мекунанд, ба шахсони ниёзманд дасти ёрӣ дароз менамоянд, амалҳои инсондӯстона ва худоҷӯёна анҷом медиҳанд, эҳтиёткорона рафтор мекунанд, то касеро наранҷонанду озор надиҳанд, балки бо ҳар роҳу васила пирону барҷомондагон ва кӯдакону ятимонро мавриди дилбардорӣ ва навозиш қарор бидиҳанд. Бешубҳа, чунин рафтор боиси тақвияти бародарӣ, баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, одамият ва раҳму шафқат дар байни шаҳрвандон ва таҳкими пайвандҳои иҷтимоӣ мегардад.

Аз ин ҷиҳат, тоату ибодат ва сабру таҳаммул дар адои фароизи ин моҳ ҳамчун як рукни панҷгонаи ислом ғанимат шумурдани фурсати изҳори хайру баракат, саховат ва кумаку ёрмандӣ ба ниёзмандонро дучанд месозад. Дар матни рӯзгори мо додани ҳама гуна садақот дар ин моҳ, бешубҳа, яке аз василаҳои муҳими дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва эҷоди пайвандҳои дӯстию муҳаббат дар байни қишри мусулмонони ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ҳар мусулмоне, ки тавоноии молӣ дорад, бояд ҳама гуна садақаи худро ба хотири дастгирӣ ва кумак ба ятимону бенавоён ва фақирону бечорагон адо намояд.

Дар иртибот ба ҳамин масъала Пешвои миллат дар табрикоти имсолаашон бисёр ба маврид таъкид карданд, ки «дар ояти 60 сураи «Тавба» ба таври равшану возеҳ ба кадом табақаи одамон додани садақа баён шудааст. Садақаи фитр ва хайрот, пеш аз ҳама, ба наздикон, хешу табори камбизоату муҳтоҷ, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, яъне ятимону маъюбон, шахсони бесаробон ва оилаҳои камбизоат аз ҳисоби заҳмати ҳалол ва бо дасту қалби пок дода мешавад. Дар ин раванд бояд донист, ки ҳама гуна рафтори дорои хусусияти зоҳирпарастӣ, худнамоӣ ва исрофкорӣ ҳеҷ маънӣ надорад».

Воқеан бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарғиби ғояҳои пешқадами демократию инсондӯстӣ тақозо менамояд, ки дар матни ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии кишвари азизамон нофаҳмиҳо, каҷравиҳо ва азхудкуниҳои нодуруст дар муомила бо маблағҳои садақа ба танзим дароварда шаванд.

Агар аз мавқеи тақвову парҳезгорӣ ва худотарсию худоҷӯӣ масъаларо баррасӣ карданӣ бошем, пеш аз ҳама, инро бояд донист, ки садақа дар ҳама гуна шаклу муҳтавои ифодаи худ махсуси табақаҳои муайяни мардум мебошад, чунончи дар ояти карима баён шудааст: «Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён ва коркунон бар ҷамъи садақот; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии бардаҳо ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон аст; (ва он) ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст» (Тавба, 9:60). Аз мазмуни ин оят комилан равшан мешавад, ки додани садақаҳо барои 8 гурӯҳи одамон – фақирон, бенавоён, омилон (кормандон) барои ҷамъ кардани садақаҳо, касони дилҳояшон улфатёфта (нав ислом овардагон), озод кардани асирон, қарздорон, харҷ кардан дар роҳи Худо ва мусофирон муайян ва табақабандӣ шудааст. Тибқи ҳукми собитшудаи ин оят, муфассирон дар баёни ба гирифтани садақа ниёзманд будани ҳар як аз табақаи зикршуда тафсилоти возеҳу равшан додаанд. Дар «Тафсири Табарӣ», ки тамоми ахбори олимону фақеҳони се садаи аввали исломро дар бораи оятҳои Қуръон гирдоварӣ намудааст, вазъи иҷтимоии табақаҳои садақагиранда чунин шарҳ дода мешавад: 1. Фақир – шахси нодор ва камбизоат аст, валекин камбудии иҷтимоии худро ошкор намекунад. Ӯ дар фикри беҳтар намудани вазъи иқтисодиаш буда, барои беҳбудии худ аз касе чизе намепурсад; 2. Мискин каси сахт эҳтиёҷманде аст, ки аслан манзилу ҷой ва чизе надорад ва нодориашро ошкор карда, аз мардум ҳар чиз талаб мекунад; 3. Омилони садақа афроде ҳастанд, ки барои ҷамъ овардани садақаҳо аз ҷониби ҳокимону волиён масъул гардонида шудаанд. Ин маънои онро надорад, ки ӯ маблағи садақаро мувофиқи хоҳишу рағбаташ сарф намояд, балки аз ҳисоби маблағи садақа барои онҳо дастмузди муайян дода мешавад. Онҳоро ҷубот низ меноманд ва то инқилоби болшевикӣ дар қаламрави Аморати Бухоро масъулони андозро аз решаи ҳамин калима ҷебачӣ мегуфтанд; 4. Касони дилҳояшон улфатёфта (нав ислом овардагон) шахсоне мебошанд, ки онҳоро дар таъбири мардумии тоҷикон «Худо дар дилаш мусулмониро андохтааст» мегӯянд. Аз рӯйи таснифоти муфассирон ин табақа аз чанд қисмат иборатанд: касоне, ки мусулмон нестанд ва ба хотири нарм намудани таваҷҷуҳи онҳо додани садақа барояшон дуруст шумурда мешавад; ҳоло ба кишварҳои тоза исломоварда ҳам як қисмати садақа ҷудо карда мешавад; 5. Риқоб – бардагонеанд, ки барои озод шудан ба маблағ эҳтиёҷ доранд. 84 нафар тифле, ки бо ташаббуси Пешвои миллат аз асорати гурӯҳҳои ифротӣ озод шуда, ба Ватан баргардонида шуданд, беҳтарин намунаи ҳамин намуди садақа аст; 6. Ғорим шахсони қарздореанд, ки мубталои банду балое шудаанд ё ба сабаби ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор ва селу боришот молу мулк ва дороияшонро аз даст додаанд; 7. Дар роҳи Худо садақа кардан маънои онро дорад, ки як миқдор маблағ аз ин ҳисоб барои шахсоне ҷудо карда шавад, ки илму дониш меомӯзанд ва баъди соҳибилм шудан дар кишварҳои мусулмонӣ фаъолият мекунанд; инчунин барои анҷом додани тамоми корҳои некӯ, ба мисли такфин ва ба хок супурдани маййит, сохтани роҳу пулҳо, бино, корвонсарой ва қалъаҳо, бунёди масҷиду мактаб ва хароҷоти ҳаҷҷи хешовандон ва мусулмонони арзандаи дигарро пардохт кардан амали дар роҳи Худо анҷомдода муқаррар кардаанд; 8. Ибни сабил мусофироне мебошанд, ки дар асл ба чизе эҳтиёҷ надоранд, вале бо сабаби дурӣ аз ҷойи истиқомати доимиашон барои масрафи ҳоҷатҳояшон ба маблағ (ба монанди донишҷӯёни дур аз ҷойи зисти доимӣ) ниёз доранд.

Хушбахтона, дар шароити кунунии ҷомеаи шаҳрвандии мо доир ба масъалаи баҳогузорӣ ба арзишҳои динӣ, дар пояи фарҳанг-солории суннатӣ ҷобаҷогузорӣ ва ба манфиатҳои миллию амниятии давлати ҷавони Тоҷикистон сафарбар намудани онҳо ҳолати созгори маънавӣ  падид омадааст. Мардуми мусулмони кишвар падидаи номатлуби ба тиҷорат гузоштани дину ақидаи асили худ ва бе қайду шарт рӯ овардан ба мазҳабҳои бегонаро дуруст фаҳмида, дарк намуданд, ки ин қабил рафторҳо ба фарҳангу давлатдории миллӣ зиён мерасонад. Акнун роҳбарияту раият бар ин андеша бо ҳам омадаанд, ки хамирмояи равонӣ ва маънавии миллиро инчунин ваҳдати эътиқодии миллат низ ташаккул медиҳад.

Дар анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва динию мазҳабии мо дар моҳи шарифи Рамазон фикру андешаи боло бурдани нархгузорӣ тамоман вуҷуд надошт. Зеро мардум медонистанд, ки ҳам дар фарҳанги миллии мо ва ҳам тибқи далолати оятҳои «Қуръон» ба ҳадисҳои набавӣ ин корро анҷом додан хайру баракати ҳар як шахс ва хонадонро дар бобати баланд бурдани нарх  аз байн мебурд. Ҳадиси машҳури Пайғамбари ислом аст, ки «Ал-ҷолибу марзуқун, вал-муҳтакиру малъунун». Ин маънои онро дорад, он касе, ки дар моҳи рамазон бо сабаби арзон кардани молу ашёи худ мардумро ҷалб мекунад, ризқи ӯро Худо афзун менамояд. Он нафаре, ки баръакс, саъю талоши боло бурдани  нарх мекунаду аз ин тариқа даромади муфт ба даст меорад, Худо ӯро дар кору зиндагияш шармсор мекунад. Яъне ҳикмату фарҳанги асосии моҳи Рамазон аз он иборат аст, ки инсонҳо бояд муддати як моҳ ба шикастанафсӣ машғул шаванд.

Бояд гуфт, ки мардуми шарифи кишвар хуб медонанд, ки Пешвои муаззами миллат ҳар моҳи Рамазон шахсан ба ятимону барҷомондагон дасти кумак расонида, суннати мондагори мазҳаби ҳанафии ниёгони пурифтихорамонро идомат мебахшанд. Беҳтар он бошад, ки ҳамаи мо ҳам ҳиммат бар ояндаи фаровону дурахшон бигуморем ва имрӯз хайру садақоти худро холисона ба бародарону хоҳарон ва хешони наздики ниёзманд, ҳамсояҳо, ятимону маъюбон, бепарасторон ва муҳтоҷон бирасонем, то хушнудию ризомандии Худованд насибамон гардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар