ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Рўзи 23-юми апрели соли 2025 Саидмукаррам Абдуқодирзода дар кори конфронси ҷумҳуриявӣ, ки аз ҷониби ДИТ зери унвони «Ҷавонон ва ҷаҳони муосир: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардида буд, иштирок ва дар мавзўи «Мушкилоти ҷавонон ва роҳҳои ҳалли он дар ҷомеа» суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониашон мавсуф қайд намуданд, ки ба масъалаи хеле нозук ва пураҳаммияти таълиму тарбияи ҷавонону наврасон, яъне дар ниҳоди ҷавонон парвариш додани ахлоқи ҳамидаи исломию ухувату бародарию инсонӣ ва тафаккури инсондўстонаву ватанхоҳона, муомилаи неку шарафмандона ба арзишҳои динӣ, миллӣ ва фарҳангӣ, хоссатан ба арзишҳое, ки ба ташаккули инсони мутафаккир ва огоҳ аз хубу бади олам мусоидат мекунанд, бо таваҷҷуҳ аз масъулияти дини мубини Ислом дар орому осуда нигаҳ доштани ватан ва ҷамъияти он ходимони дин саҳми арзишманде доранд.
Мо ба ин назарем, ки тамоми тадбирҳои дорои мазмуни иқтисодӣ, ташкилию ҳуқуқӣ агар дар як паллаи тарозу бошад, дар паллаи дигари он агар танҳо ахлоқу одобу ҷаҳонбинӣ гузошта шавад, он гоҳ баробар хоҳад шуд. Яъне бе ахлоқи ҳамида ва рафтори дурусти инсонӣ ҳеҷ гоҳ шахсиятҳои комил тарбия карда намешавад. Агар ахлоқ комил набошад, ҳатто мутахассиси олидараҷа наметавонад барои ватан ва миллаташ манфиате биёрад.
Дар охири суханрониашон Раиси Маркази исломӣ ҷавононро ба доштани ахлоқи нек, эҳтироми волидону калонсолон, илмомўзӣ ва пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ, инчунин худдорӣ намудан аз воридшавӣ ба шабакаҳои ифротӣ таъкид намуданд.

Дигар хабарҳо
МУКОФОТИ ҶАШНӢ - ДАВЛАТӢ БА ИФТИХОРИ 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА
Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШУРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН ДАР МУЛОҚОТ БО СОКИНОН ВА ФАЪОЛОНИ Н. МУЪМИНОБОДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Суханронии Президент
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Муфассалтар


