АСРОРИ ҲАМКОРИҲОИ ЗЕРИ НИҚОБ
Чанде пеш ба дасти банда ҳамчун ходими дин рӯзноме афтод, ки дар он мақолаи донишманди улулми дин Қамар Нурулҳақов зери унвони “Шиагароӣ: идеология ва амалияи он” мунташир буд. Воқеан муаллифи мақола ҳамаи фикрҳои худро бо далелҳои қатъиву раднопазир мустаҳкам кардааст, ки аслан ҷои баҳсу гуфтугӯи зиёд нест. Дуруст аст, ки ҳар давлат ҳақ дорад, бо дарназардошти ақидаву эътиқоди миллати худ қонуну санадҳои дахлдор қабул намояд ва ин ҷои баҳс ҳам нест. Аммо як нуктае, ки дар ин мақола дарҷ шудааст ва таваҷҷуҳи бандаро бештар ба худ ҷалб намуд, ин аст, ки муаллиф менависад: “Дар Эрон кӯшиши экспорт кардани таҷрибаи инқилоби исломӣ ба кишварҳои дигар ба қисми муҳими идеологияи рӯҳоният ва фаъолияти сиёсӣ-амалии он табдил ёфт. Аз ин рӯ, ҳукумат бо 165 ташкилотҳои динӣ-сиёсии Осиё ва 180 ҳамин гуна ташкилотҳо дар Африқо робита ва ҳамкориро ба роҳ монд. Баъзеи онҳо ҳатто ба абзори таблиғотии сиёсати берунии Эрон табдил ёфта буданд, ки ҲНИТ аз ҷумлаи онҳо буд”.
Бо мутолиаи ин сархат ба зеҳни кас зуд суоле пайдо мегардад, ки агар сиёсати кишвари зикршуда воқеан сиёсати дӯстонаву беғараз бошад, пас чаро ҷумуҳуриҳои алоҳидаро дар шакли расмӣ канор гузошта, бо ташкилотҳои гуногуни самти асосии фаъолияташон барои ҷомеаҳо норушан ҳамкорӣ мекунад?
Ҳоло итминони комил дорам, ки ин суол ба сари ҳар нафаре, ки ин мақоларо хондааст, меояд. Мардуми Тоҷикистон баъди ҳодисаи 4-уми сентябри соли 2015 чунин намунаи ҳамкориро дар мисоли Ташкилоти террористиву экстремистии ҲНИТ бо Эрон шоҳид гардиданд ва посухи зарурӣ ба ин суолро доранд!
Ашурзода Абдуқуддус,
сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ба номи
Ҳазрати Муҳаммади ноҳияи Шамсиддини Шоҳин
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми донишманди адабу дин устоди гиромӣ Абдушариф Боқизода андўҳгин буда, ба аҳли хонадону пайвандонашон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён медорад.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗЎИ «ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ФАРҲАНГҲО ДАР АСРИ 21 ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» (14-ум август-қазоқистон)
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар