ҶОНИБДОРИИ МАҚОЛАИ «АСРОРИ ВАФОДОРИИ ҳНИТ БА ТЕРРОРИЗМ»
ҳангоми мутолиаи мақолаи «Асрори вафодории ҳНИТ ба терроризм», ки дар рӯзномаи «Имрӯз нюс» №177 аз 07.11.2017 нашр гардидааст, маълум гардид, ки рӯзҳои 4-5 октябри соли равон дар шаҳри Краснодари Русия ҷаласаи 16-уми роҳбарони хадамоти махсуси сохторҳои амниятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардидааст, ки дар он атрофи он, ки солҳои охир бо пайдо шудани ташкилоти нави террористӣ – «ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», дар қаламравӣ кишварҳои узви СҳШ хатароти даҳшатафканӣ афзудааст.
ҳама медонад, ки роҳбари ТЭТ «ҳНИТ» Муҳиддин Кабирӣ худ парвардаи хориҷиҳо буда, ҳизби таъсисдодаи ӯ бошад, пас аз бадкориҳои зиёд имрӯз дар қатори дигар ташкилотҳои террористии байналмилалӣ мисли «Давлати исломӣ», «ҷабҳат ун-Нусра», «ҳизбу-т-Таҳрир» ва «ҳаракати исломии Туркманистони шарқӣ» ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ дар олам машҳур гардидааст.
Дар ҳақиқат тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 800 нафар узви ТЭТ «ҳНИТ» барои алоқамандӣ бо ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дастгир гардида, ин ҳизб зиёда аз 1000 нафарро барои гирифтани таълимоти террористӣ-экстремистӣ ба пойгоҳҳои террористиву экстремистии кишварҳои хориҷӣ фиристодааст.
Дар атрофи ҷиноятҳои содирнамудаи роҳбар ва аъзоёни ин ташкилот маълумотҳои зиёде мавҷуд мебошанд, ки яке аз онҳо воқеаи моҳи сентяри соли 2015 ба шумор меравад, ки он замон гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷангиён-ватанфурӯшони ТЭТ «ҳНИТ» ба Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳуҷум намуда, дар шаҳри Душанбе низ ба куштор даст заданд. Онҳо ният доштанд чанд гурӯҳи мусаллаҳи дигарро ба кор баранд. Гумон карданд, ки мардуми шарифи тоҷик ҳамроҳи онҳо қиём намуда, алайҳи ватану миллати худ бармехезад. Роҳбарияти ТЭТ «ҳНИТ» ҳамаро мисли худ пиндоштанд, яъне хоин, ватанфурӯш ва мунофиқ. Хушбахтона Худованд ба мардуми мо ақлу тадбир ато кардааст ва одамон сиёҳро аз сафед, некро аз бад фарқ мекунанд. Баъд аз ҳуҷуми наҳзатиҳо тоҷикон баръакс муттаҳид шуда, тинҷиву оромиро ихтиёр карданд. ҳеҷ кас ниятҳои шуми ТЭТ «ҳНИТ»-ро дастгирӣ накард.
Аз ин рӯ, мо бояд боз ҳам кӯшиш намоем, ки симои аслии ин созмони экстремистиро муаррифӣ намоем, то дигар мардуми ноогоҳ ба доми фиреби хоинони миллат наафтанд.
Раҳматулло Гулов,
имомхатиби масҷиди ҷомеи деҳаи
Баҳористони ҷамоати деҳоти Абдувосиеви ш. Ваҳдат.
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми донишманди адабу дин устоди гиромӣ Абдушариф Боқизода андўҳгин буда, ба аҳли хонадону пайвандонашон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён медорад.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗЎИ «ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ФАРҲАНГҲО ДАР АСРИ 21 ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» (14-ум август-қазоқистон)
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар