Вокуниши Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳамлаи террористон ба таълимгоҳи ш. Пешовари ҶИ Покистон
Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи гурӯҳи терорристонро ба яке аз муассисаҳои таълимии шаҳри Пешовари Покистон, ки рӯзи сешанбеи ҳафтаи ҷорӣ, ки беш аз 150 талабангонро ваҳшиёна ба қатл расониданд ва қатли бераҳмонаи 150 нафар заннонро, ки аз ҷониби ин гурӯҳҳои терорристӣ анҷом гирифтааст, шадидан маҳкум карда, ин амалҳоро ваҳшиёна ва ғайриинсонию ғайри исломӣ медонад. Анҷоми ин гуна амалҳои ваҳшиёна, ки боиси қатлу куштори мардуми бегуноҳ ва махсусан занону кӯдакон мегардад, ягон иртибот ба дини мубини Исломи асил надошта баракс Ислом он касонеро, ки даст ба ҷинояти сангин, яъне қатл ва куштор мезананд, такфир намудааст. Чуноне, ки Расули Акрам (с) фармудаанд: “Худованд ба касоне, ки раҳм ба мардум надорад, раҳм намекунад” (Бухорӣ).
Аз дидгоҳи шариати муқаддаси Ислом на танҳо резондани хуни мусалмон ҳаром аст, балки резонидани обрӯи шахси мусалмон низ ҷурми сангин аст. Хусусан ба қатл расонидани кудакон ҷинояти нобахшиданӣ маҳсуб мегардад. Зеро Пайғамбари Худо (с) фармуданд: “Ҳар навзод бо имони фитрӣ таваллуд шудааст”. Агар мо ба таърихи садри Ислом назар андозем, мебинем, ки мусалмонҳо баъд аз он ки душманон ба сарзамини онҳо лашкаркашӣ карданд, дар натиҷа мағлуб мегардиданд ва мусалмонҳо онҳоро муҳосира мекарданд, аз куштани кудакон, занон ва беморон ва пиронсолон худдорӣ мекарданд.
Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баъзе гурӯҳҳое, ки барои пиёда кардани аҳдофи ғаразноки худ дар замони муосир аз таълимоти дини муқаддаси Ислом суистифода мекунанд ва Исломи нобро ба сиёсат олуда мекунанд, даъват менамояд, ки аз ин амалҳо ва аҳдофи нопоки худ, ки боиси коста шудани обрӯи мусулмонон дар арсаи ҷаҳон мегардад, даст кашанд.
Раёсати Маркази исломӣ дар охир бори дигар ин амали ваҳшиёнаро шадидан маҳкум карда, ба падару модар ва наздикони қурбониёни ин ҳамлаи ноҷавонмардонаи террористон арзи тасаллият намуда, ба онҳо сабри ҷамил ва аҷри азим хоҳонаст.
Раёсати Маркази исломии ҶТ
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми донишманди адабу дин устоди гиромӣ Абдушариф Боқизода андўҳгин буда, ба аҳли хонадону пайвандонашон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён медорад.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗЎИ «ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ФАРҲАНГҲО ДАР АСРИ 21 ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» (14-ум август-қазоқистон)
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар