Асосӣ Хабарҳо ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН: МУШКИЛОТ ВА МУЛОҲИЗАҲО»

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН: МУШКИЛОТ ВА МУЛОҲИЗАҲО»

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ  «МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН: МУШКИЛОТ ВА МУЛОҲИЗАҲО»
2023-10-30
1470

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ  «МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН: МУШКИЛОТ ВА МУЛОҲИЗАҲО», КИ 26-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2023 ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН        

Рўзи 26-уми октябри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи  «Муқовимат ба савдои одамон: мушкилот ва мулоҳизаҳо» баргузор гардид. Ташкилкунандагони конференсияи мазкур Комиссияи байниидоравии оид ба муқовимат ба савдои одамон дар назди ВКД ҶТ буд ва мақсади асосии гузаронидани конференсияи мазкур ин баланд бардоштани сатҳи дониш ва огоҳӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон дар Тоҷикистон, муҳокимаи масъалаҳои мубрам ва роҳҳои ҳалли онро дар бар гирифт.

        Дар конференсияи мазкур дар баробари дигар намояндагони идораҳо Саидмукаррам Абдуқодирзода-Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ низ иштирок ва дар мавзўи «Муқовимат ба савдои одамон аз нигоҳи дин» суханронӣ намуданд.

Раиси Маркази исломӣ зимни суханронии худ қайд намуданд, ки «Савдои одамон падидаи иртиҷоии бисёрҷабҳа ва хеле мураккаб буда, ба муносибатҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа иртибот дорад. Дар робита бо хавфи махсусан калони ҷамъиятӣ доштани ин падидаи номатлуб ва оқибатҳои имконпазири манфии иҷтимоӣ ва сиёсии он ҳар фарди ҷомеаро лозим аст, ки дар муқобили ин амали нангин бетараф набошад. Махсусан қайд карданд, ки манзалати инсон дар назди Худованд бисёр воло ва мартабааш дар Ислом баланд аст. Таҳқири инсон ва поймол кардани ҳуқуқи ў сифати бадест, ки сабаби ғазабу иқоби Худо мегардад ва дар охир қайд карданд, ки «Мо бояд дорои ҷамъияте бошем, ки дар он озодӣ, дўстӣ, баробарии умум ва ҳурмату эҳтиром байни одамон пурра тантана дошта бошад. Роҳи ягонаи барпо намудани чунин ҷамъият кўшидан дар илму дониш ва такмили маърифатнокии одамон мебошад. Имрўз бояд тавре амал ва зиндагӣ кунем, ки барои насли оянда намунаи ибрат бошад. Худованд шоҳиди аъмоли бандагон аст ва ҳамаи мо фардо дар пешгоҳи Ў тибқи амалҳоямон подошу мукофот мегирем».

Дар рафти кори конференсия масъалаҳои баҳсноки зерин, аз қабили ҷанбаи баҳсноки танзими ҳуқуқӣ-байналмиллалии муқовимат ба савдои одамон, масоили савдои кудакон, муқовимат ба зархаридӣ ва дигар масоили мубрами ин соҳа мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтаанд. Иштирокчиёни чорабинии мазкур махсусан қайд намудаанд, ки ҷиҳати муқовимат намудан ба ин таҳдид ва хатари муосир фаъолияти муштараки мақомоту ташкилотҳо лозим аст. 

Дигар хабарҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар