Асосӣ Хабарҳо Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун
2015-10-20
5719

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун

Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти узви Шӯрои уламо, сархатиби масҷиди шаҳри Истаравшан, донишманди ҷавону тавоно, Саидҳамзахон Аъзамхонзода изҳори ғаму андӯҳ намуда, ба аҳли хонавода ва ҳамаи шогирдону дӯстони марҳум тасаллият ва сабри ҷамил арза медорад.

Марҳум Ҳамзахон Аъзамхонзода аз соли 2010 инҷониб ба ҳайси узви Шӯрои уламои Маркази исломӣ фаъолият мекард ва ҳамзамон вазифаи сархатибии масҷиди шаҳри Истаравшанро ба уҳда доштанд. Номбурда дар миёни ҳамкорону ҳампешагон эҳтиром ва ҷойгоҳи хоссе дошта, аз илму дониши комил, тақвову парҳезгорӣ ва ахлоқи волои инсонӣ бархӯрдор буданд. Марҳум дар баррасӣ ва ҳаллу фасли масоили динӣ бисёр фаъол буда, ҳамеша дар рушду пешрафт ва баланд бурдани маънавиёти ҷомеа саъйу талош доштанд, одобу ахлоқи шоистаро тарғиб мекарданд, ҳамеша шогирдонро ба омӯзиши илму дониши судманд ва тақвову парҳезгорӣ тавсия намуда, дар ин маврид худашон намунаи комил буданд.

Раёсати Шӯрои уламо бори дигар ба аҳли хонавода ва ҳамаи дӯстон ва ихлосмандони Саидҳамзахон Аъзамхонзода изҳори тасаллият намуда, аз даргоҳи Худованд масъалат дорад, ки рӯҳи марҳумро шод, қабрашро пурнур ва ҷойгоҳашро биҳишти ҷовидон гардонад. Омин, ё Раббалъоламин.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:55
Пешин12:40
Аср16:47
Шом18:46
Хуфтан20:16
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муфассалтар