Имрӯз 04.04.2024 дар маҷлисгоҳи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Раёсати Шӯрои уламо баргузор гардид.

қарори маҷлиси Шӯрои уламо дар бораи иди шарифи Рамазон
Имрӯз 04.04.2024 дар маҷлисгоҳи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Раёсати Шӯрои уламо баргузор гардид. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳозиринро ба муносибати омад-омади иди мубораки Рамазон табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол иди мубораки Рамазон дар кишвар рўзи чоршанбе 10-уми апрел фаро мерасад.
Баъдан аъзои Шӯрои уламо масъалаҳои рўзномаи маҷлисро муҳокима ва баррасӣ намуда, чунин қарор карданд:
- Мувофиқи ҳисоби илмӣ иди шарифи Рамазон дар соли 2024 ба ҳисоби тақвимӣ рўзи чоршанбе 10-уми апрел муайян карда шавад.
- Вақти баргузории намози иди Рамазон слати 6-30 дақиқа
Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллату мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.
Дигар хабарҳо

РАФТИ ТАМОШОИ ИРОАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ ИСЛОМӢ
Суханронии Президент
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Муфассалтар