Рамазон - моҳи раҳмату баракат
Худованд рӯзаро ҳамон гуна, ки бар умматҳои пеш аз ислом фарз гардонида буд, онро бар уммати ҳазрати Муҳаммад (с) низ фарз гардонидааст, он ҷо, ки мефармояд:
«Эй касоне, ки имон овардаед, бар шумо рӯза доштан лозим карда шуд, чунон ки бар касоне лозим карда шуд, ки пеш аз шумо буданд, то бошад ки парҳезгорӣ кунед!» (сураи «Бақара», ояти 183).
Моҳи Рамазон моҳи сулҳу субот ва покӣ аз нифоқаст. Дар ҳадиси қуддсие омадааст, ки Худованд рӯзаро аз байни дигар ибодатҳо ихтиёр намуда, мегӯяд: «Вақте касе аз шумо рӯзадор бошад, ҳаргиз сухани беҳудаву зишт нагӯяд ва доду фарёд накашад ва аз аъмоли ҷоҳилона парҳез намояд. Агар касе ӯро дашном диҳад ё ба ситеза (ҷанҷол) бархезад, ба вай бигӯяд: Ман рӯзадор ҳастам, ман рӯзадор ҳастам».
Он Ҳазрат (с) боз мефармояд: «Касе аз гуфтори дурӯғ ва беҳуда ва амал ба он даст барнадорад, Худо ҳеҷ ниёзе ба худдории вай аз хӯрдану нӯшиданаш надорад» («Саҳеҳ»-и Бухорӣ, 1903, 6507; «Сунан»-и Абӯдовуд, 2362; «Сунан»-и Тирмизӣ, 707; «Сунан»-и Ибни Моҷа, 1689).
Моҳи шарифи Рамазон мувофиқи таълимоти исломӣ моҳи нузули Қуръон, моҳи хайру баракат, моҳи ибодат, моҳи аз ҳоли беморон ва мӯҳтоҷон хабардор шудан ва моҳи аз буғзу адоват дур будан аст. Бояд ҳар як мусулмон ин моҳро аз моҳҳои дигар фарқ кунад, ҳурмати моҳи Рамазонро ба ҷо орад. Он некиҳое, ки аз дасташ барои халқ меояд, дареғ надорад. Аз ҳама бадиҳою гуноҳҳо худдорӣ кунад ва дигаронро низ ба роҳи ростӣ ва накӯкорӣ ҳидоят намояд.
Анъана ва суннати неки дигаре, ки дар моҳи Рамазон анҷом дода мешавад, ба ниёзмандон хайру саховат кардан мебошад.
Аз ин рӯ, яке аз фавоиди рӯза таваҷҷуҳ ба ҳоли бечорагон ва огоҳ шудан аз аҳволи фуқаро ва мустамандон мебошад. Ногуфта намонад, ки худ меҳру муҳаббат аз ранҷ маншаъ мегирад. Ва ҳар вақте сарватмандон ба фуқаро меҳру муҳаббат ва бахшиш дошта бошанд, дар байни табақоти ҷомеа як сафову самимият ба вуҷуд меояд. Пайғамбар (с) бисёр саховатманд буданд, бахусус дар моҳи Рамазон аз роҳи ҷуду эҳсон зиёдтар кор мегирифтанд.
Дар Қуръони карим хайру садақа кардан дар тамоми ҳолатҳо – дар шабу дар рӯз, пинҳону ошкоро ва ҳини тавонгариву аснои тангдастӣ таъкид шудааст. Аз ин рӯ, ҳар кас ба қадри тавону дороии худ дар инфоқ – хайру садақа кардан, кӯшиш ва ҷидду ҷаҳд ба кор мебарад: садақаи фитр ва закоти молашро медиҳад, хайрот мекунад, дар анҷом додани амалҳои хайр ва накӯкорӣ мекӯшад.
Дар моҳи Рамазон садақаи ҷория савоби беандоза дорад. Таъмир ва азнавсозӣ намудани роҳҳо, кӯпрукҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, мактабу синфхонаҳо аз ҷумлаи садақаи ҷория мебошанд, ки анҷомдиҳандаи он ҳам дар дунё ва ҳам дар охират аз ин амалҳои нек савоб мегирад. Намунаи дигари садақаи ҷория сохтани ҳаммомхонаҳо дар деҳот мебошад. Зеро нисбат ба шаҳрҳо, дар деҳот мардум ба ҳаммомхона эҳтиёҷи бештар дошта, соҳибкороне, ки чунин амали хайр анҷом медиҳанд, савобе ба даст меоранд, ки гӯё ташнаеро сероб карда бошанд.
Расули акрам (с) дар саховатмандӣ, ҷавонмардӣ ва ғамхориву дилсӯзӣ ба ниёзмандон намунаи ибрат буд. Дар моҳи мубораки Рамазон аз дигар моҳҳо бештар некӣ мекард, ба бахшишу эҳсон мепардохт, сахитару бахшандатар ва аз боди вазон ҳам дастбахайртар буд. Пайғамбари гиромӣ фармудааст:
«Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад».
Аз ин рӯ, дар ин моҳи муборак ба ятиму бечора, муҳтоҷу дармонда дасти ёрӣ дароз намудан, дар ободии кишвар саҳмгузор будан, дар баровардани ниёзҳои мардум ҳарис будан ҳам фарз асту ҳам суннат.
Дар ин моҳи пурфайз дар саросари ҷумҳурӣ намози таровеҳ хонда мешавад. Бинобар ин, дар намозҳо ба мардум фазилати дӯстиву рафоқат, тозагиву ободкорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаро тарғиб карда, хусусан дар ҷавонон бояд ҳисси ватандӯстиро бедор кунем, ба онҳо моҳият ва бартарии мазҳаби ҳанафиро фаҳмонда, бо ҳар роҳу восита кӯшиш намоем, ки ихтилофоти мазҳабӣ аз ҷомеаи мо пурра бартараф шавад.
Масъалаи дигаре, ки хоси Рамазон аст, ин масъалаи адои садақаи фитр мебошад.
Худои тавоно дар ояти 60-и сураи «Тавба» фармудааст:
«Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва мискинон ва омилони садақот; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии бардаҳо ва барои вомдорон (қарздорон) ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон аст; (ва он) ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст».
Чуноне аз ин ояти карима бармеояд, садақаи фитр барои муҳтоҷу дармонда пешбинӣ шудааст. Аммо, баъзе одамон ба таассуб роҳ дода, аҳкоми илоҳиро нодуруст маънидод мекунанд. Додани садақаи фитр ба имоми масҷид ва пири маҳалла, ки аз пушти ӯ намоз мехонем, агар худ муҳтоҷ набошад, ҷоиз нест! Зеро барои хондани намоз ситонидани садақаи фитр бо аҳкоми илоҳӣ мухолифат дорад. Аз қадимулайём хондани намоз бе маблағ буд. Аз ин рӯ, мо бояд ба маҳалла, хешу табор, ҳамсояҳо назар кунем, агар дар байни онҳо касе муҳтоҷи садақа бошад, садақаи фитрро ба ӯ диҳем.
Агар шахсони доро нияти ризои Худо ва қабули ибодатро дошта бошанд, ба хонаҳои ятимону бепарасторон хайру эҳсон кунанд, аз мақомоти маҳаллӣ рӯйхати муҳтоҷонро гирифта, ба онҳо закоти худро диҳанд, беҳтару авлотар аст.
Аз Зайд ибни Холид (раз.) ривоят аст, ки Пайғамбари акрам (с) фармудаанд: «Ҳар кӣ рӯзадореро ифтор диҳад, мисли савоби рӯзадор савоб мегирад, дар ҳоле ки аз савоби рӯзадор чизе кам карда намешавад» (Ривояти Аҳмад, Тирмизӣ, Ибни Моҷа ва Ибни Ҳиббон).
Бинобар ин, мо бояд ба хонаҳои ятимону пиронсолон рафта, ба онҳо таом диҳем, зеро мардуми дастнигар бештар ба хайру эҳсон эҳтиёҷ доранд. Имрӯз ба оростани дастурхон ва даъвати меҳмонони зиёд зарурат намондааст. Беҳтар ин аст, ки мардум таоми пухтаро ба ҳамсоягон тақсим кунанд, дар ин ҳол аз ин таом аъзои хонаводаҳо – хурду калон тановул карда, савоби бештаре ҳосил мешавад.
Падидаи дигаре, ки дар моҳи Рамазон ва арафаи идҳо зоҳир мегардад, ин баланд бурдани нархи маҳсулот мебошад.
Баъзе «ҷавонмардон»-е ҳастанд, ки моҳи Рамазонро бесаброна интизор мешаванд. Шумо гумон мекунед, ки барои дарёфти савоб? Не, хато кардед. Барои гарон кардани нархи маҳсулот. Агар дар тамоми дунё мардум рӯзадоронро ҳурмат намуда, молҳояшонро арзон кунанд, дар бозорҳои мо баръакс нарху наво аз ҷониби чунин «савобҷӯён» баланд карда мешавад. Оё ин мусулмонӣ аст? Магар ин савдогарон аз моҳи Рамазон баҳрае мебаранд? Гумон аст, ки онҳо савобе ба даст оранд. Ба гуфти Расули акрам (с) Худованд ба рӯзадории онҳо эҳтиёҷ надорад. Чунин ашхос аз Рамазон танҳо ташнагиву гуруснагӣ ҳосил мекунанду халос, аз савоб ба онҳо чизе намерасад. Зеро бадхоҳи мардум будан ва аз моҳи Рамазон сӯиистифода бурдан муқобили таълимоти дини мубини ислом аст.
Дар ин маврид Пайғамбари акрам (с) фармудаанд:
«Касе, ки фиребкорӣ мекунад, аз мо нест».
Аз Ҷобир (раз.) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармудааст: «Худо раҳмат кунад марди ҷавонмардро, ки ҳар гоҳ бифурӯшад ё харидорӣ кунад ва ё талаб намояд, ҷавонмардиро муроот кунад».
Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят аст, ки Пайғамбари гиромӣ (с) дар мавриди осонгирӣ ва гузашт дар муомилоти хариду фурӯш фармудааст:
«Раҳмати Худо бар касе бод, ки ҳангоми харидуфурӯш ва ҳангоми талаби ҳаққаш осонгир бошад».
Аз ин рӯ, мо бояд инсофро пеша намуда, ҳаракат кунем, ки ба мардум нафъ расонем, ба якдигар дасти ёрӣ дароз кунем, хислатҳои неки инсониро риоя намоем. Ин аст ҳикмати Рамазон!
Моҳи Рамазон яке аз чор моҳҳои ҳаром маҳсуб меёбад, яъне аз давраҳои пеш аз ислом мардум ба ҳурмати моҳҳои ҳаром аз бадиву бадхоҳӣ, ҷангу ҷидол, қатлу хунрезӣ даст мекашиданд, қабилаҳои ба ҳам душман ҷангҳои худро қатъ мекарданд, хулоса тамоми корҳое, ки хилофи шариат бошад, дар моҳи Рамазон ҳаром карда шудааст.
Қабл аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» қисме аз маросиму маъракаҳо бо сабаби серхарҷ буданашон боиси ба вуҷуд омадани зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа гардида, ба оилаҳои камбизоат зарари зиёд мерасониданд ва боиси исрофкорӣ мешуданд. Имрӯз бошад мардум моҳияти қонунро дуруст дарк намудаанд. Дар натиҷа маблағҳои сарфашудаи шаҳрвандон барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагӣ, бунёду обод гардонидани манзилҳои истиқоматӣ, харидории воситаҳои нақлиёт ва асбобу таҷҳизоти рӯзгор, инчунин, барои таълиму тарбияи фарзандон равона шуда истодаанд. Ин ҳама аз дастовардҳои истиқлолият аст.
Дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пайравӣ ба эътиқодоти динӣ беандозаанд. Маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мо дар фазои озоди динӣ зиндагӣ намуда, эътиқодоти мазҳабии худро қонеъ мекунем, озодона намоз мехонем, рӯза медорем, идҳои Рамазону Қурбонро ҷашн мегирем. Бинобар ин, бояд ба қадри сулҳу субот, ба қадри заҳматҳои Пешвои миллат бирасем ва шукронаи онро ба ҷо орем.
Моро зарур аст, ки дар ин моҳи муборак нисбати ҳамдигар меҳрубон бошем, ба фақирону мискинон дасти ёрӣ дароз кунем, сари ятимонро сила кунем, бо хешу ақрабо, ҳамсоягон, ёру дӯстон муносибати хубро барқарор кунем, аз дилҳои худ кинаву адоватро дур созем, ба одамоне, ки аз сабаби ҷоҳилӣ нисбати давлату ватани худ ғаразе доранд, насиҳат кунем. Инчунин ҳар кас бояд ба ватану миллати худ содиқ, дар ҳифзи марзу буми он ҳамеша омода, номуси ватандорӣ дошта бошад, иззату обрӯи роҳбарони давлатро нигаҳ дорад ва дар ободонии диёри азиз саҳмгузор бошад.
Бошад, ки моҳи мубораки Рамазон мактаби парҳезгорӣ, ҷавонмардиву саховат, раҳмату мағфират, оромиву осоиш ва файзу баракат дар хонадони ҳар як сокини ҷумҳурӣ гардад!
Абдураҳмон Мавлонов,
сардори раёсати таҳлил ва ташхиси
диншиносии Кумитаи дин.
Аҳлиддин Сайвалиев,
мутахассиси пешбари Раёсати танзими
анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар