Асосӣ Хабарҳо Қарори Раёсати Шўрои уламо дар бораи мавлуди фархундаи Расули акрам (с)

Қарори Раёсати Шўрои уламо дар бораи мавлуди фархундаи Расули акрам (с)

Қарори Раёсати Шўрои уламо дар бораи мавлуди фархундаи Расули акрам (с)
2022-10-07
2528

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон!

Ҳамду санои бепоён Худованди покро ва дуруду саломи фаровон бар Расули акрам Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва тамоми хонадону ёронаш бод.

         Чунонки маълум аст, ҳар сол дар моҳи Рабеъул-аввал мавлуди мубораки Расули акрам (с) дар ҳамаи масҷидҳои ҷомеи кишвар баргузор мегардад. Вобаста ба ин рўйдоди фархунда Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи 6-уми октябри соли 2022 қарори дахлдор қабул намуданд.

         «Имсол ҷашни мавлуди Пайғамбар (с) дар масҷидҳои ҷумҳурӣ рӯзи 14-уми октябри соли 2022 қайд карда мешавад»

        Қобили зикр аст, ки мавлуди Расули Худо (с) яке аз рӯйдодҳои муҳим ва фаромӯшношуданӣ дар таърихи инсоният ба шумор меравад. Ба шарофати ин рӯйдоди саодатофарин таҳаввулоти бузурге дар зиндагии башарият ба вуқуъ пайваст ва олам ба нури вуҷуди Ӯ мунаввар гардид.

        Раёсати Шўрои уламо кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди  Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно дорад.

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломӣ

Дигар хабарҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар