Қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар бораи рўзи Иди саиди Қурбон
Қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар бораи рўзи Иди саиди Қурбон
Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ дар бораи муайян кардани рўзи Иди саиди Қурбон қарор қабул кард. Раиси Шӯрои уламои Марказӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода аъзои Шўроро ба муносибати даҳаи Зулҳиҷҷа ва омад-омади Иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфтанд. Раиси Маркази исломӣ қайд карданд, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи Иди саиди Қурбон дар кишвар ба рўзи якшанбе 16-уми июн рост меояд.
Пас аз баррасии масъалаҳо Шӯрои уламо чунин қарор намуд:
- Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Қурбон дар тамоми қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи якшанбе 16-уми июн соли 2024 таҷлил карда шавад.
- Вақти баргузоршавии намози иди саиди қурбон соати 06:00 дақиқа муайян карда шавад.
Дар анҷоми ҷаласа Раиси Шўрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода аз аъзои Шўро ва имомхатибон талаб карданд, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.
Раёсати Шўрои уламо
Дигар хабарҳо
Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намози Ҷумъа дар Масҷиди Ҷомеи Имом Бухорӣ иштирок намуданд
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии тамаддуни исломӣ Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муфтии кишвар муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода бо имом ва хатиби Масҷидулҳаром, Шайх доктор Солеҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумайд мулоқот намуданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ “СИЁСИСОЗИИ ИСЛОМ ВА ХАТАРИ ОН БА АМНИЯТИ СИЁСӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА”
Суханронии Президент
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Муфассалтар


