Асосӣ Хабарҳо МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ  ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ  РАМАЗОН
2023-03-29
3142

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, дуруду саломи бепоён ба Паёмбари акрам (с) ва ҳамаи хонадону ёронаш бод.

        Ассалому алайкум ҳамватанони гиромӣ, бародарони аҳли ислом! Аввалан ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасиии моҳи мубораки Рамазон ва байналмилалии Наврӯз табрику таҳният намуда бароятон аз даргоҳи Худованд хушбахтию саодатмандиро таманно менамоем.

Моҳи Рамазон беҳтарин мактаби одамият ва худсозӣ аст ва дар ин давра мусулмонон бо фазилатҳои ҳамида, аз ҷумла сабру таҳаммул, меҳрубониву самимият, адолату баробарӣ, хайру саховат, омурзиши гуноҳҳо ботину зоҳири худро поку озода мегардонанд. Моҳияти аслии рўза доштани ҳар бандаи муъмину мусулмон низ аз ҳамин рукнҳо иборат аст.

         Моҳи шарифи Рамазон саршор аз раҳмату маѓфират ва навозишу меҳрубонии Парвардигори олам аст. Дар ин моҳи муқаддас дасти кумак дароз кардан ба ашхоси ниёзманд ва бепарастор аз ҷумлаи хислатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад. Инсони мусалмон саъй мекунад, то дар ин рўзҳо бештар ба фақирон ва ниёзмандон дасти кумак дароз намуда, садақоти бештаре анҷом диҳад ва ашки ятимонро пок карда, ба онон некӣ намояд. Анҷом додани чунин аъмоли нек дар байни мардум меҳру муҳаббат ва ваҳдату ҳамбастагиро боз ҳам қувват мебахшад. Аз Анас (р) ривоят аст, ки Пайѓамбар (с) фармудаанд:

«Ҳар касе ҳоҷати як фард аз уммати маро бароварад ва мақсади ў шод кардани вай бошад, маро шод кардааст, ҳар касе маро шодкунад, Худовандро шод кардааст ва ҳар касе Худовандро шод кунад, Худованд ўро вориди биҳишт мекунад». (Ривояти Байҳақӣ).

         Ҳамон тавр ки аз ин ҳадис маълум гардид, эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кумак ва дастгирии ятимону ниёзмандон ва беморону дармондагон дар рўзҳои моҳи муборак боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ўст. 

Мо ҳамеша дуо мекунем, ки кишвари азизамон тинҷу ором ва пурфайзу бобаракат бошад. Аз Худованд талаб дорем, ки мардуми кишварамонро аз ҳамаи офатҳову мусибатҳо ҳифз намуда, барои ҳама тавфиқи амалҳои нек ва имону ҳидояти комил насибу арзонӣ фармояд.

Дар охир бори дигар ҳар як сокини диёри азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мубораки Рамазон ва байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, барояшон файзу баракати рўзгор, сарҷамъию муттаҳидӣ, сиҳатмандивусарбаландӣ, хушиҳои зиндагӣ ва офияту тандурустиро таманно мекунем. Моҳи шарифи Рамазон барои ҳамагон муборак бошад!

Шўрои уламои Маркази исломии

     Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дигар хабарҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар