Асосӣ Хабарҳо Сафари Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср

Сафари Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср

Сафари Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср
2017-10-24
4528

 

DSC_0046

 

17-19 октябри соли 2017 дар шаҳри Қоҳира зери сарпарастии Раиси Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ Конфронси байналмилалии “Нақши фатво барои дастёбӣ ба субот дар ҷомеа” баргузор гардид. Дар кори Конфронси мазкур бино ба даъвати расмии Муфтии Диёри Миср доктор Шавқӣ Аллом Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин ҳамоиш, ки дар меҳмонхонаи “Алмоса”-и Қоҳира баргузор гардид, муфтиён, вазирони авқоф, роҳбарони созмонҳои байналмилалии исломӣ ва намояндагони динии 63 кишвари арабӣ ва ғайриарабӣ ширкат доштанд.

Дар маросими ифтитоҳ Шайхи Азҳари Шариф доктор Аҳмад Тайиб, Муфтии Диёри Миср доктор Шавқӣ Аллом, Вазири додгустарии Миср доктор Ҳусом Абдураҳим, Муфтии Лубнон  доктор Абдулатиф Дарён, доктор Муҳаммад Матар ал-Каъбӣ - Раиси Шӯрои умури исломӣ ва авқофи Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Араб ва доктор  Муҳаммад Абдулкарим Исо - Дабири кулли робитаҳои ҷаҳонии исломӣ дар Маккаи Мукаррама суханронӣ карданд.

Дар рӯзи аввали Конфронс ширкаткунандагон зимни суханронии худ таъкид карданд, ки ҷаҳони ислом имрӯз ба мушкилоти гуногун, аз ҷумла содир шудани фатво аз ҷониби нафарони муғриз, ки боиси паҳн шудани афкори гумроҳкунанда дар байни ҷавонон мегардад, мувоҷеҳ гардидааст. Дар робита ба ин ва бо дарназардошти афзудани шумораи сомонаҳои паҳнкунандаи афкори тунду ифротӣ Шӯрои муфтиёни исломиро зарур аст, ки барои пешгирии ин падидаи номатлуб муборизаро дар якҷоягӣ тақвият бахшанд.

DSC_0050

Дар рӯзи дувуми Конфронс Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар толори асосӣ, ки дар он теъдоди зиёди меҳмонон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ширкат доштанд, суханронӣ кард. Зимни суханронии худ Раиси Шӯрои уламо таъкид намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза бархе аз ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти ифротидошта мехоҳанд зери пардаи ислом бо роҳи гумроҳ кардани афкори ҷомеа ба ҳадафҳои аслии худ расанд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар соли 2015 яке аз чунин ҳизбҳо, ки аз оғози давраи истиқлолияти Тоҷикистон ҳамчун ҳизби исломӣ фаъолият мекард, ният дошт бо истифода аз фатвоҳои ғалат мардумро гумроҳ намуда, сохти конститутсионии кишварро барҳам занад. Аз тирамоҳи соли 2015 бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳизби террористиву экстремистӣ эълон шуда, фаъолияти он дар Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар мамнӯъ ва роҳбарону аъзоёни он дар пайгарди байналмилалӣ қарор гирифтанд. Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар идомаи суханронии худ изҳори умедворӣ кард, ки бо ҳамтоёни худ дар чаҳорчӯби Конфронси мазкур ва Шӯрои муфтиёни ҷаҳон, барои пешгирии содир шудани фатвоҳои ғалат ҳамкорӣ хоҳанд кард.

DSC_0141   

Пас аз анҷоми ҷаласаи рӯзи дуввум нишасти Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон бо зиёда аз 15 нафар рӯзноманигорони ВАО-и арабӣ баргузор гардид. Дар он нишаст суҳбат атрофи чигунагии содир шудани фатво дар Тоҷикистон, ҳамкории Шӯрои уламои Тоҷикистон бо муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ ва хусусан дар бораи фаъолияти тахрибии Ташкилоти террористию экстремистии ҲНИТ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

DSC_0015

Дар ҳошияи ин Конфронс мулоқотҳои Раиси Шӯрои уламо бо Шайхи Азҳари Шариф доктор Аҳмад Тайиб  ва Муфтии Диёри Миср доктор Шавқӣ Аллом доир гардид. Ҳамзамон, дар ҷараёни ин мулоқотҳо оид ба рушди ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистон ва Миср мубодилаи афкор сурат гирифта, душмани муштараки мардуми Мисру Тоҷикистон будани “Ихвонулмуслимин” ва Ташкилоти террористию экстремистии ҲНИТ таъкид гардид. Ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани муборизаи муштарак бар зидди ҳизбу ҳарактҳои сиёсии диние, ки худро бо либоси ислом ҷилва дода, ба манфиати хеш сӯистифода мекунанд, изҳори омодагӣ намуданд.

Зимни мулоқот Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба Шайхи Азҳари Шариф доктор Аҳмад Тайиб барои ҳусни  истиқбол изҳори миннатдорӣ баён карда таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон ба манҳаҷи таълими исломи муътадили Азҳари Шариф арҷ мегузоранд. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки дар оянда ҳамкориҳо бо Азҳари Шариф барои ислоҳи афкори ғалат густариш хоҳанд ёфт. Инчунин, ҳангоми вохурӣ бо Шайхи Азҳар Аҳмад Тайиб масъалаи танзими таҳсили донишҷӯёни мо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки ҳоло зарурати танзими таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи Азҳар ба миён омадааст. Дар навбати худ Аҳмад Тайиб изҳор дошт, ки минбаъд донишҷӯёни тоҷик дар асоси роҳхати расмии ниҳодҳои масъули Тоҷикистон ба муассисаҳои азҳарӣ қабул карда мешаванд.

 

DSC_0005      

Дар мулоқот бо Муфтии Диёри Миср доктор Шавқӣ Аллом Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон барои даъват ҷиҳати иштирок дар кори Конфронси мазкур изҳори миннатдорӣ баён намуд. Ӯ таъкид кард, ки Миср дар интишори исломи муътадил ва мубориза бо ақидаҳои ифротӣ ҳамеша нақши калидӣ дорад ва ташаббуси ҷониби мисрӣ барои ба ҳам овардани намояндагони соҳаи дини тамоми олами исломӣ ва таъсиси Шӯрои муфтиёни ҷаҳони ислом бозгӯи гуфтаҳои боло мебошанд.

Ҳамзамон дар ҳошияи ин конфронс бо мақсади ҳамоҳанг ва баррасӣ намудани мавзӯъҳои баҳсталаби динӣ, ҳамчунин изҳори мавқеи умумӣ оид ба гурӯҳҳои тундгаро ва ҳизбҳои исломӣ Шӯрои уламои Тоҷикистон ба узвияти «Шӯрои муфтиёни ҷаҳон» қабул гардид. Вазифаи Шӯрои мазкур ба сифати ниҳоди байналмилалии тахассусӣ мубориза бо фатвоҳои тунд ва афкори ифротӣ дар тамоми ҷаҳон мебошад. 

Дигар хабарҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар