Асосӣ Мақолаҳо Танзими муносибат ба дин дар давлати миллӣ

Танзими муносибат ба дин дар давлати миллӣ

Танзими муносибат ба дин дар давлати миллӣ
2019-06-13
2408

Давлатдорӣ дар ҳаёти мардуми Шарқ, хусусандар таърихи мардуми тоҷик, таҷрибаибисёрҳазорсола дошта, дар ин сарзамин шаклҳоигуногуни низоми дав­латдорӣ бунёд ёфта, таҳаввулкардаанд. Ҳар як низоми сиёсӣ вобаста ба вазъииқтисодӣ, иҷтимоӣ, фар­ҳангӣ ва маърифати сиёсӣташаккул меёфт ва дар натиҷаи низоъҳои сиёсӣ аз байн мерафт. Аз ин рӯ, аз тарзи давлатдорииасримиёнагӣ наметавон меъёрҳои давлатдориимуосирро талаб кард, зеро бо пешрафти ҷомеаунсурҳои давлатдорӣ низ тағйир меёбад. Вале ҳаминнизомҳои пешин барои давлатдории муосиримиллатҳои гуногун замина омода намуданд. Масалан, давлатдории тоисломии мардуми тоҷиктаърихи зиёда аз панҷҳазорсола дошта, давраҳоиимпериявӣ ва таназзулу суқутро аз саргузаронидааст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ дар ин бораишора кардаанд: “Фа­ромӯш набояд кард, китоҷикон таърихи исботшудаи беш аз панҷҳазорсоладошта, ҳанӯз пеш аз зуҳури ислом соҳиби фарҳанги асил ва анъанаҳои қадимаи давлатдорӣ буданд”.

Аммо, бо густариши ислом ба минтақаҳои форсизабон низоми давлатдорӣ низ тағйир ёфта, шаклҳои нави давлатдорӣ дарзаминаи таҷрибаи аввалини давлатдории мусулмонон бо риояи қонуну қоидаҳои шариат зуҳур карданд. Низоми давлатдорииисломӣ дар ибтидо намунаи давлати теократӣ буд, вале он дер давом накард. Таъсис ёфтани “чунин давлатро бевосита бафаъолияти Пайғамбари ислом (с) марбут медонанд” (Хашимбеков Х. Ислам и политика:   взаимодействие политики и ислама в старанах Ближнего и Среднего Востока, на Кавказе и в Средней Азии. М., 2001, стр. 207). Дар як ҳадиси Пайғамбар (с) омадааст: “Баъди ман дар уммати ман 30 сол хилофат ва баъд амирӣ (яъне низоми ғйри теокартӣ) рӯи кор меояд”(Абу Дауд, «Сунна», стр. 9, хадиси 4648, 4647; Тирмизӣ, «Фитан», стр. 48, ҳадиси 2227). Яъне низоми давлатдории  бо ном «Хилофат» аздавлатдории теократии даврони Пайғамбар (с) куллан фарқ дошт.

Ба андешаи таърихнигори мисрӣ Абдулваҳҳоб Наҷчор ин раванд, яъне аз арсаи сиёсӣ берун шудани низоми динӣ вадунявикунонии он дар аҳди хулафои рошидин, аз ҷумла дар замони халифа Умар оғоз гардида, роҳбари давлат унвониамирулмуъмининро гирифт. Воқеан аз замони хилофати Уммавиён давлатдории араб тағйир ёфт. Ин низоми давлатдорӣ шаклиинтихобӣ ва байъати халифаро, ки дар даврони хулафои рошидин ҷой дошт, бекор карда, усули давлатдории меросиро баҳукми қонун даровард. Баъд аз суқути он давлатдории дигари арабӣ бо номи Аббосиён оғоз гардид. Ва машрӯияти динӣ касбкардани давлатдорӣ имконият намедод, ки қавмҳои дигар даъвои ҳокимияти сиёсӣ дар ислом кунанд. Азбаски таҷрибаидавлатдории арабӣ бо ислом бо ҳам омехта буданд, ҳар кадоме аз низомҳои давлатдорӣ вобаста ба манфитаҳои худмуносибати худро бо мардуми мусулмони ғайриараб роҳандозӣ мекарданд.

Аммо дар кишварҳои Осиёи Миёна ва шимоли Африқо “низоми давлатдории ҳар қавму миллатҳои мусулмоншуда дар заминаианъанаҳои давлатдории тоис­ломӣ ташаккул меёфт”. Маҳдуд гардидани ҳу­қуқи сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии миллату қавмҳоимусулмони ғайриараб аз ҷониби араб “барои пайдоиши давлатҳои миллӣ ва ҳаракату мактабҳои зиддиарабӣ замина гузошт”(Овсиенко Ф.Г. Плитизация конфессий и клерикализации политики: тенденции развития и риски // Религоведение, 2002№ 2. С.23-31).

 Аз ҷумла, давлатдории миллии мардуми форсу тоҷик низ хусусиятҳои хоси худро касб карда, аз низоми давлатдории арабкуллан фарқ мекард. Бо ривоҷ ёфтани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ шакли давлатдорӣ низ такмил ёфта, унсурҳои нави низомисиёсӣ дар миёни мусулмонон паҳн шудан гирифт.

Дар асрҳои XIX-XX баъд аз шикасти сохти мустам­ликадорӣ дар кишварҳои мусулмонӣ шаклҳои нави давлатдории шоҳигарӣ(монархия) дар Арабистони Саудӣ, низоми ҷумҳуриявии исломӣ дар Покистон, Эрон ва дунявӣ дар Туркия, Малайзия вакишварҳои пасо­шӯравии Осиёи Марказӣ инкишоф ёфтанд. Истиқ­лолияти миллӣ дар кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон барои эҳё ва рушди арзишҳои динӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ имконияти зиёд фароҳам овард. Масъалаи эҳёи арзишҳои миллӣ ва динӣ ҳамчун омилҳои муҳими заминаи маъ­навии давлатдории миллӣ хусусиятҳои нав касбкард. Вале таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ ва хусусан мақоми онҳо дар ташкил намудани давлати соҳиб­их­тиёри миллӣ дарон давра ба мавзӯи баҳси тӯлонии миёни доираҳои зеҳнӣ, динӣ, ва сиёсӣ табдил ёфта, гурӯҳҳои муайян халои идеологиро бароитарғиб ва таҳмили андешаҳои ғаразноки сиёсии худ истифода намуданд, ки дар ниҳоят ба муноқишаҳои дохилӣ оварда расонд. Тавре таҷрибаи таърихӣ собит месозад, дар давраи бӯҳрони идеологӣ дар ҷомеа қувваҳои муташаккили сиёсие пайдомешаванд, ки идеяи онҳо ба оммаи мардум наздик аст ва он метавонад ҳам андешаи миллӣ ва ҳам андешаи динӣ бошад. Даркишварҳои пасошӯравӣ ва қишрҳои мухталифи онҳо захираи зиёди ҳарду омилҳои номбурда ниҳон буданд. Ҳар кадом қувваисиёсӣ бо  даъвои иштироки фаъол кардан дар низоми давлатсозиро дошт, вале тафовути мавқеъ ва дидгоҳҳо бархӯрди онҳороногузир гардонид. Ҳарчанд то ин лаҳза бунёди фарҳанги умумишӯравӣ бар фарҳанги миллию динӣ бартарӣ дошт, вале инҳоро аз байн бурда натавонист. Илова бар ин, маҳз дар шароити шӯравӣ як табақаи зиёиёни миллӣ ташаккул ёфт, ки бо ҳар усулфарҳанги миллиро ҳифз ва барои рушди он мусоидат мекард.

Аз ин рӯ, баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ислом на танҳо дар заминаи решаҳои таърихии худ дар минтақа аз нав эҳёшуд, балки дар зери таъсири омилҳои дохилию берунӣ ғояҳои ифротгароии диниро низ аз ҷаҳони ислом ҷазб кард. Асланнизоми давлатдории кишварҳои мусул­монӣ баъди раҳоӣ аз мустамликаи ғарбӣ барои пайдо шудани ҳаракатҳои динӣ-сиёсӣ ваистифодаи онҳо дар бозиҳаи сиёсӣ мусоидат кард ва ворид намудани ислом ба сиёсат дар ин кишварҳо як амали муқаррарӣмаҳсуб гардида буд. Вале низоми давлатдории кишварҳои Осиёи Миёна дар асоси қонунгузории давлати Шӯравӣ, ки низомидунявии зиддидинӣ дошт, ворид шудани исломро дар сиёсат ва умури давлатдорӣ ҳамаҷониба пеш­гирӣ мекард. Аз ин рӯ, баъдиистиқлолияти миллӣ ин омил ба интихоби низоми давлатдории дунявӣ дар кишварҳои собиқ шӯравӣ мусоидат кард. Дар Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ҳарчанд ба ин раванд гурӯҳҳои сиёсӣ муқобилият нишон доданд, вале миллати тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист тавассути ба роҳмондани муколамаи тарафҳои дунявию динӣ ва ба созиш овардани онҳо, низоми сиёсии дунявиро ҳифз намояд ва  бартариихудшиносии миллӣ бар худшиносии диниро амалӣ намояд.

Ҳарчанд гурӯҳ­ҳои ифротии сиёсӣ-динӣ бо низоми дунявият ихтилоф доранд ва онро барои фарҳанги исломӣ бегонамеҳисобанд, бояд гуфт, ки давлати дунявӣ усули эътирофшудаи модели давлатдории муосир аст. Падидаи дигари номатлубедар ҷаҳони ислом қувват гирифта истодааст ва он бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани низоми давлатдории демократӣ мебошад. Инамал аз ҷониби баъзе рӯҳониён дастгирӣ ёфта, гоҳо ҳукми шаръӣ дар бораи машрӯияти ин амалҳо содир шуда истодааст, кинамунаи равшани он фатвои баъзе уламои исломӣ дар бораи барҳам задани низоми расмии давлатҳои Миср ва Сурия ва даршабакаи иртиҷоии “Висоли ҳақ” паҳн гардидани ин қабил ҳукмҳои бепоя дар бораи давлатҳои Осиёи Миёна мебошад.

Ҳоло дар кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи мақом ва нақши ислом дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мардуммавзӯи баҳси қишрҳои гуногуни ҷомеа шудааст. Зеро ислом дар ин кишварҳо ба ғайр аз арзиши фарҳангӣ-маънавиро доробудан имрӯз дар зери таъсири ҷаҳони ислом хусусияти сиёсӣ низ касб карда, ба масъалаи амнияти миллӣ бевосита таъсиррасонида истодааст. Давлатҳои миллиро зарур аст, ки нақши динро дар ташаккули фарҳанги миллӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣмуайян созанд. Албатта, муносибати шаҳрвандон ба дин дар ҷомеа ба сатҳи тараққиёти ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ варушди инсти­тутҳои шаҳрвандии он вобаста аст. Ислом ҳамчун мактаби ахлоқӣ-маънавӣ дар қатори арзишҳои дигари фарҳангӣдар рушд ва таҳкими давлати миллӣ метавонад нақши бориз дошта бошад. Дар аксари ҷомеаҳои мусулмонӣ чунин андешамаъмул аст, ки «сиёсикунонии ислом ягона омили истодагарӣ дар муқобили раванди ҷаҳонишавӣ ва таҷовузи фарҳанги бегонааст» (Султонгалиев И. Тенденция политизация ислам в странах Центральной Азии,  Астана.  2004).

Бояд таъкид кард, ки яке аз омилҳои асосии нигаҳ­дории мувозинати сиёсӣ дар минтақа маҳз низоми сиёсии дунявият будаметавонад. Пазируфта нашудани дин ба сифати идеологияи давлатӣ баробарҳуқу­қии пайравони ҳамаи дину мазоҳибро дарназди қонун таъмин мекунад ва барои мавҷудияти бисёрақидатӣ дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳамзамонифодагари озодии дин ҳам мебошад. Зеро дар асоси ин принсип баробарии ҳамаи динҳо дар назди қонун эътироф мегардад.

Дар асл дунявият алайҳи дин нест, балки озодсозии дин аз олудагиҳое аст, ки ба дин таҳмил шуданд ва замонате барои имондар шакли амиқ ва саҳеҳ аст, зеро имони саҳеҳ аз интихоби озодӣ ҳосил мешавад. Дахолати давлат ба дин ва диндорӣ инихтиёрро салб мекунад ва дине, ки дар шакли иҷборӣ ҳосил мешавад, ҳаргиз дин ва имони ҳақиқӣ нест. Дар назария ватаҷрибаи дунявият тафовутҳое миёни Ғарб ва Шарқ вуҷуд доранд. Аз ин рӯ, давлатдории дунявии кишварро нусхаи дунявиятикишварҳои Ғарб ҳисобидан хато аст. Азбаски таърихи давлатдории миллатҳо ва фар­ҳанги сиёсии мусулмонон аз ҳамдигартафовут доранд, ҷорӣ намудани як шакли давлатдорӣ дар ҳамаи киш­варҳо низ ғайриимкон аст. Мутаассифона, баъзе азсиёсатмадорони исломӣ ҳамин далели таърихиро нодида гирифта, таърихи миллати тоҷикро аз нигоҳи ҳамин меъёрҳо нодурустбаррасӣ менамоянд.

Давлатдории миллии тоҷикон қабл аз ислом нисбат ба давраи исломӣ дида, хеле фарохтар буда, дар он баъзе унсурҳоидунявият зуҳур карда буд. Бе сабаб нест, ки сулолаи асотирии Пешдодиёнро нахустин танзимкунандаи қонунҳо медонанд. Ҳанӯздар Вандидоди Авасто вазифа ва салоҳияти шоҳ ин сарварӣ кардани ҷаҳон, обод намудани кишвар ва хизмат кардан ба раиятбуда, вазифаи рӯҳонии ӯ бошад, тарбияи ахлоқӣ ва ба ин тариқ сомонбахшии растагории дунёии мардум мебошад”(Мӯминҷонов Ҳ. Тӯрон-гаҳвораи тамаддуни Ориёӣ. Душанбе, 2004).

Аммо намунаи олии давлатдории таърихии тоҷи­кон ин давлатдории Сомониён буд. Дар он муносибати давлат ва дин боназардошти манфиатҳои давлатдории миллӣ ба роҳ монда шуда буд. Вале бунёди давлати Сомониён дар қаламрави хилофатиисломӣ сабаби норозигӣ ва рақобати арабҳову туркҳо бо ин давлат шуд. Дар зери таълимоти ислом арабҳо ҳама гуна ҳа­ракатҳои миллиро ҳамчун таълимоти муқобили дини ислом маҳкум мекарданд. Дар асл мавҷудияти ин дав­латҳои миллӣ, Сомониён на ба ислом ҳамчун фарҳанг ва дин, балки дар муқобили қудратталабии араб дар минтақаҳои мусулмоннишинистодагарӣ мекард. Дар айни замон мушкилоти асосии мусулмонон ин як донистани таърихи давлатдории араб (Умавиён, Аббосиён) бо таърихи ислом мебошад. Ҳадди ақалл бо мақсади сабақу ибрат гирифтан варақ задани саҳифаҳои сиёсиитаърихи ислом ва таҳлили интиқодии он кори савоб хоҳад буд. Зеро, ягон таърих, “ҳатто таърихи сиёсии уммати исломӣ дарназди илм ва дин муқаддас нест ва зимнан аз назари худи сиёсат ва дин низ он масун ва маҳфуз аз хато намебошад” (Давлатов М. Дар он сӯи адён. «Чашмандоз», №2 соли 2001).    

Ислом таблиғи принсипҳои озодиро дар ҷомеае, ки дар шароити карахтии идеологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ - сиёсӣ қарор дошт, оғоз кард. Дар Қуръон муҳимтарин масъалаҳои ҳаётӣ- озодии эътиқод, тафаккур, андеша, иҷборӣ набудани пайравӣ аз дин, донистани он чиз­ҳоеро, ки дар осмон ва замин аст, муҷаддадан таъкид намуда, ҳар гуна истибдоди сиёсӣ-диниро наҳй мекунадва дахолати мардумро дар таъйини сарнавишти худ лозим медонад. Дар Қуръон инсон ҳамчун халифа ва ҷонишини Худо ёдшуда, нисбат ба махлуқоти дигари офаридашуда дар амал озод аст: “Мо роҳро ба ӯ нишон додем, хоҳ шокир бошад ва ёносипос” (Тафсири Қуръон. Қоҳира, саҳ.2004).  Тибқи ин оят, инсон мавҷуде аст, ки дар интихоби роҳи худ соҳибихтиёр аст. Азин назар инсон ягона махлуқест, ки метавонад сарнавишти худро тағйир диҳад. Зеро Худованд дар Қуръон таъкид мекунад: «Худованд сарнавишти ҳеҷ қавмро тағйир намедиҳад, магар он чӣ дар нафси онон аст, тағйир надиҳанд» (Тафсири Қуръон.  Қоҳира, саҳ. 2004).  Аз ин оят бармеояд, ки инсонҳо бояд монеи пешрафти худро аз ботини худ берун кунанд ва иродаи тағйирдар сарнавишти худ кунанд ва пас Худованд низ дар сарнавишти онҳо тағйири лозимаро анҷом медиҳад. Инсон ба тавреофарида шудааст, ки чунин қобилиятро дорад. Рисолати пайғамбарон хамин буд, ки инсониятро аз ҷабру ҷаҳолат раҳо кунанд, то онҳо аз неъматҳои озодӣ баҳраманд шаванд ва мавҷудоти оламро мусаххар созанд.

Дар шароити кунунӣ принсипҳои асосии дунявият озодии виҷдон, озодии фардӣ ва озодии ҷаҳонбинии ӯ мебошанд. Озодииэътиқод яке аз унсурҳои муҳими озодии виҷдон мебошад. Бинобар ин, озодии эътиқод ин ҳуқуқи озодона пайравӣ намудан аз инё он дин ё тамоман пайравӣ накардан аз ягон дин, озодона ва ихтиёрӣ тағйир намудани дин ва таблиғ кардани андешаҳои динӣаст. Муқаррар намудани маҳдудиятҳо ва ё таҳқир барои пайравӣ аз дин манъ аст. Дар фар­ҳанги миллии мардуми тоҷик бошаданъанаҳои дунявият, ба мисли озодандешӣ, таҳаммулпазирӣ, инсондӯстӣ ва озодии эътиқод ҳанӯз қабл аз ислом ҷой доштандва баръакс, дар даврони равнақи ислом баъзе унсурҳои он ҳамчун андешаҳои зиддидинӣ аз байн бурда шуданд.

Бо ҳамин далел, метавон тасдиқ кард, ки ислом афрод ва ҷомеаро дар танзими муносибатҳо ва масоили иҷтимоию сиёсӣсоҳибихтиёр медонад. Аз ин рӯ, низоми сиёсӣ дар ислом иҷборӣ нест ва баръакс иҷозат медиҳад, ки муносибати миёниҳамдигар манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои динию қавмӣ, ҳамчунин ҳуқуқу озо­диҳои инсонӣ риоя ва ҳифз шаванд. Дар таҷрибаиинсоният чунин сохтори муносиб давлатдории дунявист. Аз ин нуқтаи назар, дунявият дар асли худ арзиши умумибашарӣ буда, маҳсули тафаккури инсоният аст ва мансубияти хоси ин ё он қавму миллат нест ва қавмҳои зиёде шаклҳои онро мувофиқихусусиятҳои миллӣ-фарҳангии худ дар амал татбиқ кардаанд. Албатта, дар замони муосир дунявият дар шакли комили худ дарҒарб ташаккул ёфта, ба минтақаҳои дигар низ интиқол ёфт. Дар кишварҳои ғарбӣ дар тӯли 200 соли охир ба масоили сиёсӣ ваҳуқуқӣ диққати бештар зоҳир гардида, ба мавзуъҳои ахлоқӣ ва ҷаҳонбинии амалӣ аҳамияти ҷиддӣ намедоданд. Аммо дар кишварҳои мусулмонӣ зарурати коркарди ҷанбаҳои ахлоқӣ, идеологӣ ва хусусиятҳои ҷаҳонбинии дунявият ниёзи бештар аст.

Бояд гуфт, ки дар раванди чаҳонишавӣ масъалаи озодии виҷдон хусусияти сиёсӣ ва идеологӣ низ касб карда истодааст вататбиқи он ба сатҳи шуури миллӣ-динӣ дар ҷомеа, вазъи тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ вобаста буда, нодида гирифтани иномилҳо ва тақлиди кӯркӯрона ба дунявияти ғарбӣ метавонад дар роҳи ҳамзистии дину давлати дунявӣ мушкилоти навро ба бороварад. Зеро дар Ғарби насронӣ калисо на фақат муносибатро дар дохили иттиҳодияҳои динӣ танзим мекунад, балки ҳамчуннамояндаи иттиҳодияҳои динӣ бо ташкилоти дунявӣ ва давлатӣ ҳамкорӣ дорад.

Имрӯз маҳз бо сабабҳои сиёсӣ андешаи «исломи ноб» шиори идеологӣ гаштааст. Акнун ин масъала бо асосҳои шаръии фир­қавӣ ва мазҳабии худ нисбат ба худи мусулмонҳо тат­биқ карда мешавад. Пайравони фирқаву мазҳабҳои ба ҳам мухолифиисломӣ ҳар кадом хусусиятҳои имондории худро сиёсисозӣ намуда, онро “меъёри ҳақиқати динӣ қарор медиҳанд ва бо шиори«исломи ноб» исломи тарафи муқобилро таҳрифшуда, ботил ва муданнас (нопок) мешуморанд (Тафсири Қуръон.  Қоҳира 2004).

Далели равшани тарғиби озодӣ дар Қуръон ин дастур ба тафаккур, тааққул ва истифодаи шуур дар амал мебошад. Оёметавон аз озодии андешаҳое, ки баъзе пайравони ҷараёнҳои ифротгарои динӣ таблиғ мекунанд, пайравӣ кард, дар ҳоле кионҳо усули ақлии шинохтани озодиро инкор мекунанд ва андешаи ифротии худро ҳақиқати дин ба қалам медиҳанд. Бе сабабнест, ки дар дин озодии мутлақ танҳо хоси Худованд аст. Аз ин рӯ, шарт ва маҳдудиятеро, ки дар Қуръон ва дигар манобеиисломӣ барои боздоштани мусулмонон аз ҳар гуна ғаразҳои шахсӣ, худбинӣ, тақлид, лаззатпарастӣ ва ҷаҳолат омадаанд, боядмеъёрҳои асосии ҳаёти мусулмонон қарор гиранд. Дар айни ҳол масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсонӣ ва шаҳрвандию динӣ дардоираи қонунгузории давлатҳо танзим мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ принсипи асосии муносибати давлат ба дин дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷгардидааст. Дар он дунявият ҳамчун сифати сохти давлатӣ бо назардошти ба вуҷуд овардани шароиту имконият ба рушдиарзишҳои миллию динӣ ба расмият дароварда шуда, он тағйирно­пазир мебошад. Муҳимтарин ҷанбаи дунявият дарКонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дунявият ба сифати идеологияи расмӣ пазируфта нашудааст. Моҳиятидунявият дар моддаҳои 1, 5, 8, 26, 28, 30 ва 100-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи мукаммали худро ёфтааст. Онҳамчун арзиши ғайри­динӣ принсипи гуногунақидавиро барқарор намуда, имкон медиҳад, ки ҳеҷ кадом ақида ба ҳайсиидеологияи давлатӣ ё умумиҳатмӣ пазируфта нашавад, ки ин принсипу шарти асосии ҳамзистии дину давлати дунявӣ мебошад.

Дар ҳар як давлат озодии фард ё шаҳрванд дар он ҷо маҳдуд мешавад, ки ҳифзи ҳуқуқи шаҳрванди дигар аз он ҷо оғозмешавад. Ҳама гуна озодӣ ҳудуд дорад ва ин ҳудуд маҳдудияти он фард аст ба манфиати дигарон ва ба манфиати кулли ҷомеа. Бинобар ин, озодии виҷ­дон, эътиқод ва диндорӣ ҳам аз ин маҳдудият берун нестанд. Мафҳуми озодии виҷдон ва эътиқод, таҳам­мулпазирӣ, ҳифзи арзишҳои ахлоқӣ- маънавӣ, танзими анъанаву маросим, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак муфассал дар қонунҳоиҶумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», пурра дарҷ ёфтаанд ва зикри нуқтаҳои муҳими онрозарур мешуморем:

– тибқи муқаррароти қонун ҳеҷ кас уҳдадор нест, ки дар бораи мансубияти диниаш ахбор диҳад ва ҳеҷ кас ё ниҳоде низ ҳуқуқнадорад аз шаҳрванд чунин маълумотро талаб кунад;

– ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки дар адои маросими динӣ касеро маҷбур созад;

– барои иштирок дар адои маросими динӣ ягон муҳдудият нест;

– қонунгузорӣ имконият медиҳад, ки мардуми дорои ақидаи динии муштарак иттиҳодияи динӣ таъсис диҳанд,маводи мазмунидинидоштаро ба табъ расонида фурӯшанд ва маводи зарурии аудиоӣ ва видеоиро харидорӣ намоянд.

Ҳамин тариқ, низоми дунявии давлатдорӣ имконият медиҳад, ки инсон ҳуқуқу озодиҳои худ, аз ҷумла озодии диниашро ҳифзнамояд, дин ҳамчун ҷузъи фар­ҳанги миллӣ рушду нумуъ карда, дар тарбияи ахлоқии инсон саҳм гирад, нақши маънавии диндар ҷомеа баланд гардад ва аз ҳамин роҳ дар ҳаёти ҷамъиятӣ - сиёсии ҷомеа мақоми сазовореро дошта бошад.

Маҳрамбек Маҳрамбеков,

котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар