Асосӣ Хабарҳо МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
2024-06-15
551

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, дуруду салом бар Паёмбари акрам (с) ва ҳамаи хонадону ёронаш бод.

Ассалому алайкум ҳамватанони азиз, бародарони аҳли Ислом! Дар оғоз ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди қурбон самимона табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Худованд бароятон саодату комёбиро орзу дорем.

ҳамватанони гироми! Боиси сарфарози ва хушнудист, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Иди саиди Қурбонро дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату якпорчагӣ ҷашн мегиранд. Агар ба ҳикмат ва маонии тамоми ибодатҳои дини мубини Ислом амиқан назар андозем, дар ниҳоди онҳо маънои ҳамдилӣ, ҳамбастаги, дўстию муҳаббат ва муттаҳидии мусулмононро хоҳем дарёфт.

Яке аз нуктаҳои муҳимми Иди саиди қурбон барои мусулмонон қурбонӣ намудани чорпое дар роҳи ризои Худованди Мутаъол аст. Чунонки замоне Худованд ҳазрати Иброҳим (а)-ро имтиҳон намуд ва он ҳазрат дар ин имтиҳон комёб гардид. Ба ин хотир, ин рўзгори Иброҳим (а) дарси ибрат барои тамоми пайравони дини мубини Ислом мебошад, ки имону ихлос ба Худо, садоқату рости, меҳру муҳаббат ба Ватану мардуми мусулмон дошта бошанд. Иброҳими Халил (а) ҳама фарзандони Одамро новобаста аз он ки аз кадом қавму миллатанд, дарси садоқату амонатдори ва ихлосу фидокори додааст ва ба ин васила худ ба авҷи қабули даргоҳи Илоҳи ноил шудааст.

ҳамватанони гироми! Агар ҳикмати хурсандию шоди дар иди моҳи шарифи Рамазон ба хотири анҷоми тоату ибодат ва ба умеди пок шудан аз гуноҳ бошад, пас ҳикмати хурсандию шоди дар иди қурбон ба хотири комёб шудани Иброҳим (а) аз имтиҳони Худованд ва ба умеду таманнои комёб шудани мо аз имтиҳони Худованд дар тўли ҳаёт аст. Машруъ шудани ин ду Ид аз ҷониби шариати Ислом далел бар он аст, ки фарҳанги дини мубини Ислом тарафдори он аст, ки пайравонаш рўзҳои хурсанди дошта бошанд ва ҳаққи хурсанди шод доранд.

ҳамдиёрони арҷманд! Иди қурбон дорои фазилатҳои зиёдест. Шод кардани дили ятимону мискинон ба воситаи хайру эҳсон, аёдати беморону зиёрати волидон дар рӯзҳои Иди Қурбон аз ҷумлаи ин фазилатҳо ва сабаби ризомандии Худованди меҳрубон аст. Чунонки бузурге аз ниёгони мо мефармояд:

ҳарки хандонад ятими хастаро,

Дар кушояд ҷаннати дарбастаро.

Ҳамватанони азиз! Бори дигар Шуморо ба муносибати фаорасии Иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфта, ба хонадони Шумо хайру баракат ва амну офиятро аз даргоҳи Худои якто орзу дорем. Аз Худованди меҳрубон умеди онро дорем, ки дар кишвари мо сулҳу ороми ва тинҷию амонӣ доимо пойдор бошад, муҳаббату дӯсти ва ухуввату ҳамбастаги байни мардум боз ҳам устувор гардад.

Дар охир бори дигар ҳар як сокини диёри азизамонро ба муносибати Иди саиди қурбон табрику таҳният гуфта, барояшон файзу баракати рўзгор, сиҳатмандиву  сарбаланди, хушиҳои зиндаги ва офияту тандурустиро таманно дорем. Иди саиди қурбон барои ҳамагон муборак бошад!

Шўрои уламои

ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:34
Пешин12:40
Аср17:55
Шом19:55
Хуфтан21:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар