Асосӣ Хабарҳо Қарори Раёсати Шўрои уламо дар бораи мавлуди фархундаи Расули акрам (с)

Қарори Раёсати Шўрои уламо дар бораи мавлуди фархундаи Расули акрам (с)

Қарори Раёсати Шўрои уламо дар бораи мавлуди фархундаи Расули акрам (с)
2019-11-07
5618

Чунонки маълум аст, ҳар сол дар моҳи Рабеъул-аввал мавлуди мубораки Расули акрам (с) дар ҳамаи масҷидҳои ҷомеъи кишвар баргузор мегардад. Вобаста ба ин рўйдоди фархунда Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи 31-уми октябри соли 2019 қарори дахлдор қабул намуданд.

“Ҷашни мавлуди Пайғамбар (с) дар масҷидҳои ҷумҳурӣ рӯзи 8-уми ноябри соли 2019 бе додани таом қайд карда шуда, баъди анҷоми ҷашни мавлуд ба Маркази исломӣ ҳисоботи хаттӣ пешниҳод карда шавад”.

Қобили зикр аст, ки мавлуди Расули Худо (с) яке аз рӯйдодҳои муҳим ва фаромӯшношуданӣ дар таърихи инсоният ба шумор меравад. Ба шарофати ин рӯйдоди саодатофарин таҳаввулоти бузурге дар зиндагии аҳли башар ба вуқуъ пайваст ва олам ба нури вуҷуди Ӯ мунаввар гардид.

Раёсати Шўрои уламо кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно дорад.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:37
Пешин12:40
Аср17:35
Шом19:41
Хуфтан21:11
Суханронии Президент
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Муфассалтар