Гар дасти фитодае бигирӣ мардӣ…
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон,
Ба ҳамагон маълум аст, ки шаби 11-ум ба 12-уми майи соли 2016 дар натиҷаи боронҳои шадид сатҳи оби дарёи Элок баланд шуда, дар натиҷаи омадани сел зиёда аз 1400 хоҷагии деҳаҳои ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ зарари ҷиддии иқтисодӣ диданд.
Вобаста ба ин ҳодиса Раёсати Маркази исломӣ дар якҷоягӣ бо масҷидҳои ҷомеи шаҳри Душанбе ва масҷидҳои марказии ш. Ҳисору Турсунзода ва н. Шаҳринав ва барои зарардидагони деҳаҳои мазкур кӯмаки ғизоӣ ва молӣ иборат аз маводи хӯрока дар ҳаҷми 14000 сомонӣ ва 60 дона қолину палос ҷамъоварӣ намуданд.
Рӯзи 15-уми майи соли 2016 Раиси Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода аз ҳолу аҳволи мардуми осебдидаи ҷамоати Зайнабобод дидан намуда, бо тавсия ва машварати роҳбарияти ноҳияи Рӯдакӣ ин миқдор кӯмакҳои ҷамъоваришударо, ба деҳаи Фазоба оварда, бо ҳузури раис ва имоми маҳалла кормандони Маркази исломӣ маводи мазкурро аз қабили хӯрока ва палосҳоро ба шахсони зарардида тақсим намуданд.
Қобили зикр аст, ки Саидмукаррам Абдуқодирзода зимни дидорбинӣ аз ҳолу аҳволи зарардидагон мардумро ба сабру таҳаммул даъват намуда, қайд карданд, ки ин ҳодиса як озмоиш аз ҷониби Худованд бар сари бандаи мӯъмин аст ва Худованди меҳрубон агар дареро бибандад, ба раҳмати бепоёни худ чанд дари дигаре ба рӯи банда хоҳад кушод. Номбурда таъкид карданд, ки иншоаллоҳ ходимони дин дар оянда низ дасти кӯмак ба мардуми зарардида мерасонанд.
Мардуми деҳаи Файзоба аз иқдоми пешгирифтаи Маркази исломӣ ва ходимони дин изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамзамон қайд карданд, ки роҳбарияти ноҳия ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз рӯзи аввали ҳодиса дар бари мардум қарор доранд ва барои бартараф кардани оқибатҳои сел ҳаматарафа ҷидду ҷаҳд доранд.
Дар рафти дидорбинӣ аз аҳволи мардуми осебдидаи ин маҳаллаҳо мушоҳида гардид, ки ҷавонмардони саховатпешша мардумро бо хуроки гарм таъмин намуда истодаанд. Аз ин хотир Раёсати Маркази исломӣ ба бародарони баору нанги кишвар муроҷиат намуда, даъват менамояд, ки дар ин рӯзи сахт бетараф набошанд ва ба мардуми минтақаҳои аз офати табии зарардидаи кишвар кӯмаки хешро дареғ надоранд.
Шайх Саъдии бузургвор дар ин маврид фармудааст:
Бани Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми донишманди адабу дин устоди гиромӣ Абдушариф Боқизода андўҳгин буда, ба аҳли хонадону пайвандонашон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён медорад.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗЎИ «ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ФАРҲАНГҲО ДАР АСРИ 21 ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» (14-ум август-қазоқистон)
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар