Асосӣ Хабарҳо Баргузории симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Андешаи миёнаравӣ дар Ислом» - Ҷумҳурии Мардумии Чин

Баргузории симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Андешаи миёнаравӣ дар Ислом» - Ҷумҳурии Мардумии Чин

Баргузории симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Андешаи миёнаравӣ дар Ислом» -  Ҷумҳурии Мардумии Чин
2016-08-01
4877

Рӯзҳои 17-23-уми июли соли 2016 дар ноҳияи Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Андешаи миёнаравӣ дар Ислом» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагон аз Федератсияи Россия ва Осиёи Миёна ширкат доштанд. Дар ин симпозиум як гурӯҳи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат доштанд. Дар ҳайати Тоҷикистон аз Маркази исломӣ сармутахассиси Раёсати фатвои ин марказ Ҷамолиддин Хомӯшов ширкат ва суханронӣ намуд.

 Рӯзи 18-уми июл иштирокчиёни симпозиум бо намояндагони бахши дини Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар ашхоси масъули умури эътиқодии ин кишвар, аз ҷумла Шуҳрат Зокир – раиси ҳокимияти халқии ноҳияи Синтсзян-Урумчӣ, Чэн Гуанюан - раиси Ассотсиатсияи исломии Чин, ҷонишини Раиси Ассотсиатсияи исломии Чин - Ян Чжиобо мулоқот намуданд.

Рӯзи 20-уми июл симпозиум бо тиловати оёте чанд аз Қуръони карим оғоз шуд. Сипас меҳмононро Шуҳрат Зокир хайрамақдам гуфт ва онҳоро бо барномаи симпозиум ошно намуд. Нахуст намояндагони бахши дини кишвари Чин суханронӣ карданд. Сипас намояндагон аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баромад намуда, дар мавзӯи миёнаравӣ дар дини Ислом аз нигоҳи Қуръону суннат ва нақши он дар замони муосир суханронӣ карданд.

Рӯзи 21-уми июл симпозиум ба кори худ идома дод ва намояндагон аз кишварҳои мухталиф дар бораи ақидаи Мотуридӣ ва мазҳаби ҳанафӣ суханронӣ карда, аз таҷрибаи кишварҳои худ оид ба пешгирии терроризм ҳарф заданд ва пешниҳодҳои худро дар бораи сулҳу субот иброз доштанд.

Пеш аз хотимаи симпозиум намояндагони баландрутбаи бахши дини кишвари Чин аз иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуданд. Пас аз анҷоми кори симпозиум меҳмонон аз гӯшаҳои зебоманзари шаҳр ва баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ дидан карданд. Дар маҷмӯъ, пазироӣ ва гусели меҳмонон дар сатҳи баланди меҳмоннавозӣ анҷом гирифт, ки барои ҳамагон хотирмон буд. 

Дигар хабарҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар