Мулоқоти Саидмукаррам Абдуқодирзода – Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ бо омўзгорон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Рўзи 12.05.2022 дар асоси нақшаи чорабиниҳо Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ташриф оварда, бо устодон ва донишҷўёни ин боргоҳи илму маърифат дар мавзӯъҳои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” вохўрии судманд анҷом доданд.
Раиси Шўрои уламо фикру мулоҳизаҳояшонро дар доираи мавзӯъҳои мавриди назар перомуни муқовиммат ба фаъолияти тахрибкоронаи созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, пешгирии радикализми динӣ, хурофоту ифротгароӣ дар ҷомеа, тарғибу ташвиқи омӯзиши илм ва техникаву технологияи муосир, баланд бардоштани донишу маънавияти ҷавонон ва талқини одобу ахлоқи ҳамида ва таҳаммулпазирӣ дар байни омӯзгорон ва муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баён карданд.
Дар фарҷоми баромади худ С. Абдуқодирзода қайд намуданд, ки дини мубини Ислом дини раҳмату шафқат ва муҳаббат аст, ҳеҷ фарзанде ба мақсад намерасад, дар ҳоле ки падару модарро озор дода бошад. Агар падару модар розӣ набошанд, фарзанд вориди ҷаннат нахоҳад шуд. Падару модар, устоду нафарони калонсол бояд эҳтиром шаванд. Расули акрам (с) мефармоянд: «Касе, ки ба афроди хурдсоли мо раҳм накунад ва афроди бузургу пири моро эҳтиром нанамояд, аз мо нест». Ҳар шогирде, ки устоди худро қадр мекунад, ҳатман шогирдонаш ўро қадр мекунанд.
Баъд аз анҷоми суҳбат донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми донишманди адабу дин устоди гиромӣ Абдушариф Боқизода андўҳгин буда, ба аҳли хонадону пайвандонашон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён медорад.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗЎИ «ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ФАРҲАНГҲО ДАР АСРИ 21 ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» (14-ум август-қазоқистон)
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар