Асосӣ Хабарҳо Табрикоти Раёсати Шўрои уламои Маркази исломӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Табрикоти Раёсати Шўрои уламои Маркази исломӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Табрикоти  Раёсати Шўрои уламои Маркази исломӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
2022-04-01
3501

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, дуруду салом бар Паёмбари акрам (с) ва ҳамаи хонадону ёронаш бод.

Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо бо фарорасии моҳи мубораки Рамазон табрику муборакбод гуфта, барои ҳамагон тавфиқи тоату ибодат, сабру таҳаммул дар адои фаризаи рўза таманно менамояд ва аз Худованди меҳрубон масъалат дорад, ки аъмоли ҳамаи моро ба даргоҳи хеш қабул фармояд.

Худованд барои мо неъмати бузурге арзонӣ дошт, ки ба моҳи мубораки Рамазон расидем, моҳе, ки сабаби мағфирати гуноҳон ва василаи озод шудан аз оташи дўзахи сўзон аст. Худованди Мутаъол мефармояд:

«Моҳи Рамазон он аст, ки дар вай Қуръон – [ҳамчун] раҳнамо барои мардумон ва суханони равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳаққу ботил фуруд оварда шуд. Ва ҳар ки аз шумо он моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рўза дорад; ва ҳар ки бемор ё мусофир бошад, пас, барои вай [ба] шумори он чи фавт шуд, аз рўзҳои дигар лозим аст. Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад ва (мехоҳад, ки) шуморро тамом кунед. Ва Худоро ба шукри он, ки ба шумо роҳ намудааст, ба бузургӣ ёд кунед; ва бошад ки шумо шокир шавед». (Сураи «Бақара», ояти 185)

Ин моҳи шариф аз раҳмату мағфирати Парвардигори олам саршор аст, зеро Худованди таъоло бо фарорасии ин моҳ дарҳои дўзахро баста, дарҳои биҳиштро мекушояд. Ин моҳи қабули дуоҳо, моҳи эҳсону саховат ва моҳи озод шудан аз оташи дўзах аст. Дар ин моҳ шабе вуҷуд дорад, ки аз ҳазор шаб беҳтар аст ва ҳар касе онро дарёбад, хайри бисёреро ноил шудааст.

Моҳи шарифи Рамазон моҳи нузули Қуръон, моҳи хайру баракат, моҳи ибодат, моҳи хабардор шудан аз ҳоли беморону муҳтоҷон ва дастгирии ятимону ниёзмандон аст. Бояд ҳар як мусулмон ҳурмати моҳи Рамазонро ба ҷо оварда, аз ҳама бадиҳою гуноҳҳо худдорӣ кунад ва дигаронро низ ба роҳи ростӣ ва некўкорӣ роҳнамоӣ намуда, ҳар хайру некиеро, ки аз дасташ барои бандагони Худо меояд, дареғ надорад. Худованди меҳрубон дар китоби осмонии хеш мефармояд:

«…Ва эҳсон намоед, ҳамоно Худованд накўкоронро дўст медорад». (Сураи «Бақара», ояти 195).

Паёмбари Худо – ҳазрати Муҳаммад (с) низ дар ҳадисе чунин таъкид менамояд: «Касе аз шумо мўъмин шумурда намешавад, то ин ки барои бародараш он чиро дўст дошта бошад, ки барои хеш дўст медорад».

Дини мубини Ислом дар ин моҳ барои афроди доро ва сарватманд садақаи фитрро воҷиб гардондааст, то ба ин восита ибодати худро аз ҳар гуна нуқсону халале ҷуброн намоянд ва қалби шикастаи мискинону бенавоёнро марҳам бахшанд. Аз Расули Худо (с) пурсида шуд, ки кадом садақа беҳтар аст? Дар ҷавоб фармуданд: «Садақае, ки дар моҳи Рамазон бошад». Бинобар ин, ҳар фарде, ки тавони молӣ дорад, бояд тибқи фармудаи Худованд ва Расулаш амал намуда, садақаи фитрашро барои дастгирӣ ва кўмак ба ятимону бенавоён ва фақирону бечорагон адо намояд.

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргоҳи Парвардигор барои мардуми кишвар тавфиқи тоату ибодат, ҳидояти комил, амну офият ва саодати дунёву охиратро таманно дорад.

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар