Иштирок ва суханронии Саидмукаррам Абдуқодирзода-Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ дар кори Конференсияи илмӣ - амалӣ дар мавзӯи
Иштирок ва суханронии Саидмукаррам Абдуқодирзода-Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ дар кори Конференсияи илмӣ - амалӣ дар мавзӯи " Қонуни танзим - омили рушди мафкураи миллӣ".
Саидмукаррам Абдуқодирзода – рўзи 6-уми июни соли ҷорӣ дар кори Конференсияи илмӣ - амалӣ дар мавзуи " Қонуни танзим - омили рушди мафкураи миллӣ", ки бо ибикори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар Конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломии Тоҷикистон ва олимону муҳаққиқони соҳа иштирок ва дар бораи самаранокии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон " Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" маърӯза намуданд.
Раиси Шўрои уламо зимни баромади худ қайд карданд, ки тавассути ин қонун боз ҳам дар шуури мардум он андеша маҳкам ҷо гирифт, ки хурофоту таассуб, зиёдаравию худнамоишдиҳӣ ҳеҷ робитае бо асли дини мубини Ислом надорад. Дин дар асли хеш фитрати солими инсонӣ ва рушд аст, ҷузъи муҳимтарини фарҳанги миллист. Модом, ки чунин аст, он ҳамеша барои пешрафти ҷомеа хидмат мекунад.
Инчунин таъкид намуданд, ки мазмуну муҳтавои қонуни танзим баёнгари он ҳақиқат аст, ки мо бояд ба қадри неъматҳои илоҳӣ бирасем ва онҳоро ба тақозои ақлу андешаи солим истифода намоем, чунки камхарҷу сарфакорона гузаронидани тӯю маъракаҳо ва азову мотам муассиртарин омили баланд шудани сатҳи зиндагии мардум ба шумор меояд. Калиди сарвату дороии ҳар фарди ҷомеа сарфаву сариштакорӣ аст.
ҳамзамон иштрокчиён қайд намуданд, ки қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Дигар хабарҳо
Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намози Ҷумъа дар Масҷиди Ҷомеи Имом Бухорӣ иштирок намуданд
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии тамаддуни исломӣ Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муфтии кишвар муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода бо имом ва хатиби Масҷидулҳаром, Шайх доктор Солеҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумайд мулоқот намуданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ “СИЁСИСОЗИИ ИСЛОМ ВА ХАТАРИ ОН БА АМНИЯТИ СИЁСӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА”
Суханронии Президент
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Муфассалтар


