Дуои хайр ва орзуву омоли нек барои миллату кишвар
Дуои хайр ва орзуву омоли нек барои миллату кишвар
Имрӯз раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррами Абдуқодирзода дар масҷиди марказии ба номи Ҳоҷӣ Яъқуби ш. Душанбе суханронӣ намуд. Мавсуф зимни баромади худ аз сафари расмии ҳайати ҳукуматӣ бо роҳбарии Сарвари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари Арабистон ёдовар шуда, қайд намуд, ки бо лутфу марҳамати бекарони Худованди азза ва ҷалла ва бо шарофати дастгирии Ҷаноби Олӣ ҳайати мазкур ба дохили хонаи Худо ворид шуда, ду ракъат намоз гузориданд ва Пешвои миллат ҳамроҳ бо ҳайати сафар дар ҳаққи миллату кишвар дуои нек карданд.
Номбурда изҳор дошт, ки рӯйдодҳо ва нооромиҳое, ки имрӯз дар бархе аз кишварҳои мусулмонӣ шуда мегузарад, бояд барои ҳар як фарди солимфикр мояи ибрат бошад. Бинобар ин, ба қадри ин ҳама сулҳу субот ва рушду шукуфоии кишвари азизамон бояд расид ва шукри Худовандро ба ҷо овард.
Намози ҷумъа бо дуои дастаҷамъии намозгузорон дар ҳаққи кишвар ва мардуми шарифи он ба анҷом расид.
Дигар хабарҳо
МУКОФОТИ ҶАШНӢ - ДАВЛАТӢ БА ИФТИХОРИ 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА
Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШУРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН ДАР МУЛОҚОТ БО СОКИНОН ВА ФАЪОЛОНИ Н. МУЪМИНОБОДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Суханронии Президент
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Муфассалтар


