Асосӣ Хабарҳо ВОХУРИИ НАМОЯНДАГОНИ ШЎРОИ УЛАМО БО ХИЗМАТЧИЁН ВА САРБОЗОН

ВОХУРИИ НАМОЯНДАГОНИ ШЎРОИ УЛАМО БО ХИЗМАТЧИЁН ВА САРБОЗОН

ВОХУРИИ НАМОЯНДАГОНИ ШЎРОИ УЛАМО  БО ХИЗМАТЧИЁН ВА САРБОЗОН
2025-02-01
61

         Рўзи 28-уми январи соли 2025 Сангалиев Маҳмудҷон –сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломӣ дар асоси нақша чорабинии муштарак ба қисми ҳарбии 6593 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд ва бо хизматчиён ва сарбозони ин қисми низомӣ мулоқот анҷом доданд.

        Зимни мулоқот дар мавзўи «Худкушӣ аз нигоҳи дини мубини Ислом» сўҳбат оростанд. Мавсуф қайд намуданд, ки худкушӣ зуҳуроти зишту номатлубест, ки он дар ҷомеаи инсонӣ тайи асрҳои тӯлонӣ мавҷуд аст ва инсоният дар ҳамаи давру замонҳо сари бартараф кардани он андеша менамояд. Худованди муттаол инсонро азизу мукаррам халқ карда аст, умр ато фармуда аст, барои у аз ҳама неъмати гаронбаҳо ақл дода аст, ки дар ҷаҳон зиндагӣ кунад ва аз беҳтарин неъмати ҳаёт баҳраманд гардад вале аз сари бехабариву беназарӣ ва бебасарӣ инсон ба худкушӣ роҳ медиҳад.

Боиси таъкид аст, ки ҳамаи динҳо аз ҷумла дини мубини Ислом ба манфиати тамоми мардуми ҷаҳон равона карда шуда чун ҳамаи адёни ҷаҳон худкуширо маҳкум мекунад ва онро ношукри ва гуноҳи азим мешуморад. Дидаву дониста ба ҷони худ қасд кардан ва ё ба худкуши даст задан аз нигоҳи таълимоти дини мубини Ислом, ки асоси он Қуръон ва ҳадис аст гуноҳ ва ҷиноят мебошад. Аллоҳ таъоло дар ояти 195 сураи Бақара мефармояд "… Хештанро бо дастҳои худ ба ҳалокат маяфканед ва накукори кунед, албатта Парвардигор накукоронро дӯст медорад".

Инчунин зимни суханрониашон ба сарбозон ҷиҳати қадру манзалати инсон, эҳтироми якдигар, дўст доштану хизмати шоиста кардан ба Ватану миллат тавсияҳои судманд дода, қайд намуданд, ки неъмати тинҷиву осудагие, ки дорем, бо инояти Парвардигор ва хизматҳои шабонарӯзии шумо барин ҷавонмардони ҷонфидои Ватан -  Сарбозони бонангу номус ҳастанд, ки  барои осудагии мо сина сипар мекунанд. Ба қавли шоир:

То бихобад миллате осуда дар болини ноз,

Аскаре бояд, ки санги хораро бистар кунад.

Дигар хабарҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:54
Пешин12:40
Аср15:56
Шом17:55
Хуфтан19:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар